Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 104 – 107
-
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَقُولُوا رَاعِنَا وَقُولُوا انْظُرْنَا وَاسْمَعُوا ۗ وَلِلْكَافِرِينَ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Эй касоне, ки имон овардаед, [ҳангоме ки аз паёмбар барои дарки оёти Қуръон дархости муҳлат мекунед] нагӯед: "Роъино" [Зеро таъбири мазкур илова бар маънои аслӣ мафҳуми тавҳиномезе ҳамгуни "нодонӣ"-ро ба зеҳн мерасонад], балки бигӯед: "Унзурно" [каме ба мо фурсат бидеҳ] ва [он гоҳ ба оёти Қуръон] гӯш кунед ва [яқин бидонед, ки] кофирон [ва тамасхуркунандагони паёмбар] азоби дарднок [дар пеш] доранд
2:104 -
مَا يَوَدُّ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ وَلَا الْمُشْرِكِينَ أَنْ يُنَزَّلَ عَلَيْكُمْ مِنْ خَيْرٍ مِنْ رَبِّكُمْ ۗ وَاللَّهُ يَخْتَصُّ بِرَحْمَتِهِ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ ذُو الْفَضْلِ الْعَظِيمِ
Кофирон – аз аҳли китоб ва мушрикон – дӯст намедоранд, ки аз ҷониби Парвардигоратон хайру баракате бар шумо нозил гардад, дар ҳоле ки Аллоҳ таоло раҳмати худро ба ҳар кас, ки бихоҳад, ихтисос медиҳад ва Аллоҳ таоло дорои фазли бузург аст
2:105 -
مَا نَنْسَخْ مِنْ آيَةٍ أَوْ نُنْسِهَا نَأْتِ بِخَيْرٍ مِنْهَا أَوْ مِثْلِهَا ۗ أَلَمْ تَعْلَمْ أَنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
Ҳар оятеро насх кунем ё [аз дили мардум бизудоем ва] фаромӯшаш гардонем, беҳтар аз он ё ҳаммонандашро меоварем. [Эй паёмбар] Оё намедонӣ, ки Аллоҳ таоло бар ҳар чиз тавоност
2:106 -
أَلَمْ تَعْلَمْ أَنَّ اللَّهَ لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۗ وَمَا لَكُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا نَصِيرٍ
Оё намедонӣ, ки фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст ва шумо ба ҷуз Аллоҳ таоло [ҳеҷ] дӯсту ёваре надоред [ки корсозатон бошад]
2:107
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»