Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 8 – 20
-
وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَقُولُ آمَنَّا بِاللَّهِ وَبِالْيَوْمِ الْآخِرِ وَمَا هُمْ بِمُؤْمِنِينَ
Бархе аз мардум мегӯянд: "Ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон овардаем", дар ҳоле ки имон надоранд
2:8 -
يُخَادِعُونَ اللَّهَ وَالَّذِينَ آمَنُوا وَمَا يَخْدَعُونَ إِلَّا أَنْفُسَهُمْ وَمَا يَشْعُرُونَ
Онон [гумон мекунанд] Аллоҳ таоло ва муъминонро фиреб медиҳанд, дар ҳоле ки фақат худро фиреб медиҳанд, вале намефаҳманд.
2:9 -
فِي قُلُوبِهِمْ مَرَضٌ فَزَادَهُمُ اللَّهُ مَرَضًا ۖ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ بِمَا كَانُوا يَكْذِبُونَ
Дар дилҳояшон беморӣ (шак, нифоқ ва палидӣ) аст ва Аллоҳ таоло бар бемории онон афзудааст ва ба хотири дурӯғҳое, ки мегуфтанд, азоби дардноке [дар пеш] хоҳанд дошт
2:10 -
وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ لَا تُفْسِدُوا فِي الْأَرْضِ قَالُوا إِنَّمَا نَحْنُ مُصْلِحُونَ
Ҳар гоҳ ба онон гуфта шавад: "Дар замин фасод накунед", [ба дурӯғ] мегӯянд: "Мо албатта худ ислоҳгарем"
2:11 -
أَلَا إِنَّهُمْ هُمُ الْمُفْسِدُونَ وَلَٰكِنْ لَا يَشْعُرُونَ
Огоҳ бошед! Онон [табаҳкор ва] муфсиданд, вале намефаҳманд
2:12 -
وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ آمِنُوا كَمَا آمَنَ النَّاسُ قَالُوا أَنُؤْمِنُ كَمَا آمَنَ السُّفَهَاءُ ۗ أَلَا إِنَّهُمْ هُمُ السُّفَهَاءُ وَلَٰكِنْ لَا يَعْلَمُونَ
Ва вақте ба онон гуфта шавад: "Шумо низ ҳамчун мардум [-и боинсоф ва воқеъбин] имон оваред", мегӯянд: "Оё [интизор доред] ҳамчун камхирадон имон оварем"? Огоҳ бошед! [Маҳз худи] Ононанд, ки камхирад ҳастанд, вале намедонанд
2:13 -
وَإِذَا لَقُوا الَّذِينَ آمَنُوا قَالُوا آمَنَّا وَإِذَا خَلَوْا إِلَىٰ شَيَاطِينِهِمْ قَالُوا إِنَّا مَعَكُمْ إِنَّمَا نَحْنُ مُسْتَهْزِئُونَ
Ва ҳангоме ки муъминонро мулоқот мекунанд, мегӯянд: "Мо [низ ҳамчун шумо] имон овардаем" ва ҳангоме ки бо васвасагарони шайтонсифати худ хилват мекунанд [дар танҳоӣ якҷо мешаванд], мегӯянд: "Мо бо шумо ҳастем ва фақат [онҳоро] масхара мекунем"
2:14 -
اللَّهُ يَسْتَهْزِئُ بِهِمْ وَيَمُدُّهُمْ فِي طُغْيَانِهِمْ يَعْمَهُونَ
Аллоҳ таоло тамасхурашон мекунад ва дар туғёнашон саргашта нигаҳ медорад
2:15 -
أُولَٰئِكَ الَّذِينَ اشْتَرَوُا الضَّلَالَةَ بِالْهُدَىٰ فَمَا رَبِحَتْ تِجَارَتُهُمْ وَمَا كَانُوا مُهْتَدِينَ
Онон касоне ҳастанд, ки гумроҳиро ба [баҳои] ҳидоят хариданд, пас, тиҷораташон суде надорад ва ҳидоятёфта набуданд.
2:16 -
مَثَلُهُمْ كَمَثَلِ الَّذِي اسْتَوْقَدَ نَارًا فَلَمَّا أَضَاءَتْ مَا حَوْلَهُ ذَهَبَ اللَّهُ بِنُورِهِمْ وَتَرَكَهُمْ فِي ظُلُمَاتٍ لَا يُبْصِرُونَ
Достони инон [мунофиқон] ҳаммонанди достони касест, ки оташе афрӯхт, пас, чун оташ перомунашро равшан сохт, Аллоҳ таоло нурашонро бигирифт ва дар торикиҳое, ки намебинанд, раҳояшон кард
2:17 -
صُمٌّ بُكْمٌ عُمْيٌ فَهُمْ لَا يَرْجِعُونَ
Кару лолу кӯранд ва [аз гумроҳии худ] бознамегарданд
2:18 -
أَوْ كَصَيِّبٍ مِنَ السَّمَاءِ فِيهِ ظُلُمَاتٌ وَرَعْدٌ وَبَرْقٌ يَجْعَلُونَ أَصَابِعَهُمْ فِي آذَانِهِمْ مِنَ الصَّوَاعِقِ حَذَرَ الْمَوْتِ ۚ وَاللَّهُ مُحِيطٌ بِالْكَافِرِينَ
Ё [мисолашон] ҳамчун [гирифторони] борони сахт (сел) аст, ки аз осмон [фурӯ мерезад] ва дар он торикиҳо ва раъду барқ бошад ва онон аз тарси марг ангуштони худро дар гӯшҳояшон фурӯ мебаранд, то садои соиқа [оташак]-ро нашнаванд ва Аллоҳ таоло ба кофирон иҳота дорад
2:19 -
يَكَادُ الْبَرْقُ يَخْطَفُ أَبْصَارَهُمْ ۖ كُلَّمَا أَضَاءَ لَهُمْ مَشَوْا فِيهِ وَإِذَا أَظْلَمَ عَلَيْهِمْ قَامُوا ۚ وَلَوْ شَاءَ اللَّهُ لَذَهَبَ بِسَمْعِهِمْ وَأَبْصَارِهِمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
Наздик аст, ки барқ чашмонашонро бирабояд, ҳар гоҳ ки [барқ мезанад ва роҳро] бар онон равшан месозад, қадаме дар [партави] он мегузоранд ва чун торикӣ ононро фаро гирад, [ҳайратзада] бозмеистанд; ва агар Аллоҳ таоло бихоҳад, шунавоӣ ва биноиашонро аз байн мебарад, зеро Аллоҳ таоло бар ҳар коре тавоност
2:20
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»