Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 60 – 61
-
وَإِذِ اسْتَسْقَىٰ مُوسَىٰ لِقَوْمِهِ فَقُلْنَا اضْرِبْ بِعَصَاكَ الْحَجَرَ ۖ فَانْفَجَرَتْ مِنْهُ اثْنَتَا عَشْرَةَ عَيْنًا ۖ قَدْ عَلِمَ كُلُّ أُنَاسٍ مَشْرَبَهُمْ ۖ كُلُوا وَاشْرَبُوا مِنْ رِزْقِ اللَّهِ وَلَا تَعْثَوْا فِي الْأَرْضِ مُفْسِدِينَ
Ва [ба ёд оваред] замонеро, ки Мӯсо барои қавми хеш об хост, пас, гуфтем: "Асои худро бар санг бизан". Он гоҳ дувоздаҳ чашма аз он ҷӯшид ва ҳар гурӯҳе обнӯшгоҳи худро донист [ва гуфтем]: "Аз рӯзии Аллоҳ таоло бихӯред ва биёшомед ва дар замин ба фасод [ва табоҳӣ] накӯшед"
2:60 -
وَإِذْ قُلْتُمْ يَا مُوسَىٰ لَنْ نَصْبِرَ عَلَىٰ طَعَامٍ وَاحِدٍ فَادْعُ لَنَا رَبَّكَ يُخْرِجْ لَنَا مِمَّا تُنْبِتُ الْأَرْضُ مِنْ بَقْلِهَا وَقِثَّائِهَا وَفُومِهَا وَعَدَسِهَا وَبَصَلِهَا ۖ قَالَ أَتَسْتَبْدِلُونَ الَّذِي هُوَ أَدْنَىٰ بِالَّذِي هُوَ خَيْرٌ ۚ اهْبِطُوا مِصْرًا فَإِنَّ لَكُمْ مَا سَأَلْتُمْ ۗ وَضُرِبَتْ عَلَيْهِمُ الذِّلَّةُ وَالْمَسْكَنَةُ وَبَاءُوا بِغَضَبٍ مِنَ اللَّهِ ۗ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ كَانُوا يَكْفُرُونَ بِآيَاتِ اللَّهِ وَيَقْتُلُونَ النَّبِيِّينَ بِغَيْرِ الْحَقِّ ۗ ذَٰلِكَ بِمَا عَصَوْا وَكَانُوا يَعْتَدُونَ
Ва [ба ёд оваред] замонеро, ки гуфтед: "Эй Мӯсо, мо ҳаргиз тобу таҳаммули як навъ ғизоро надорем, пас, Парвардигори хешро бихон, то аз рӯиданиҳои замин, аз сабзиву бодиринг ва гандуму наск ва пиёз бароямон бирӯёнад". [Мӯсо] Гуфт: "Оё чизеро, ки пасттар аст, бо чизи беҳтар ҷойгузин мекунед? Ба шаҳре фуруд оед; зеро он чи ки хостед, дар он ҷо бароятон вуҷуд дорад" ва [чунин шуд, ки муҳри] зиллату бенавоӣ бар онон зада шуд ва сазовори хашми Аллоҳ таоло гардиданд, чаро ки онон ба оёти Аллоҳ таоло куфр меварзиданд ва паёмбаронро ба ноҳақ мекуштанд. Инҳо ба хотири он буд, ки гунаҳгору мутаҷовиз буданд
2:61
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»