Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 62 – 71
-
إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَالَّذِينَ هَادُوا وَالنَّصَارَىٰ وَالصَّابِئِينَ مَنْ آمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَعَمِلَ صَالِحًا فَلَهُمْ أَجْرُهُمْ عِنْدَ رَبِّهِمْ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ
Дар ҳақиқат касоне, ки [холисона ба ислом] имон овардаанд ва онон, ки яҳудӣ шуданд ва масеҳиёну собеон [фитратгароён], ҳар, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон биёварад ва кори шоистае анҷом диҳад, подошашон назди Парвардигорашон аст; на тарсе хоҳанд дошт ва на андӯҳгин мешаванд
2:62 -
وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَاقَكُمْ وَرَفَعْنَا فَوْقَكُمُ الطُّورَ خُذُوا مَا آتَيْنَاكُمْ بِقُوَّةٍ وَاذْكُرُوا مَا فِيهِ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ
Ва [ба ёд оваред] замонеро, ки аз шумо паймон гирифтем ва [кӯҳи] Турро болои саратон барафроштем [ва гуфтем]: "Он чи [аз аҳкоми Таврот] ба шумо додаем, бо ҷиддият бигиред ва ончиро, ки дар он аст, ёд кунед, бошад, ки парҳезкор шавед"
2:63 -
ثُمَّ تَوَلَّيْتُمْ مِنْ بَعْدِ ذَٰلِكَ ۖ فَلَوْلَا فَضْلُ اللَّهِ عَلَيْكُمْ وَرَحْمَتُهُ لَكُنْتُمْ مِنَ الْخَاسِرِينَ
Вале баъд [аз он ҳама аҳду паймон] аз ин [фармон] рӯй бартофтед ва агар фазлу бахшиши Аллоҳ таоло бар шумо намебуд, яқинан дар зумраи зиёнкорон будед
2:64 -
وَلَقَدْ عَلِمْتُمُ الَّذِينَ اعْتَدَوْا مِنْكُمْ فِي السَّبْتِ فَقُلْنَا لَهُمْ كُونُوا قِرَدَةً خَاسِئِينَ
Мусалламан аз [шарҳи ҳоли] касоне аз худатон огоҳ шудаед, ки дар [мавриди ҳукми ҳурмати сайди моҳӣ дар рӯзҳои] шанбе таҷовуз карданд. Пас, ба онҳо гуфтем: "Бӯзинаҳои хору рондашуда бошед"!
2:65 -
فَجَعَلْنَاهَا نَكَالًا لِمَا بَيْنَ يَدَيْهَا وَمَا خَلْفَهَا وَمَوْعِظَةً لِلْمُتَّقِينَ
Пас, он [кайфар] – ро ибрате барои мардуми он замон ва наслҳои пас аз эшон ва [ҳамчунин] панду андарзе барои парҳезгорон қарор додем
2:66 -
وَإِذْ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوْمِهِ إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُكُمْ أَنْ تَذْبَحُوا بَقَرَةً ۖ قَالُوا أَتَتَّخِذُنَا هُزُوًا ۖ قَالَ أَعُوذُ بِاللَّهِ أَنْ أَكُونَ مِنَ الْجَاهِلِينَ
Ва [ба ёд оваред] замоне, ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: "Аллоҳ таоло ба шумо дастур медиҳад, ки модаговеро забҳ кунед". Онон гуфтанд: "Оё моро масхара мекунӣ"? [Мӯсо] гуфт: "[Тамасхур кори ҷоҳилон аст ва] Ба Аллоҳ таоло паноҳ мебарам, аз ин ки дар зумраи ҷоҳилон бошам"
2:67 -
قَالُوا ادْعُ لَنَا رَبَّكَ يُبَيِّنْ لَنَا مَا هِيَ ۚ قَالَ إِنَّهُ يَقُولُ إِنَّهَا بَقَرَةٌ لَا فَارِضٌ وَلَا بِكْرٌ عَوَانٌ بَيْنَ ذَٰلِكَ ۖ فَافْعَلُوا مَا تُؤْمَرُونَ
Гуфтанд: "Аз Парвардигорат бихоҳ, то барои мо равшан кунад, ки он чи гуна [гове] аст"? [Мӯсо] Гуфт: [Аллоҳ таоло] Мефармояд: "Он гове аст на пир ва на ҷавон, балки миёнасоли байни ин ду бошад. Пас, [акнун] он чиро, ки дастур ёфтаед, анҷом диҳед"
2:68 -
قَالُوا ادْعُ لَنَا رَبَّكَ يُبَيِّنْ لَنَا مَا لَوْنُهَا ۚ قَالَ إِنَّهُ يَقُولُ إِنَّهَا بَقَرَةٌ صَفْرَاءُ فَاقِعٌ لَوْنُهَا تَسُرُّ النَّاظِرِينَ
Гуфтанд: "Аз Парвардигорат бихоҳ, то барои мо равшан созад, ки рангаш чи гуна аст"? [Мӯсо] Гуфт: [Аллоҳ таоло] Мефармояд: "Он гов зарди пуррангест, ки [рангаш] бинандагонро шод мекунад"
2:69 -
قَالُوا ادْعُ لَنَا رَبَّكَ يُبَيِّنْ لَنَا مَا هِيَ إِنَّ الْبَقَرَ تَشَابَهَ عَلَيْنَا وَإِنَّا إِنْ شَاءَ اللَّهُ لَمُهْتَدُونَ
Гуфтанд: "Аз Парвардигорат [боз ҳам] бихоҳ, то чигунагии он говро [аз ҳар ҷиҳат] барои мо равшан созад, зеро [вижагиҳои] ин гов ҳанӯз бароямон мубҳам аст ва иншоаллоҳ [бо тавзеҳоти ту] ҳидоят хоҳем шуд"
2:70 -
قَالَ إِنَّهُ يَقُولُ إِنَّهَا بَقَرَةٌ لَا ذَلُولٌ تُثِيرُ الْأَرْضَ وَلَا تَسْقِي الْحَرْثَ مُسَلَّمَةٌ لَا شِيَةَ فِيهَا ۚ قَالُوا الْآنَ جِئْتَ بِالْحَقِّ ۚ فَذَبَحُوهَا وَمَا كَادُوا يَفْعَلُونَ
[Мӯсо] гуфт: "Вай мефармояд: "Он гове аст на чунон ром, ки заминро ҷуфт кунад ва ё киштзорро об диҳад, [аммо] беайб асту якранг ва дар он ҳеҷ ранги дигаре нест". Онон гуфтанд: "Инак сухани дуруст овардӣ". Сипас [чунон говеро пайдо карданд ва] онро сар буриданду [албатта] наздик буд, ки ин корро накунанд
2:71
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»