Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 200 – 203

  1. فَإِذَا قَضَيْتُمْ مَنَاسِكَكُمْ فَاذْكُرُوا اللَّهَ كَذِكْرِكُمْ آبَاءَكُمْ أَوْ أَشَدَّ ذِكْرًا ۗ فَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَقُولُ رَبَّنَا آتِنَا فِي الدُّنْيَا وَمَا لَهُ فِي الْآخِرَةِ مِنْ خَلَاقٍ

    Пас, чун маносики [ҳаҷҷи] худро ба ҷой овардед, ҳамон гуна, ки падаронатонро [бо фахру ғурур] ёд мекардед, балки [беҳтар ва] бештар аз он Аллоҳро ёд кунед; ва бархе аз мардум [кофироне] ҳастанд, ки мегӯянд: "Парвардигоро, ба мо дар дунё [молу фарзанд] ато кун". Ин шахс дар охират баҳрае [аз неъматҳои илоҳӣ] надорад

    2:200
  2. وَمِنْهُمْ مَنْ يَقُولُ رَبَّنَا آتِنَا فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً وَفِي الْآخِرَةِ حَسَنَةً وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ

    Ва бархе [дигар] аз эшон [муъминоне] ҳастанд, ки мегӯянд: "Парвардигоро, ба мо дар дунё некӣ [рӯзӣ, саломатӣ, дониш ва имон] ато кун ва дар охират [низ] некӣ [ато фармо] ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор"

    2:201
  3. أُولَٰئِكَ لَهُمْ نَصِيبٌ مِمَّا كَسَبُوا ۚ وَاللَّهُ سَرِيعُ الْحِسَابِ

    Инҳоанд, ки аз дастовардашон баҳрае доранд ва Аллоҳ таоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст

    2:202
  4. وَاذْكُرُوا اللَّهَ فِي أَيَّامٍ مَعْدُودَاتٍ ۚ فَمَنْ تَعَجَّلَ فِي يَوْمَيْنِ فَلَا إِثْمَ عَلَيْهِ وَمَنْ تَأَخَّرَ فَلَا إِثْمَ عَلَيْهِ ۚ لِمَنِ اتَّقَىٰ ۗ وَاتَّقُوا اللَّهَ وَاعْلَمُوا أَنَّكُمْ إِلَيْهِ تُحْشَرُونَ

    Аллоҳро дар рӯзҳои муайян [се рӯзи айёми ташриқ ёздаҳум то сенздаҳуми Зулҳиҷҷа] ёд кунед; пас, касе, ки шитоб кунад ва тайи ду рӯз [аъмолро анҷом диҳад], гуноҳе бар ӯ нест; ва касе, ки таъхир кунад [ва аъмолро дар се рӯз анҷом диҳад], гуноҳе бар ӯ нест. [Ин фурсат] Барои касе аст, ки тақво пеша кунад; ва [эй муъминон] аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бидонед, ки ба сӯйи Ӯ ҳашр хоҳед шуд

    2:203

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»