Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 190 – 194
-
وَقَاتِلُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ الَّذِينَ يُقَاتِلُونَكُمْ وَلَا تَعْتَدُوا ۚ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ الْمُعْتَدِينَ
Ва дар роҳи Аллоҳ таоло бо касоне, ки бо шумо меҷанганд, биҷангед [вале бо мусла кардан ва куштани кӯдакону занон ва пиронсолон] аз ҳад таҷовуз накунед, [ки] ба ростӣ Аллоҳ таоло таҷовузгаронро дӯст намедорад
2:190 -
وَاقْتُلُوهُمْ حَيْثُ ثَقِفْتُمُوهُمْ وَأَخْرِجُوهُمْ مِنْ حَيْثُ أَخْرَجُوكُمْ ۚ وَالْفِتْنَةُ أَشَدُّ مِنَ الْقَتْلِ ۚ وَلَا تُقَاتِلُوهُمْ عِنْدَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ حَتَّىٰ يُقَاتِلُوكُمْ فِيهِ ۖ فَإِنْ قَاتَلُوكُمْ فَاقْتُلُوهُمْ ۗ كَذَٰلِكَ جَزَاءُ الْكَافِرِينَ
Ва онон [мушрикон]-ро ҳар куҷо ёфтед, бикушед ва аз он ҷо [Макка], ки шуморо берун кардаанд, берун кунед ва фитна [куфру ширк] бадтар аз қатл аст ва бо онҳо дар канори Масҷид-ул-ҳаром пайкор накунед, магар ин ки бо шумо дар он ҷо биҷанганд. Пас, агар [дар он ҷо] бо шумо ҷангиданд, эшонро бикушед, [ки] сазои кофирон чунин аст
2:191 -
فَإِنِ انْتَهَوْا فَإِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ
Пас, агар [аз куфрашон] даст бардоштанд [аз набард даст бикашед, ки] бе гумон Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
2:192 -
وَقَاتِلُوهُمْ حَتَّىٰ لَا تَكُونَ فِتْنَةٌ وَيَكُونَ الدِّينُ لِلَّهِ ۖ فَإِنِ انْتَهَوْا فَلَا عُدْوَانَ إِلَّا عَلَى الظَّالِمِينَ
Ва бо онҳо биҷангед, то фитнаи [ширк] боқӣ намонад ва дин [холисона] аз они Аллоҳ таоло гардад. Пас, агар даст бардоштанд, [ситам накунед, ки] ситам ҷуз бар ситамгорон раво нест
2:193 -
الشَّهْرُ الْحَرَامُ بِالشَّهْرِ الْحَرَامِ وَالْحُرُمَاتُ قِصَاصٌ ۚ فَمَنِ اعْتَدَىٰ عَلَيْكُمْ فَاعْتَدُوا عَلَيْهِ بِمِثْلِ مَا اعْتَدَىٰ عَلَيْكُمْ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ مَعَ الْمُتَّقِينَ
[Ин] Моҳи ҳаром [соли ҳафтуми ҳиҷрӣ, ки имкони умра гузоридан ёфтед] дар баробари моҳи ҳаром [-и соли гузашта] аст [ки мушрикон шуморо аз адои ҳаҷ боздошта буданд] ва [таҷовузи] ҳурматҳо [-и сарзамину моҳи ҳаром] қасос дорад; пас, ҳар ки ситам кард, ба ҳамон гуна ки бар шумо ситам кардааст, бар ӯ ситам раво доред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бидонед, ки Аллоҳ таоло бо парҳезкорон аст
2:194
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»