Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 153 – 163
-
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَعِينُوا بِالصَّبْرِ وَالصَّلَاةِ ۚ إِنَّ اللَّهَ مَعَ الصَّابِرِينَ
Эй касоне, ки имон овардаед, аз шикебоиву намоз ёрӣ биҷӯед [ки] бе тардид Аллоҳ таоло бо сабркунандагон аст
2:153 -
وَلَا تَقُولُوا لِمَنْ يُقْتَلُ فِي سَبِيلِ اللَّهِ أَمْوَاتٌ ۚ بَلْ أَحْيَاءٌ وَلَٰكِنْ لَا تَشْعُرُونَ
Ва ба онҳо, ки дар роҳи Аллоҳ таоло кушта мешаванд, мурда нагӯед, балки онон [назди Парвардигорашон] зиндаанд, вале шумо намефаҳмед
2:154 -
وَلَنَبْلُوَنَّكُمْ بِشَيْءٍ مِنَ الْخَوْفِ وَالْجُوعِ وَنَقْصٍ مِنَ الْأَمْوَالِ وَالْأَنْفُسِ وَالثَّمَرَاتِ ۗ وَبَشِّرِ الصَّابِرِينَ
Ва ҳатман шуморо бо чизе аз [қабили] тарсу гуруснагӣ [қаҳтӣ] ва зиёни молӣ [нобудӣ ё душвории касби он] ва ҷонӣ [маргу мир ё шаҳодат] ва зиёни маҳсулот [-и кишоварзӣ] меозмоем ва [эй паёмбар] сабркунандагонро [ба он чи дар дунё ва охират барояшон фароҳам меояд] башорат бидеҳ
2:155 -
الَّذِينَ إِذَا أَصَابَتْهُمْ مُصِيبَةٌ قَالُوا إِنَّا لِلَّهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعُونَ
Онон, ки ҳар гоҳ мусибате ба эшон мерасад, [аз рӯйи ризоият ва таслим] мегӯянд: "Ба ростӣ, ки мо аз они Аллоҳ таоло ҳастем ва ба сӯйи Ӯ бозмегардем"
2:156 -
أُولَٰئِكَ عَلَيْهِمْ صَلَوَاتٌ مِنْ رَبِّهِمْ وَرَحْمَةٌ ۖ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُهْتَدُونَ
Инҳо ҳастанд, ки дурудҳо ва раҳмате аз Парвардигорашон бар эшон аст ва маҳз инҳо ҳидоятёфтагонанд
2:157 -
إِنَّ الصَّفَا وَالْمَرْوَةَ مِنْ شَعَائِرِ اللَّهِ ۖ فَمَنْ حَجَّ الْبَيْتَ أَوِ اعْتَمَرَ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْهِ أَنْ يَطَّوَّفَ بِهِمَا ۚ وَمَنْ تَطَوَّعَ خَيْرًا فَإِنَّ اللَّهَ شَاكِرٌ عَلِيمٌ
"Сафо" ва "Марва" аз нишонаҳои [зоҳири шариати] Аллоҳ таоло аст. Пас, ҳар ки ҳаҷҷи хона [-и Каъба] ё умра ба ҷой меоварад, бар ӯ гуноҳе нест, ки тавофи [саъй] байни он дуро [низ] анҷом диҳад [ва ин кор аз рафторҳои ҷоҳилият шуморида намешавад] ва касе, ки ба майли худ кори неке анҷом диҳад, пас, [бидонад, ки] бе тардид Аллоҳ таоло сипосгузори доност
2:158 -
إِنَّ الَّذِينَ يَكْتُمُونَ مَا أَنْزَلْنَا مِنَ الْبَيِّنَاتِ وَالْهُدَىٰ مِنْ بَعْدِ مَا بَيَّنَّاهُ لِلنَّاسِ فِي الْكِتَابِ ۙ أُولَٰئِكَ يَلْعَنُهُمُ اللَّهُ وَيَلْعَنُهُمُ اللَّاعِنُونَ
Касоне, ки он чиро аз далоили равшан ва ҳидоят нозил кардаем – пас аз он, ки дар китоби [Таврот ва Инҷил] барои мардум баёнаш намудем – пинҳон медоранд, Аллоҳ таоло ононро лаънат мекунад ва лаънаткунандагон [аз фариштагону муъминон] лаънаташон мекунанд
2:159 -
إِلَّا الَّذِينَ تَابُوا وَأَصْلَحُوا وَبَيَّنُوا فَأُولَٰئِكَ أَتُوبُ عَلَيْهِمْ ۚ وَأَنَا التَّوَّابُ الرَّحِيمُ
Магар касоне, ки тавба кунанд ва [корҳои ношоистаи худро] ислоҳ намоянд ва [ҳақиқатро] ошкор созанд. Инон ҳастанд, ки тавбаашонро мепазирам ва Ман тавбапазиру меҳрубонам
2:160 -
إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا وَمَاتُوا وَهُمْ كُفَّارٌ أُولَٰئِكَ عَلَيْهِمْ لَعْنَةُ اللَّهِ وَالْمَلَائِكَةِ وَالنَّاسِ أَجْمَعِينَ
Касоне, ки куфр варзиданд [ва ба инкори ҳақ кӯшиданд] ва дар ҳоли куфр мурданд, лаънати Аллоҳ таоло ва фариштагон ва ҳамаи мардум бар онҳо хоҳад буд
2:161 -
خَالِدِينَ فِيهَا ۖ لَا يُخَفَّفُ عَنْهُمُ الْعَذَابُ وَلَا هُمْ يُنْظَرُونَ
Дар он [лаънат ва азоби онон] ҷовидона боқӣ мемонанд ва на аз азобашон коста мешавад ва на муҳлат [-и узрхоҳӣ] меёбанд
2:162 -
وَإِلَٰهُكُمْ إِلَٰهٌ وَاحِدٌ ۖ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ الرَّحْمَٰنُ الرَّحِيمُ
[Эй мардум] маъбуди шумо маъбуди ягона аст [ки] ба ҷуз Ӯ [ҳеҷ] маъбуде [ба ҳақ] нест; бахшандаву меҳрубон аст
2:163
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»