Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 124 – 127

  1. وَإِذِ ابْتَلَىٰ إِبْرَاهِيمَ رَبُّهُ بِكَلِمَاتٍ فَأَتَمَّهُنَّ ۖ قَالَ إِنِّي جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامًا ۖ قَالَ وَمِنْ ذُرِّيَّتِي ۖ قَالَ لَا يَنَالُ عَهْدِي الظَّالِمِينَ

    Ва [эй паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки Аллоҳ таоло Иброҳимро бо суханон [-и фарогир бар аҳкому таколифи шаръӣ] озмуд ва ӯ ҳамаро ба хубӣ ба анҷом расонд. [Аллоҳ таоло ба вай] Фармуд: "Ман туро пешвои мардум қарор медиҳам". [Иброҳим] гуфт: "[Парвардигоро] Аз фарзандонам [низ пешвоёне қарор бидеҳ, то мардум ба онон иқтидо кунанд]". [Аллоҳ таоло] Фармуд: "Аҳду паймони Ман [бо ту дар мавриди пешвои дин] ба ситамгорон намерасад"

    2:124
  2. وَإِذْ جَعَلْنَا الْبَيْتَ مَثَابَةً لِلنَّاسِ وَأَمْنًا وَاتَّخِذُوا مِنْ مَقَامِ إِبْرَاهِيمَ مُصَلًّى ۖ وَعَهِدْنَا إِلَىٰ إِبْرَاهِيمَ وَإِسْمَاعِيلَ أَنْ طَهِّرَا بَيْتِيَ لِلطَّائِفِينَ وَالْعَاكِفِينَ وَالرُّكَّعِ السُّجُودِ

    Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки хонаи [Каъба] – ро маҳалли бозгашт [-и ҳоҷиёни муштоқ] ва [ҷойи] амне барои мардум қарор додем ва [муқаррар кардем, ки] мақоми Иброҳимро намозгоҳе барои хеш интихоб кунед ва мо ба Иброҳим ва Исмоил ваҳй кардем, ки: "Хонаи маро барои тавофкунандагону муътакифон ва рукуъу суҷудкунандагон [намозгузорон] поку покиза кунед"

    2:125
  3. وَإِذْ قَالَ إِبْرَاهِيمُ رَبِّ اجْعَلْ هَٰذَا بَلَدًا آمِنًا وَارْزُقْ أَهْلَهُ مِنَ الثَّمَرَاتِ مَنْ آمَنَ مِنْهُمْ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ ۖ قَالَ وَمَنْ كَفَرَ فَأُمَتِّعُهُ قَلِيلًا ثُمَّ أَضْطَرُّهُ إِلَىٰ عَذَابِ النَّارِ ۖ وَبِئْسَ الْمَصِيرُ

    Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки Иброҳим гуфт: "Парвардигоро, ин [сарзамини Макка]-ро шаҳри амн бигардон ва аҳли онро – [яъне] касоне аз эшонро, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон овардаанд – аз меваҳои [гуногун] рӯзӣ бидеҳ". [Аллоҳ таоло] фармуд: "Ҳар ки кофир шавад, андаке баҳрамандаш месозам, сипас ӯро ба азоби оташ мекашонам ва чи бад саранҷоме аст"!

    2:126
  4. وَإِذْ يَرْفَعُ إِبْرَاهِيمُ الْقَوَاعِدَ مِنَ الْبَيْتِ وَإِسْمَاعِيلُ رَبَّنَا تَقَبَّلْ مِنَّا ۖ إِنَّكَ أَنْتَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ

    Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки Иброҳим ва Исмоил пояҳои хонаи [Каъба] – ро боло мебурданд [ва мегуфтанд]:"Парвардигоро, [аъмоли неки мо, аз ҷумла бинои ин хонаи муқаддасро] аз мо бипазир, ки бе тардид Ту шунавову доноӣ"

    2:127

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»