Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 83 – 86

  1. وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَاقَ بَنِي إِسْرَائِيلَ لَا تَعْبُدُونَ إِلَّا اللَّهَ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا وَذِي الْقُرْبَىٰ وَالْيَتَامَىٰ وَالْمَسَاكِينِ وَقُولُوا لِلنَّاسِ حُسْنًا وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ ثُمَّ تَوَلَّيْتُمْ إِلَّا قَلِيلًا مِنْكُمْ وَأَنْتُمْ مُعْرِضُونَ

    Ва [ба ёд оваред] ҳангоме ки аз Бани Исроил паймон гирифтем, ки: "Ҷуз Аллоҳи ягонаро парастиш накунед ва ба падару модару наздикону ятимон ва бенавоён некӣ кунед ва ба мардум [сухани] нек бигӯеду намоз барпо доред ва закот бипардозед", вале ҳамаи шумо, ҷуз иддаи каме пушт гардонидед ва рӯйгардон шудед

    2:83
  2. وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَاقَكُمْ لَا تَسْفِكُونَ دِمَاءَكُمْ وَلَا تُخْرِجُونَ أَنْفُسَكُمْ مِنْ دِيَارِكُمْ ثُمَّ أَقْرَرْتُمْ وَأَنْتُمْ تَشْهَدُونَ

    Ва [ба ёд оваред] ҳангоме ки аз шумо паймон гирифтем, ки хуни якдигарро нарезед ва ҳамдигарро аз сарзаминатон берун накунед; сипас шумо иқрор кардед ва худ [бар он паймон] гувоҳӣ медиҳед

    2:84
  3. ثُمَّ أَنْتُمْ هَٰؤُلَاءِ تَقْتُلُونَ أَنْفُسَكُمْ وَتُخْرِجُونَ فَرِيقًا مِنْكُمْ مِنْ دِيَارِهِمْ تَظَاهَرُونَ عَلَيْهِمْ بِالْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَإِنْ يَأْتُوكُمْ أُسَارَىٰ تُفَادُوهُمْ وَهُوَ مُحَرَّمٌ عَلَيْكُمْ إِخْرَاجُهُمْ ۚ أَفَتُؤْمِنُونَ بِبَعْضِ الْكِتَابِ وَتَكْفُرُونَ بِبَعْضٍ ۚ فَمَا جَزَاءُ مَنْ يَفْعَلُ ذَٰلِكَ مِنْكُمْ إِلَّا خِزْيٌ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ۖ وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ يُرَدُّونَ إِلَىٰ أَشَدِّ الْعَذَابِ ۗ وَمَا اللَّهُ بِغَافِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ

    Пас аз он, ҳамин шумо ҳастед, ки якдигарро мекушед ва гурӯҳе аз худатонро аз сарзаминашон берун мекунед ва ба гуноҳу ситам алайҳи онон ба якдигар ёрӣ мекунед ва агар [баъзе аз онон дар ҷанг бо ҳампаймонони араби шумо гирифтор шаванд ва ба сурати] асир наздатон биёянд [бо он ки ҳамдини шумо ҳастанд, дар баробари озодиашон] фидя мегиред, ҳол он ки ихроҷи онон [аз ҳамон оғоз] бар шумо ҳаром буд. Оё ба бахше аз [дастуроти] китоб [-и осмонӣ дар мавриди фидя гирифтан] имон меоваред ва ба бахше [ки шуморо дар бораи ҳамдинонатон супориш мекунад] кофир мешавед? Пас, ҷазои ҳар касе аз шумо, ки чунин кунад, ҷуз расвоӣ ва хорӣ дар ин ҷаҳон нахоҳад буд ва дар рӯзи қиёмат ба шадидтарин азоб гирифтор мешаванд; ва [яқин бидонед, ки] Аллоҳ таоло аз он чи анҷом медиҳед, ғофил нест

    2:85
  4. أُولَٰئِكَ الَّذِينَ اشْتَرَوُا الْحَيَاةَ الدُّنْيَا بِالْآخِرَةِ ۖ فَلَا يُخَفَّفُ عَنْهُمُ الْعَذَابُ وَلَا هُمْ يُنْصَرُونَ

    Инон касоне ҳастанд, ки зиндагонии дунёро ба баҳои охират хариданд, пас, азоби онҳо сабук карда намешавад ва касе ёриашон нахоҳад кард

    2:86

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»