Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 75 – 82
-
أَفَتَطْمَعُونَ أَنْ يُؤْمِنُوا لَكُمْ وَقَدْ كَانَ فَرِيقٌ مِنْهُمْ يَسْمَعُونَ كَلَامَ اللَّهِ ثُمَّ يُحَرِّفُونَهُ مِنْ بَعْدِ مَا عَقَلُوهُ وَهُمْ يَعْلَمُونَ
[Эй муъминон, ҳоло ки ҳақиқати душмании яҳудиён бароятон ошкор гардид] Оё умед доред, ки ба [оини] шумо имон биёваранд, бо ин ки гурӯҳе аз [уламои] онон суханони Аллоҳро [дар Таврот] мешуниданд ва пас аз фаҳмиданаш [алфозу маонии] онро таҳриф мекарданд, ҳол он ки [аз бузургии гуноҳи хеш] иттилоъ доштанд
2:75 -
وَإِذَا لَقُوا الَّذِينَ آمَنُوا قَالُوا آمَنَّا وَإِذَا خَلَا بَعْضُهُمْ إِلَىٰ بَعْضٍ قَالُوا أَتُحَدِّثُونَهُمْ بِمَا فَتَحَ اللَّهُ عَلَيْكُمْ لِيُحَاجُّوكُمْ بِهِ عِنْدَ رَبِّكُمْ ۚ أَفَلَا تَعْقِلُونَ
Ва [яке аз фиребкориҳояшон ин аст, ки] вақте бо муъминон рӯбарӯ мешаванд мегӯянд: "[Мо ҳам] имон овардаем", вале ҳангоме ки бо якдигар хилват мекунанд, мегӯянд: "Чаро матолиберо, ки [дар бораи вижагиҳои паёмбар ва ҳаққонияти ислом дар Таврот омадааст ва] Аллоҳ таоло барои шумо баён кардааст, барои мусулмонон бозгӯ мекунед, то [рӯзи қиёмат] дар пешгоҳи Парвардигоратон алайҳи [бар зидди] шумо ба он истидлол кунанд? Оё намефаҳмед"?
2:76 -
أَوَلَا يَعْلَمُونَ أَنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعْلِنُونَ
Оё намедонанд, ки Аллоҳ таоло он чиро, ки пинҳон медоранд ва ошкор месозанд, [ҳамаро] медонад?!
2:77 -
وَمِنْهُمْ أُمِّيُّونَ لَا يَعْلَمُونَ الْكِتَابَ إِلَّا أَمَانِيَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَظُنُّونَ
Ва бархе аз онон бесаводоне ҳастанд, ки [фақат ба тиловати содаи Таврот дилхушанд] ва китоби Аллоҳро ҷуз мушти хаёлоти хом намедонанд ва танҳо ба пиндорҳои хеш [ки аз бузургонашон фаро гирифтаанд] дил бастаанд
2:78 -
فَوَيْلٌ لِلَّذِينَ يَكْتُبُونَ الْكِتَابَ بِأَيْدِيهِمْ ثُمَّ يَقُولُونَ هَٰذَا مِنْ عِنْدِ اللَّهِ لِيَشْتَرُوا بِهِ ثَمَنًا قَلِيلًا ۖ فَوَيْلٌ لَهُمْ مِمَّا كَتَبَتْ أَيْدِيهِمْ وَوَيْلٌ لَهُمْ مِمَّا يَكْسِبُونَ
Пас, вой бар касоне, ки бо дасти худ менависанд, сипас мегӯянд: "Ин аз ҷониби Аллоҳ таоло аст", то онро ба баҳои андак бифурушанд! Пас, вой бар онҳо аз он чи дастҳояшон навиштааст ва вой бар онон аз он чи [аз ин роҳ] ба даст меоваранд!
2:79 -
وَقَالُوا لَنْ تَمَسَّنَا النَّارُ إِلَّا أَيَّامًا مَعْدُودَةً ۚ قُلْ أَتَّخَذْتُمْ عِنْدَ اللَّهِ عَهْدًا فَلَنْ يُخْلِفَ اللَّهُ عَهْدَهُ ۖ أَمْ تَقُولُونَ عَلَى اللَّهِ مَا لَا تَعْلَمُونَ
Ва [яҳудиён] гуфтанд: "Оташи дӯзах ҷуз чанд рӯзи маҳдуде ҳаргиз ба мо нахоҳад расид". Бигӯ: "Оё аз назди Аллоҳ таоло паймоне гирифтаед, ки Аллоҳ таоло ҳаргиз хилофи паймонаш накунад? Ё чизеро, ки намедонед, ба Аллоҳ таоло нисбат медиҳед"?!
2:80 -
بَلَىٰ مَنْ كَسَبَ سَيِّئَةً وَأَحَاطَتْ بِهِ خَطِيئَتُهُ فَأُولَٰئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ
Оре, ҳар ки муртакиби гуноҳе шавад ва гуноҳонаш ӯро иҳота кунад, онон аҳли оташанд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд
2:81 -
وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ الْجَنَّةِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ
Ва касоне, ки имон оваранд ва корҳои шоиста анҷом диҳанд, онон аҳли биҳиштанд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд
2:82
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»