Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 108 – 109
-
أَمْ تُرِيدُونَ أَنْ تَسْأَلُوا رَسُولَكُمْ كَمَا سُئِلَ مُوسَىٰ مِنْ قَبْلُ ۗ وَمَنْ يَتَبَدَّلِ الْكُفْرَ بِالْإِيمَانِ فَقَدْ ضَلَّ سَوَاءَ السَّبِيلِ
[Эй муъминон] Оё мехоҳед аз паёмбари худ [мавориди номаъқуле ҳамчун дидори Аллоҳро] дархост кунед, ки пеш аз ин аз Мӯсо хоста шуд? Касе, ки куфрро ба [ҷойи] имон баргузинад, мусалламан роҳи ростро гум кардааст
2:108 -
وَدَّ كَثِيرٌ مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ لَوْ يَرُدُّونَكُمْ مِنْ بَعْدِ إِيمَانِكُمْ كُفَّارًا حَسَدًا مِنْ عِنْدِ أَنْفُسِهِمْ مِنْ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ الْحَقُّ ۖ فَاعْفُوا وَاصْفَحُوا حَتَّىٰ يَأْتِيَ اللَّهُ بِأَمْرِهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
Бисёре аз аҳли китоб пас аз ин, ки ҳақ барояшон ошкор гардид, ба хотири ҳасодате, ки дар вуҷудашон аст, орзу доранд, ки шуморо баъд аз имонатон ба ҳоли куфр бозгардонанд. Пас, шумо афв кунед ва [аз эшон] даргузаред, то Аллоҳ таоло фармони хешро [барои ҷиҳод бо онон] содир намояд. Ҳамоно Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност
2:109
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»