Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 21 – 29

  1. يَا أَيُّهَا النَّاسُ اعْبُدُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ وَالَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ

    Эй мардум, Парвардигори худро парастиш кунед; он касе, ки шумо ва пешиниёни шуморо офарид. Бошад, ки парҳезгор шавед.

    2:21
  2. الَّذِي جَعَلَ لَكُمُ الْأَرْضَ فِرَاشًا وَالسَّمَاءَ بِنَاءً وَأَنْزَلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَأَخْرَجَ بِهِ مِنَ الثَّمَرَاتِ رِزْقًا لَكُمْ ۖ فَلَا تَجْعَلُوا لِلَّهِ أَنْدَادًا وَأَنْتُمْ تَعْلَمُونَ

    Он, ки заминро барои шумо бигустурд ва осмонро [ҳамчун сақфе] болои саратон қарор дод ва аз осмон обе фурӯ фиристод ва ба василаи он анвои меваҳоро ба вуҷуд овард, то рӯзии шумо бошад. Бинобар ин барои Аллоҳ таоло ҳамтоёне қарор надиҳед, дар ҳоле ки [ҳақиқатро] медонед.

    2:22
  3. وَإِنْ كُنْتُمْ فِي رَيْبٍ مِمَّا نَزَّلْنَا عَلَىٰ عَبْدِنَا فَأْتُوا بِسُورَةٍ مِنْ مِثْلِهِ وَادْعُوا شُهَدَاءَكُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ

    Ва агар дар бораи он чи бар бандаи худ [Муҳаммад] нозил кардаем, дар шакку тардид ҳастед, агар рост мегӯед, сурае ҳаммонанди он биёваред ва гувоҳони худро – ғайр аз Аллоҳ таоло – фаро хонед.

    2:23
  4. فَإِنْ لَمْ تَفْعَلُوا وَلَنْ تَفْعَلُوا فَاتَّقُوا النَّارَ الَّتِي وَقُودُهَا النَّاسُ وَالْحِجَارَةُ ۖ أُعِدَّتْ لِلْكَافِرِينَ

    Пас, агар чунин накардед – ва ҳаргиз натавонед кард – аз оташе битарсед, ки ҳезуми он мардуму сангҳо ҳастанд ва барои кофирон омода шудааст.

    2:24
  5. وَبَشِّرِ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ أَنَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ ۖ كُلَّمَا رُزِقُوا مِنْهَا مِنْ ثَمَرَةٍ رِزْقًا ۙ قَالُوا هَٰذَا الَّذِي رُزِقْنَا مِنْ قَبْلُ ۖ وَأُتُوا بِهِ مُتَشَابِهًا ۖ وَلَهُمْ فِيهَا أَزْوَاجٌ مُطَهَّرَةٌ ۖ وَهُمْ فِيهَا خَالِدُونَ

    [Эй Паёмбар] Ба касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, мужда бидеҳ, ки боғҳое [аз биҳишт] барояшон [дар пеш] аст, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст. Ҳар замон, ки мевае аз он ба эшон дода шавад, мегӯянд: "Ин ҳамон аст, ки пеш аз ин [дар дунё] рӯзии мо шуда буд; дар ҳоле ки шабеҳи он ба эшон дода шуда буд [на худи он] ва [дар он ҷо] ҳамсарони поке доранд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд"

    2:25
  6. إِنَّ اللَّهَ لَا يَسْتَحْيِي أَنْ يَضْرِبَ مَثَلًا مَا بَعُوضَةً فَمَا فَوْقَهَا ۚ فَأَمَّا الَّذِينَ آمَنُوا فَيَعْلَمُونَ أَنَّهُ الْحَقُّ مِنْ رَبِّهِمْ ۖ وَأَمَّا الَّذِينَ كَفَرُوا فَيَقُولُونَ مَاذَا أَرَادَ اللَّهُ بِهَٰذَا مَثَلًا ۘ يُضِلُّ بِهِ كَثِيرًا وَيَهْدِي بِهِ كَثِيرًا ۚ وَمَا يُضِلُّ بِهِ إِلَّا الْفَاسِقِينَ

    Аллоҳ таоло аз ин, ки ба пашшае–ё болотар аз он–масал бизанад, шарм намекунад. Онон, ки имон овардаанд, медонанд, ки он [масал] ҳақ аст аз тарафи Парвардигорашон [ва аз он панд мегиранд] ва аммо онҳое, ки кофиранд, мегӯянд: "Аллоҳ таоло аз ин масал чӣ хостааст?" Аллоҳ таоло [бо баёни ин амсол] гурӯҳи бисёреро [ки муставҷиби онанд ҳайрон ва] гумроҳ ва гурӯҳи бисёреро ҳидоят мекунад; ва танҳо [мунофиқон ва] фосиқонро бо он гумроҳ месозад

    2:26
  7. الَّذِينَ يَنْقُضُونَ عَهْدَ اللَّهِ مِنْ بَعْدِ مِيثَاقِهِ وَيَقْطَعُونَ مَا أَمَرَ اللَّهُ بِهِ أَنْ يُوصَلَ وَيُفْسِدُونَ فِي الْأَرْضِ ۚ أُولَٰئِكَ هُمُ الْخَاسِرُونَ

    [Ҳамон] касоне, ки паймони Аллоҳро – пас аз маҳкам сохтанаш – мешикананд ва равобити [накуи хешовандӣ]-ро, ки Аллоҳ таоло ба барқарории он фармон додааст, қатъ ва дар замин фасод мекунанд. Инон [дар дунё ва охират] зиёндидагонанд.

    2:27
  8. كَيْفَ تَكْفُرُونَ بِاللَّهِ وَكُنْتُمْ أَمْوَاتًا فَأَحْيَاكُمْ ۖ ثُمَّ يُمِيتُكُمْ ثُمَّ يُحْيِيكُمْ ثُمَّ إِلَيْهِ تُرْجَعُونَ

    Чи гуна [яктоии] Аллоҳро инкор мекунед, дар ҳоле ки (моддаи) беҷон будед ва Ӯ шуморо ҳаёт бахшид. Боз шуморо мемиронад ва баъд аз он зинда хоҳад кард, баъд аз он [барои бозпурсӣ] ба пешгоҳаш боз гардонда мешавед.

    2:28
  9. هُوَ الَّذِي خَلَقَ لَكُمْ مَا فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا ثُمَّ اسْتَوَىٰ إِلَى السَّمَاءِ فَسَوَّاهُنَّ سَبْعَ سَمَاوَاتٍ ۚ وَهُوَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ

    Ӯст, ки ҳамаи он чиро, ки дар замин аст, бароятон офарид, Пас аз он ба сӯи осмон рӯй овард ва онҳоро ба сурати ҳафт осмон сомон дод ва Ӯ ба ҳар чиз доност.

    2:29

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»