Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 131 – 135

  1. إِذْ قَالَ لَهُ رَبُّهُ أَسْلِمْ ۖ قَالَ أَسْلَمْتُ لِرَبِّ الْعَالَمِينَ

    Он гоҳ, ки Парвардигораш ба ӯ фармуд: "[Холисона] Таслим шав" [ва ӯ дар посух] гуфт: "Таслими Парвардигори ҷаҳониён шудам"

    2:131
  2. وَوَصَّىٰ بِهَا إِبْرَاهِيمُ بَنِيهِ وَيَعْقُوبُ يَا بَنِيَّ إِنَّ اللَّهَ اصْطَفَىٰ لَكُمُ الدِّينَ فَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ

    Ва Иброҳиму Яқуб фарзандони худро ба ин оин супориш карданд [ва ҳар як ба онон мегуфтанд]: "Эй фарзандони ман, Аллоҳ таоло ин оинро барои шумо баргузида аст [пас, ба он бигаравед] ва аз дунё наравед, магар ин ки таслими [фармони Ҳақ] бошед"

    2:132
  3. أَمْ كُنْتُمْ شُهَدَاءَ إِذْ حَضَرَ يَعْقُوبَ الْمَوْتُ إِذْ قَالَ لِبَنِيهِ مَا تَعْبُدُونَ مِنْ بَعْدِي قَالُوا نَعْبُدُ إِلَٰهَكَ وَإِلَٰهَ آبَائِكَ إِبْرَاهِيمَ وَإِسْمَاعِيلَ وَإِسْحَاقَ إِلَٰهًا وَاحِدًا وَنَحْنُ لَهُ مُسْلِمُونَ

    Оё ҳангоме ки марги Яқуб фаро расид, шумо ҳозир будед? Он гоҳ, ки ба фарзандони худ гуфт: "Баъд аз ман чи чизро мепарастед"? Гуфтанд: "Маъбуди ту ва маъбуди падаронат – Иброҳим ва Исмоилу Исҳоқ – Аллоҳи якторо мепарастем ва мо таслими Ӯ ҳастем"

    2:133
  4. تِلْكَ أُمَّةٌ قَدْ خَلَتْ ۖ لَهَا مَا كَسَبَتْ وَلَكُمْ مَا كَسَبْتُمْ ۖ وَلَا تُسْأَلُونَ عَمَّا كَانُوا يَعْمَلُونَ

    Онон уммате буданд, ки даргузаштанд, он чи ки [аз натиҷаи аъмолашон] касб кардаанд, барои онҳост ва он чи шумо касб кардаед, барои шумост ва шумо дар бораи он чи [онон] мекарданд, бозхост нахоҳед шуд

    2:134
  5. وَقَالُوا كُونُوا هُودًا أَوْ نَصَارَىٰ تَهْتَدُوا ۗ قُلْ بَلْ مِلَّةَ إِبْرَاهِيمَ حَنِيفًا ۖ وَمَا كَانَ مِنَ الْمُشْرِكِينَ

    Ва [аҳли китоб] гуфтанд: "Яҳудӣ ё масеҳӣ шавед, то ҳидоят ёбед". [Эй паёмбар ба онон] Бигӯ: "[На аз оини шумо] Балки аз оини Иброҳим [пайравӣ мекунем], ки ҳақгаро буд ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон набуд"

    2:135

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»