Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 284 – 286
-
لِلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۗ وَإِنْ تُبْدُوا مَا فِي أَنْفُسِكُمْ أَوْ تُخْفُوهُ يُحَاسِبْكُمْ بِهِ اللَّهُ ۖ فَيَغْفِرُ لِمَنْ يَشَاءُ وَيُعَذِّبُ مَنْ يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст. Агар он чиро дар дили худ доред, ошкор кунед ё пинҳонаш намоед, Аллоҳ таоло шуморо бар [асоси] он муҳосиба [бозпурсӣ] мекунад; пас, [бар асоси бахшиш ва раҳмати хеш] ҳар киро бихоҳад, мебахшад ва [аз рӯйи адолат ва ҳикматаш низ] ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад; ва Аллоҳ таоло бар [анҷоми] ҳар коре тавоност
2:284 -
آمَنَ الرَّسُولُ بِمَا أُنْزِلَ إِلَيْهِ مِنْ رَبِّهِ وَالْمُؤْمِنُونَ ۚ كُلٌّ آمَنَ بِاللَّهِ وَمَلَائِكَتِهِ وَكُتُبِهِ وَرُسُلِهِ لَا نُفَرِّقُ بَيْنَ أَحَدٍ مِنْ رُسُلِهِ ۚ وَقَالُوا سَمِعْنَا وَأَطَعْنَا ۖ غُفْرَانَكَ رَبَّنَا وَإِلَيْكَ الْمَصِيرُ
Расул [-и Аллоҳ таоло] ба он чи аз [сӯйи] Парвардигораш бар ӯ нозил шуда, имон овардааст ва муъминон [низ] ҳамагӣ ба Аллоҳ таоло ва фариштагону китобҳо ва паёмбаронаш имон овардаанд; [ва суханашон ин аст, ки]: "Миёни ҳеҷ як аз паёмбаронаш [дар имон ба эшон] тафовуте намегузорем" ва гуфтанд: "Шунидем ва итоат кардем. Парвардигоро, омурзиши Туро [хоҳонем] ва бозгашти [тамоми умур] ба сӯйи Туст"
2:285 -
لَا يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا ۚ لَهَا مَا كَسَبَتْ وَعَلَيْهَا مَا اكْتَسَبَتْ ۗ رَبَّنَا لَا تُؤَاخِذْنَا إِنْ نَسِينَا أَوْ أَخْطَأْنَا ۚ رَبَّنَا وَلَا تَحْمِلْ عَلَيْنَا إِصْرًا كَمَا حَمَلْتَهُ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِنَا ۚ رَبَّنَا وَلَا تُحَمِّلْنَا مَا لَا طَاقَةَ لَنَا بِهِ ۖ وَاعْفُ عَنَّا وَاغْفِرْ لَنَا وَارْحَمْنَا ۚ أَنْتَ مَوْلَانَا فَانْصُرْنَا عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ
Аллоҳ таоло ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тавонаш таклиф [уҳдадор] намекунад. Он чи [аз хубӣ] ба даст овардааст ба суди ӯст ва он чи [аз бадӣ] касб кардааст, ба зиёни ӯст. [Паёмбарон ва муъминон гуфтанд:] "Парвардигоро, агар фаромӯш ё хато кардем, моро бозхост макун. Парвардигоро, бори гарон [ва таклифи сангин] бар [дӯши] мо магзор; чунон ки онро [ба муҷозоти гуноҳ ва саркашӣ] бар [дӯши] касоне, ки пеш аз мо буданд [яҳудиён] ниҳодӣ. Парвардигоро, он чи, ки тоби таҳаммулашро надорем, бар [дӯши] мо магзор ва моро биёмурз ва ба мо раҳм кун. Ту ёр [-у корсози] моӣ; пас, моро бар гурӯҳи кофирон пирӯз гардон"
2:286
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»