Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 184 – 185

  1. أَيَّامًا مَعْدُودَاتٍ ۚ فَمَنْ كَانَ مِنْكُمْ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ ۚ وَعَلَى الَّذِينَ يُطِيقُونَهُ فِدْيَةٌ طَعَامُ مِسْكِينٍ ۖ فَمَنْ تَطَوَّعَ خَيْرًا فَهُوَ خَيْرٌ لَهُ ۚ وَأَنْ تَصُومُوا خَيْرٌ لَكُمْ ۖ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ

    Рӯзҳои муайян [-ро рӯзадорӣ кунед], пас, ҳар кас аз шумо, ки бемор ё мусофир бошад, [ба андозаи он рӯзҳое, ки натавонистааст рӯза бигирад] теъдоде аз рӯзҳои дигар [-ро рӯза бигирад] ва бар касоне, ки тавоноии онро надоранд, лозим аст каффора бидиҳанд [ва он ба баробари ҳар рӯз] хӯрок додан ба як тиҳидаст аст ва ҳар ки ба майли худ [бештар] накуӣ кунад, он [афзунбахшӣ ба суди ӯст ва] барояш беҳтар аст ва агар [фазилати рӯзадориро] бидонед, рӯза бароятон беҳтар [аз рӯзахӯрӣ ва пардохти каффора] аст

    2:184
  2. شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَىٰ وَالْفُرْقَانِ ۚ فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ ۖ وَمَنْ كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ ۗ يُرِيدُ اللَّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ وَلِتُكْمِلُوا الْعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَىٰ مَا هَدَاكُمْ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

    Моҳи рамазон [моҳе] аст, ки Қуръон дар он нозил шудааст; [китобе,] ки роҳнамои мардум аст ва далоили ошкоре аз ҳидоят [бо худ дорад] ва ҷудокунанда [-и ҳақ аз ботил] аст. Пас, ҳар яке аз шумо [ки муқиму солим аст] ин моҳро дарёбад, бояд онро рӯза бидорад ва ҳар ки бемор ё дар сафар бошад, [бояд ба теъдоди рӯзҳое, ки рӯза нагирифтааст] рӯзҳои дигаре [-ро рӯза бигирад]. Аллоҳ таоло [бо баёни ин аҳком] бароятон осонӣ мехоҳад ва душворӣ намехоҳад, то [битавонед рӯзадорӣ дар моҳи рамазон]-ро комил кунед ва Аллоҳро барои он ки ҳидоятатон кардааст, ба бузургӣ ёд кунед; бошад, ки шукр гузоред

    2:185

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»