Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 53 – 56
-
وَإِذْ آتَيْنَا مُوسَى الْكِتَابَ وَالْفُرْقَانَ لَعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ
Ва [низ ба ёд оваред] ҳангоме ки ба Мӯсо китоби [Таврот] – ро, ки ҷудокунанда [-и ҳақ аз ботил] аст, ато кардем; бошад, ки ҳидоят шавед
2:53 -
وَإِذْ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوْمِهِ يَا قَوْمِ إِنَّكُمْ ظَلَمْتُمْ أَنْفُسَكُمْ بِاتِّخَاذِكُمُ الْعِجْلَ فَتُوبُوا إِلَىٰ بَارِئِكُمْ فَاقْتُلُوا أَنْفُسَكُمْ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ عِنْدَ بَارِئِكُمْ فَتَابَ عَلَيْكُمْ ۚ إِنَّهُ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ
Ва [ба ёд оваред] замонеро, ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: "Эй қавми ман, шумо бо интихоби гӯсола [барои парастиш] ба худ ситам кардаед, пас, ба сӯйи Офаридгори худ бозгардед ва тавба кунед ва [хатокорони] худро бикушед. Ин кор барои шумо дар пешгоҳи Парвардигоратон беҳтар аст". Он гоҳ Аллоҳ таоло тавбаи шуморо пазируфт. Ба ростӣ, ки Ӯ тавбапазиру меҳрубон аст
2:54 -
وَإِذْ قُلْتُمْ يَا مُوسَىٰ لَنْ نُؤْمِنَ لَكَ حَتَّىٰ نَرَى اللَّهَ جَهْرَةً فَأَخَذَتْكُمُ الصَّاعِقَةُ وَأَنْتُمْ تَنْظُرُونَ
Ва [ба ёд оваред] ҳангомеро ки гуфтед: "Эй Мӯсо, мо ҳаргиз ба ту имон намеоварем, магар ин ки Аллоҳро ошкоро бубинем". Пас, соиқа [оташак] шуморо дар ҳоле гирифт, ки [азоби худро бо чашми хеш] менигаристед
2:55 -
ثُمَّ بَعَثْنَاكُمْ مِنْ بَعْدِ مَوْتِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ
Сипас шуморо пас аз маргатон барангехтем, бошад, ки сипосгузорӣ кунед
2:56
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»