Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 16 – 20
-
أُولَٰئِكَ الَّذِينَ اشْتَرَوُا الضَّلَالَةَ بِالْهُدَىٰ فَمَا رَبِحَتْ تِجَارَتُهُمْ وَمَا كَانُوا مُهْتَدِينَ
Онон касоне ҳастанд, ки гумроҳиро ба [баҳои] ҳидоят хариданд, пас, тиҷораташон суде надорад ва ҳидоятёфта набуданд.
2:16 -
مَثَلُهُمْ كَمَثَلِ الَّذِي اسْتَوْقَدَ نَارًا فَلَمَّا أَضَاءَتْ مَا حَوْلَهُ ذَهَبَ اللَّهُ بِنُورِهِمْ وَتَرَكَهُمْ فِي ظُلُمَاتٍ لَا يُبْصِرُونَ
Достони инон [мунофиқон] ҳаммонанди достони касест, ки оташе афрӯхт, пас, чун оташ перомунашро равшан сохт, Аллоҳ таоло нурашонро бигирифт ва дар торикиҳое, ки намебинанд, раҳояшон кард
2:17 -
صُمٌّ بُكْمٌ عُمْيٌ فَهُمْ لَا يَرْجِعُونَ
Кару лолу кӯранд ва [аз гумроҳии худ] бознамегарданд
2:18 -
أَوْ كَصَيِّبٍ مِنَ السَّمَاءِ فِيهِ ظُلُمَاتٌ وَرَعْدٌ وَبَرْقٌ يَجْعَلُونَ أَصَابِعَهُمْ فِي آذَانِهِمْ مِنَ الصَّوَاعِقِ حَذَرَ الْمَوْتِ ۚ وَاللَّهُ مُحِيطٌ بِالْكَافِرِينَ
Ё [мисолашон] ҳамчун [гирифторони] борони сахт (сел) аст, ки аз осмон [фурӯ мерезад] ва дар он торикиҳо ва раъду барқ бошад ва онон аз тарси марг ангуштони худро дар гӯшҳояшон фурӯ мебаранд, то садои соиқа [оташак]-ро нашнаванд ва Аллоҳ таоло ба кофирон иҳота дорад
2:19 -
يَكَادُ الْبَرْقُ يَخْطَفُ أَبْصَارَهُمْ ۖ كُلَّمَا أَضَاءَ لَهُمْ مَشَوْا فِيهِ وَإِذَا أَظْلَمَ عَلَيْهِمْ قَامُوا ۚ وَلَوْ شَاءَ اللَّهُ لَذَهَبَ بِسَمْعِهِمْ وَأَبْصَارِهِمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
Наздик аст, ки барқ чашмонашонро бирабояд, ҳар гоҳ ки [барқ мезанад ва роҳро] бар онон равшан месозад, қадаме дар [партави] он мегузоранд ва чун торикӣ ононро фаро гирад, [ҳайратзада] бозмеистанд; ва агар Аллоҳ таоло бихоҳад, шунавоӣ ва биноиашонро аз байн мебарад, зеро Аллоҳ таоло бар ҳар коре тавоност
2:20
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»