Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 88 – 91

  1. وَقَالُوا قُلُوبُنَا غُلْفٌ ۚ بَلْ لَعَنَهُمُ اللَّهُ بِكُفْرِهِمْ فَقَلِيلًا مَا يُؤْمِنُونَ

    Ва [яҳудиён барои пайравӣ накардан аз Муҳаммад <inline-comment brackets="round">с</inline-comment> аз рӯйи тамасхур] гуфтанд: "Дилҳои мо пӯшида ва дар ғилоф аст", [чунин нест] балки Аллоҳ таоло онро ба сазои куфрашон лаънат кардааст, пас, [ба ҳамин далел аст, ки] бисёр кам имон меоваранд

    2:88
  2. وَلَمَّا جَاءَهُمْ كِتَابٌ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ مُصَدِّقٌ لِمَا مَعَهُمْ وَكَانُوا مِنْ قَبْلُ يَسْتَفْتِحُونَ عَلَى الَّذِينَ كَفَرُوا فَلَمَّا جَاءَهُمْ مَا عَرَفُوا كَفَرُوا بِهِ ۚ فَلَعْنَةُ اللَّهِ عَلَى الْكَافِرِينَ

    Ва ҳангоме ки аз тарафи Аллоҳ таоло китобе [Қуръон] барои онон омад, ки тасдиқкунандаи матолибе буд, ки бо худ доштанд [Таврот] ва [ба интизор расидани ин китоб] аз қабл ба худ навиди пирӯзӣ бар кофиронро медоданд, бо ин ҳама вақте он касеро, ки аз пеш шинохта буданд [Муҳаммад], наздашон омад, инкораш карданд. Лаънати Аллоҳ таоло бар кофирон бод!

    2:89
  3. بِئْسَمَا اشْتَرَوْا بِهِ أَنْفُسَهُمْ أَنْ يَكْفُرُوا بِمَا أَنْزَلَ اللَّهُ بَغْيًا أَنْ يُنَزِّلَ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ عَلَىٰ مَنْ يَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ ۖ فَبَاءُوا بِغَضَبٍ عَلَىٰ غَضَبٍ ۚ وَلِلْكَافِرِينَ عَذَابٌ مُهِينٌ

    Ба чи баҳои баде худро фурӯхтанд, ки аз рӯйи ҳасад [ва бартарихоҳӣ] ба он чи Аллоҳ таоло фиристода буд, кофир шуданд, ки чаро Аллоҳ таоло аз фазли хеш бар ҳар кас аз бандагонаш, ки мехоҳад [ваҳй] нозил мекунад. Пас, [ба хотири ин ҳасодат] беш аз пеш ба хашми [илоҳӣ] гирифтор шуданд ва барои кофирон азоби хоркунандае [дар пеш] аст

    2:90
  4. وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ آمِنُوا بِمَا أَنْزَلَ اللَّهُ قَالُوا نُؤْمِنُ بِمَا أُنْزِلَ عَلَيْنَا وَيَكْفُرُونَ بِمَا وَرَاءَهُ وَهُوَ الْحَقُّ مُصَدِّقًا لِمَا مَعَهُمْ ۗ قُلْ فَلِمَ تَقْتُلُونَ أَنْبِيَاءَ اللَّهِ مِنْ قَبْلُ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ

    Ва чун ба онон гуфта шавад: "Ба он чи Аллоҳ таоло нозил кардааст, имон биёваред", мегӯянд: "Мо ба чизе имон меоварем, ки бар худи мо нозил шудааст" ва ба ғайри он кофир мешаванд, дар ҳоле ки он [Қуръон сухани] ҳақ ва тасдиқкунандаи матолибе аст, ки бо худ доранд. [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Агар [рост мегӯед ва] муъминед, пас, чаро паёмбарони Аллоҳро пеш аз ин мекуштед"?!

    2:91

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»