Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 40 – 41

  1. يَا بَنِي إِسْرَائِيلَ اذْكُرُوا نِعْمَتِيَ الَّتِي أَنْعَمْتُ عَلَيْكُمْ وَأَوْفُوا بِعَهْدِي أُوفِ بِعَهْدِكُمْ وَإِيَّايَ فَارْهَبُونِ

    Эй Бани Исроил [фарзандони Яъқуб], неъматҳоеро, ки ба шумо арзонӣ доштам, ба ёд оваред ва ба паймоне, ки бо ман бастаед, вафо кунед, то Ман низ ба паймони [худ бо] шумо [дар бораи неъматҳои дунё ва охират] вафо кунам ва танҳо аз ман битарсед

    2:40
  2. وَآمِنُوا بِمَا أَنْزَلْتُ مُصَدِّقًا لِمَا مَعَكُمْ وَلَا تَكُونُوا أَوَّلَ كَافِرٍ بِهِ ۖ وَلَا تَشْتَرُوا بِآيَاتِي ثَمَنًا قَلِيلًا وَإِيَّايَ فَاتَّقُونِ

    Ва ба он чи нозил кардаам [Қуръон] имон биёваред, ки тасдиқкунандаи чизест, ки бо шумост ва нахустин кофир ба он набошед ва оёти маро ба баҳои ночиз нафурӯшед ва танҳо аз Ман битарсед

    2:41

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»