Сура 109 Ал-Кофирун (Кофирун)
-
قُلْ يَا أَيُّهَا الْكَافِرُونَ
(Эй Паёмбар, ба он мушриконе, ки аз ту хостанд соле шумо худоёни ботили эшонро парастиш намоед ва соле онҳо Аллоҳи яктои тавонои туро парастиш кунанд, эшонро) бигӯ, эй кофирон (ба яктогии Аллоҳ)!
109:1 -
لَا أَعْبُدُ مَا تَعْبُدُونَ
(Акнун) ман он чиро шумо (монанди анбозу бутҳо) мепарастед, намепарастам.
109:2 -
وَلَا أَنْتُمْ عَابِدُونَ مَا أَعْبُدُ
Ва на (акнун) шумо парастандагонед он (Аллоҳи яктои беҳамто)-ро ки мо мепарастам.
109:3 -
وَلَا أَنَا عَابِدٌ مَا عَبَدْتُمْ
Ва на ман парастандаам он чиро шумо (ғайр аз Аллоҳи якто) мепарастед (ва парастиши бутҳоро напазирам ва шуморо пайравӣ накунам).
109:4 -
وَلَا أَنْتُمْ عَابِدُونَ مَا أَعْبُدُ
Ва на шумо парастандагонед он (Аллоҳи ягона)-ро ки ман мепарастам (ва фармонҳои маъбудӣ ва шариъати ӯро нахоҳед пазируфт).
109:5 -
لَكُمْ دِينُكُمْ وَلِيَ دِينِ
Шуморо ойини (ширку куфри) шумо ва маро ойини (яктопарастии Исломи) ман аст.
109:6
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)