Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 183 – 187

  1. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ

    [Дар оғози Ислом мусалмонон аз ҳар моҳе се рӯзро рӯза медоштанд, сипас бо рӯза доштани моҳи Рамазон насх гардид, ки соли дуввуми ҳиҷрат бар эшон фарз шуд:] Эй касоне ки имон овардед, бар шумо рӯза доштан[[ Имом Муслим (1079) дар фазли Рамазон ривоят карда аст: إِذَا جَاءَ رَمَضَانُ فُتِّحَتْ أَبْوَابُ الْجَنَّةِ وَغُلِّقَتْ أَبْوَابُ النَّارِ وَصُفِّدَتْ الشَّيَاطِينُ «Чун Рамазон бирасад дарвозаҳои биҳишт кушода гарданд ва дарвозаҳои дӯзах баста гарданд ва шайтонҳо занҷирбанд шаванд». Дар «Саҳиҳ»-и Имом Бухорӣ (38) омада аст: مَنْ صَامَ رَمَضَانَ إِيمَانًا وَاحْتِسَابًا غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ «Ҳар кӣ Рамазонро аз рӯи имон ва бо умеди савоб рӯза дорад, гуноҳони пешинааш омурзида шаванд».]] (-и моҳи Рамазон аз дамидани субҳ то нишастани офтоб) фарз карда шуд, ҳамчуноне ки бар касони пеш аз шумо фарз шуда буд, то бошад, ки (аз муҳаррамоту маъсиятҳо) парҳезгорӣ кунед (, зеро ки рӯза шаҳватро шикаста месозад ва шаҳват ошкоркунандаи гуноҳҳост).

    2:183
  2. أَيَّامًا مَعْدُودَاتٍ ۚ فَمَنْ كَانَ مِنْكُمْ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ ۚ وَعَلَى الَّذِينَ يُطِيقُونَهُ فِدْيَةٌ طَعَامُ مِسْكِينٍ ۖ فَمَنْ تَطَوَّعَ خَيْرًا فَهُوَ خَيْرٌ لَهُ ۚ وَأَنْ تَصُومُوا خَيْرٌ لَكُمْ ۖ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ

    [Дар оғози фарз гаштани рӯзаи моҳи Рамазон касе ки мехост, рӯза медошт ва касе ки намехост, рӯза намедошт ва ба ҷои ҳар рӯз бечораеро сер мекард, вале ояти баъдина ин ҳукмро бекор кард, вале ҳукм барои пирони солхӯрда ва занони обистану ширдеҳ барҷо монд.] (Рӯзадорӣ) чанд рӯзи (андаки) ба шумор аст (, гоҳе бисту нӯҳ ва гоҳе сӣ рӯз дароз мекашад), пас ҳар кӣ аз шумо (ҳангоми даромадани моҳи Рамазон) бемор ва ё дар сафар бошад (, барояш равост, ки рӯза надорад), онгоҳ (баъд аз тандуруст шудан ва аз сафар баргаштан) бар вай (бо андозаи ончӣ рӯза хӯрда аст, рӯза доштани) муддате аз рӯзҳои (моҳҳои) дигар воҷиб аст ва бар касоне ки (, чун бемор ва ё чун пирон ба сабаби солхӯрдагӣ ва ё чун занони обистан ё ширдеҳ бо заҳмату ранҷ) рӯзадорӣ метавонанд (ва ё рӯза намедоранд ба ивази ҳар рӯзе) фидяи хӯронидани бечорае лозим аст. Пас ҳар кӣ некие бияфзояд (ва беш аз як гуруснаро сер кунад), пас он (некӣ) барояш беҳтар бувад. Ва он ки рӯза бидоред барои (дунёву охират ва тандурустии) шумо (аз рӯза хӯрдан ва фидя додан) беҳтар аст, агар (суду музду фазли рӯзадориро) бидонед.

    2:184
  3. شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَىٰ وَالْفُرْقَانِ ۚ فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ ۖ وَمَنْ كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ ۗ يُرِيدُ اللَّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ وَلِتُكْمِلُوا الْعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَىٰ مَا هَدَاكُمْ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

    Моҳи Рамазон[[Моҳи Рамазон моҳи нӯҳуми ҳиҷрист.]] моҳест, ки дар он Қуръон (дар шаби қадр ба якборагӣ аз Лавҳи Маҳфуз ба хонаи иззати осмону замин) фуруд оварда шуд (, сипас тайи бист сол, вобаста ба воқеаҳо ба Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нозил гашт), ки он раҳнамои мардумон, суханони равшан аз раҳнамунӣ ва ҷудокунанда (-и ҳаққу ботил) аст. Пас ҳар кӣ аз шумо (муқим ва тандуруст) он моҳро дарёбад, пас бояд онро рӯза дорад. Ва ҳар кӣ бемор[[Агар дар баданаш беморие бошад, ки рӯзадорӣ барояш душворӣ кунад ё зиёнаш расонад.]] ё дар сафар бошад (рӯза надорад), пас бар вай (ба андозаи ончӣ рӯза хӯрда аст, рӯза доштани) муддате аз рӯзҳои (моҳҳои) дигар воҷиб аст. Аллоҳ барои шумо осониро мехоҳад (, чун шуморо дастур дод, ки ҳангоми сафар ва ё беморӣ рӯза надоред) ва барои шумо душвориро намехоҳад, то шумо муддат(-и рӯзадории моҳи Рамазон)-ро ба анҷом расонед ва то (баъди анҷом додани муддати рӯза) Аллоҳро ба сабаби он ки шуморо (ба сӯи дини ростини Ислом) роҳ намуда аст ба бузурӣ ёд кунед[[Ҳамчунин чун фармудае аз фармудаҳои Аллоҳро ба ҷой овардед ва фаризаеро адо намудед ва ҳаромеро тарк намудед ё ҳудудашро нигаҳ доштед, бояд, ки Аллоҳро сипос ва шукри фаровон гӯед!]] (ва сипос бигӯед) ва то бошад, ки (Аллоҳро ба сабаби ин неъмат ва фазлу иҳсонаш) сипос бигузоред.

    2:185
  4. وَإِذَا سَأَلَكَ عِبَادِي عَنِّي فَإِنِّي قَرِيبٌ ۖ أُجِيبُ دَعْوَةَ الدَّاعِ إِذَا دَعَانِ ۖ فَلْيَسْتَجِيبُوا لِي وَلْيُؤْمِنُوا بِي لَعَلَّهُمْ يَرْشُدُونَ

    Чун бандагонам туро аз (дурӣ ва наздикии) ман бипурсанд, пас (бидонанд, ки) ҳароина, ман (бо донишу тавоноии худ ба эшон) наздикам, ниёиши дуокунандаро (мешунавам ва) мепазирам (ва ниёзашро мебарорам), чун маро (бо зорӣ ва хушӯъву имон) дуо кунад! Пас (дар ҳоле ки ман парвардигори бандагонам ва дуоҳои эшонро мепазирам, пас эшон низ) бояд, ки маро фармонбардорӣ кунанд (ва даъвати маро ба сӯи имон ва тоат бипазиранд) ва ба ман бигараванд, то бошад, ки роҳи рост (-и имон ва кирдори шоистаро) биёбанд.

    2:186
  5. أُحِلَّ لَكُمْ لَيْلَةَ الصِّيَامِ الرَّفَثُ إِلَىٰ نِسَائِكُمْ ۚ هُنَّ لِبَاسٌ لَكُمْ وَأَنْتُمْ لِبَاسٌ لَهُنَّ ۗ عَلِمَ اللَّهُ أَنَّكُمْ كُنْتُمْ تَخْتَانُونَ أَنْفُسَكُمْ فَتَابَ عَلَيْكُمْ وَعَفَا عَنْكُمْ ۖ فَالْآنَ بَاشِرُوهُنَّ وَابْتَغُوا مَا كَتَبَ اللَّهُ لَكُمْ ۚ وَكُلُوا وَاشْرَبُوا حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَكُمُ الْخَيْطُ الْأَبْيَضُ مِنَ الْخَيْطِ الْأَسْوَدِ مِنَ الْفَجْرِ ۖ ثُمَّ أَتِمُّوا الصِّيَامَ إِلَى اللَّيْلِ ۚ وَلَا تُبَاشِرُوهُنَّ وَأَنْتُمْ عَاكِفُونَ فِي الْمَسَاجِدِ ۗ تِلْكَ حُدُودُ اللَّهِ فَلَا تَقْرَبُوهَا ۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ آيَاتِهِ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَّقُونَ

    [Дар оғози фарзшавии рӯза шабонгаҳ баъд аз хоб хӯрдану нӯшидан ва ҷимоъ барои мусалмонон ҳаром буд. Чун ин кор бар эшон гаронӣ кард, Аллоҳи меҳрубон осонӣ фуруд овард ва бар эшон раво дошт, ки дар тамоми шабҳои рӯза бинӯшанд ва бихӯранд ва бо занони худ бихуспанд ва ин бад-он сабаб буд, ки бархе аз эшон хештанро хиёнат менамуданд ва бо занони худ ҳамхобагӣ мекарданд, монанди ин ки марде рӯзадор буд ва дар замини кишти худ кор мекард, чун вақти кушодани рӯза фаро расид бо занаш ҳамхобагӣ намуд ва чун хӯрише барои рӯзакушоӣ надошт занаш аз пайи ҷӯстани хӯриш берун рафт ва аз хастагӣ хоб бар ӯ чира гашту бихобид ва ҳеҷ нахӯрд, чун рӯзи дигар расид, аз гуруснагӣ беҳуш гашт ва ин оят фуруд омад[[Нигаред, «Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 4508 ва «Саҳиҳу ва заъифу сунани Абедовуд»; 5/313 зери рақвми 2313 ҳадиси саҳеҳ .]].] (Эй рӯзадорон!) Дар шаби рӯза (-и моҳи Рамазон) барои шумо омезиш (, яъне ҷимоъ) кардан бо занонатон ҳалол (ва раво) карда шуд, он занон (, яъне занонатон) барои шумо (осоиш ва аз ҳарому зино) пӯшишанд ва шумо барои он занон (- барои занонатон осоиш ва аз ҳаром) пӯшишед. Аллоҳ донист, ки шумо хештанро хиёнат мекардед (ва дар шаби моҳи Рамазон пас аз намози хоб бо занони худ наздикӣ менамудед ва мехӯрдед ва менӯшидед,) онгоҳ (пеш аз тавба кардан) бар шумо пӯзиш кард ва аз шумо даргузашт (ва ҳурмати омезиши занонро дар шабҳои Рамазон бардошт). Пас акнун бо он занон (, яъне бо занонатон) фароз оед (ва бо эшон омезишу бӯсу канор кунед) ва ончиро биҷӯед, ки Аллоҳ (аз фарзандони шоиста дар шаби қадр) баҳри шумо (дар Лавҳи Маҳфуз ва дар сарнавишти шумо) андоза карда аст (ва дар омезиши занони худ бо талаби фарзанди накӯ наздикии ба сӯи Аллоҳро нийят кунед)! Ва (дар шабҳои рӯзадорӣ) бихӯред ва бинӯшед то ин ки бароятон (равшании) риштаи сафед (-и рӯз) аз (торикии) риштаи сиёҳ (-и шаб) дар (сапедадами) бомдод падидор гардад! Сипас, (чун бомдод шуд,) рӯзаро (аз дамидани бомдод) то (даромадани) шаб (то нишастани офтоб) ба поён расонед (ва аз хӯрдану нӯшидан ва ҷимои занон даст нигоҳ доред)! Ва бо занонатон нарасед, дар ҳоле ки шумо (дар даҳ рӯзи ахири Рамазон) дар масҷидҳо (баҳри парастиши Аллоҳ) муътакиф[[Эътикоф дар он масҷидҳое мекунанд, ки панҷ намоз дар он барпо карда шавад.]] бошед (ва аз масҷидҳо берун наравед, то бо занонатон наздикӣ намуда боз ба эътикофи масҷид баргардед). Ин(ҳукм)-ҳо[[Ин ҳукмҳо: Омезиш бо занон ва дастури хӯрдану нӯшидан ва ҳамхобагӣ накардан бо занон дар эътикоф.]] марзҳои (наҳйкардаи) Аллоҳанд (, то ки инсон назди он марзҳо биистад), пас, зинҳор ба онҳо наздик машавед! Ҳамчунин Аллоҳ оятҳои худро барои мардумон равшан месозад, то бошад, ки парҳезгорӣ кунед!

    2:187

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)