Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 275 – 278

  1. الَّذِينَ يَأْكُلُونَ الرِّبَا لَا يَقُومُونَ إِلَّا كَمَا يَقُومُ الَّذِي يَتَخَبَّطُهُ الشَّيْطَانُ مِنَ الْمَسِّ ۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ قَالُوا إِنَّمَا الْبَيْعُ مِثْلُ الرِّبَا ۗ وَأَحَلَّ اللَّهُ الْبَيْعَ وَحَرَّمَ الرِّبَا ۚ فَمَنْ جَاءَهُ مَوْعِظَةٌ مِنْ رَبِّهِ فَانْتَهَىٰ فَلَهُ مَا سَلَفَ وَأَمْرُهُ إِلَى اللَّهِ ۖ وَمَنْ عَادَ فَأُولَٰئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ

    Касоне ки суд[[Суд зиёдатиест, ки аз муомала бо нақд ва ё хӯрданӣ дар муддати муайян ва дар миқдори муайян гирифта мешавад, чунончи ба касе сад динор бидиҳад ва бигӯядаш, ки пас аз моҳе саду бист динор ва ё бештар аз он ба ман бармегардонӣ. Ё ки касе қарз бигирад ва дар муддаташ онро баргардондан натавонад ва ба соҳиби мол бигӯяд, ки муддати қарзро зиёд кун, то ман молро зиёд кунам.]] (мегиранд ва) мехӯранд (ва хуни мардумро бо он мемаканд, рӯзи қиёмат аз гӯрҳояшон аз сахтии тарс) барнамехезанд, магар чунонкӣ он кас бармехезад, ки ӯро шайтон ба девонагӣ осеб расонида аст (, ки гоҳ меафтад ва гоҳ бармехезад). Ин (девонавор бархостани онҳо рӯзи қиёмат,) бад-он сабаб аст, ки (судхӯрон ба ҳукми Аллоҳ эътирозкунон) гуфтанд: «(Судхӯрӣ ҳаром нест,) ҷуз ин нест, ки савдогарӣ монанди судхӯрист». Ва ҳол он ки Аллоҳ (рибҳ ва хариду фурӯши) савдогариро ҳалол намуд ва судхӯриро (аз сабаби зиёнҳояш) ҳаром гардонид. Пас ҳар киро аз ҷониби парвардигораш (дар бораи ҳаром будани судхӯрӣ ва саранҷоми бад ва иқоби он) ба ӯ панде омад, пас (аз судхӯрӣ тавба кард ва аз таомули судхӯрӣ) бозмонд, пас ончӣ гузашт (ва ончӣ аз судхӯрӣ чизе пеш аз таҳрими он хӯрда ва гирифта буд), ӯрост. Ва кор(-и афв)–и ӯ ба сӯи Аллоҳ (вогузор) аст (, агар хоҳад, биомурзадаш ва агар на, азобаш кунад). Пас ҳар кӣ (баъд аз таҳримаш ба судхӯрӣ) бозгашт, пас он гурӯҳ бошандагони дӯзаханд. Эшон дар онҷо ҷовидонаанд.

    2:275
  2. يَمْحَقُ اللَّهُ الرِّبَا وَيُرْبِي الصَّدَقَاتِ ۗ وَاللَّهُ لَا يُحِبُّ كُلَّ كَفَّارٍ أَثِيمٍ

    Аллоҳ судро (, яъне риборо) нобуд месозад (ва баракаташро мебарад ва рӯзи қиёмат барои он уқубаташ мекунад) ва садақаҳоро (бо дасти росташ мепазирад, сипас онро) афзунӣ мебахшад (ва савобу баракаташро меафзояд, то ин ки луқмае аз садақаро, монанди кӯҳе бузург мегардонад). Ва Аллоҳ ҳар (судхӯри) носипоси гуноҳпешаро дӯст намедорад.

    2:276
  3. إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَآتَوُا الزَّكَاةَ لَهُمْ أَجْرُهُمْ عِنْدَ رَبِّهِمْ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ

    Ҳароина, касоне ки (ба Аллоҳ ва Фиристодаи ӯ ва китобҳои илоҳӣ ва ба таҳрими судхӯрӣ) имон оварданд ва корҳои накӯ карданд ва намоз(-и фариза)-ро (бо адои ҳуқуқ, шурут ва аркону суннатҳову мустаҳабботаш) барпо доштанд ва закот(-и фариза)-ро пардохтанд, эшонро (рӯзи қиёмат) назди Аллоҳ музди (имон ва кирдор ва садақаҳои) эшон бошад ва на эшонро (аз азоби Аллоҳ дар охират) тарсест ва на эшон (дар ҷаҳон) андӯҳгин шаванд.

    2:277
  4. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَذَرُوا مَا بَقِيَ مِنَ الرِّبَا إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ

    [Гурӯҳе бар Ислом гаравиданд ва бар мардумони дигар аз моли рибо қарз доштанд, пас Аллоҳи бузургвор боқимондаи риборо аз эшон афв кард ва фармудашон, ки фақат сармояи худро бе рибо аз эшон бигиранд:] Эй касоне ки (ба Аллоҳ ва Фиристодаи ӯ) имон оварданд, аз Аллоҳ (бо фармонбардорӣ ва дур гаштан аз наҳйҳояш) битарсед (ва хештанро ҳамеша назорат намоед) ва (талаби) ончиро раҳо кунед, ки аз суд (дар назди мардум) бозмонда аст, агар (ба Аллоҳ ва Пайғамбару китоби ӯ) мӯъминон ҳастед (, пас имонатонро бо сухан ва тасдиқи забон ва кирдорҳо таҳқиқ намоед ва баъд аз донистани таҳрими рибо онро талаб нанамоед).

    2:278

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)