Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 49 – 50

  1. وَإِذْ نَجَّيْنَاكُمْ مِنْ آلِ فِرْعَوْنَ يَسُومُونَكُمْ سُوءَ الْعَذَابِ يُذَبِّحُونَ أَبْنَاءَكُمْ وَيَسْتَحْيُونَ نِسَاءَكُمْ ۚ وَفِي ذَٰلِكُمْ بَلَاءٌ مِنْ رَبِّكُمْ عَظِيمٌ

    Ва [ба ёд оваред] ҳангоме ки шуморо аз чанголи фиръавниён наҷот додем. [Онон] Бадтарин азобро бар саратон меоварданд: Писаронатонро мекуштанд ва занонатонро [барои канизӣ] зинда нигаҳ медоштанд ва дар инҳо озмоиши бузурге аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо буд

    2:49
  2. وَإِذْ فَرَقْنَا بِكُمُ الْبَحْرَ فَأَنْجَيْنَاكُمْ وَأَغْرَقْنَا آلَ فِرْعَوْنَ وَأَنْتُمْ تَنْظُرُونَ

    Ва [ба ёд оваред] ҳангоме ки дарёро бароятон шикофтем ва шуморо наҷот додем ва фиръавниёнро, дар ҳоле ки [ба азоби онҳо бо чашми худ] менигаристед, ғарқ сохтем

    2:50

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»