Сура 110 Ан-Наср (Наср), оят 3
-
فَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ وَاسْتَغْفِرْهُ ۚ إِنَّهُ كَانَ تَوَّابًا
Пас ба ситоиши Парвардигорат тасбеҳ бигӯ ва аз ӯ омурзиш бихоҳ (зеро сафари охирати ту наздик аст ва ба зудӣ ҷаҳонро падруд хоҳӣ гуфт)[Дар охири зиндагиаш Паёмбар дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод ин суханонро бисёр мегуфта аст: «Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи ва астағфируҳу ва атубу илайҳи», яъне Аллоҳ хеле пок аст ва сипос мар ӯро, аз ӯ омурзиш мехоҳам ва ба сӯи ӯ пӯзиш (тавба) мекунам]. Ҳароина, ӯ (барои пӯзишхоҳон) бисёр пӯзишпазиранда аст.
110:3
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)