Сура 108 Ал-Кавсар (Кавсар)
-
إِنَّا أَعْطَيْنَاكَ الْكَوْثَرَ
Ҳароина, мо ба ту Кавсарро додем.
108:1 -
فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَانْحَرْ
Пас (холис) барои Парвардигори худ намоз бигзор ва (барои порсоӣ ва сипоси Аллоҳ) қурбонӣ [Қурбонӣ ҷуз Аллоҳи тавоно касеро насазад ва ҳар кӣ аз баҳри офаридае ва ё мазоре ва ё санге ва ё ҷинние ва ё бо номи марди солеҳе, ки аз ҷаҳон даргузашта аст, қурбонӣ кунад, ба дурустӣ ба Аллоҳ анбозу ҳамто гирифта ва агар аз ин кирдораш бознагардаду тавба накунад, ҳамоно аз касоне хоҳад буд, ки дар дӯзах шиканҷа бинанд ва аз он ҳаргиз бурун наёянд] кун! [Нахуст, намози иди Қурбонро бигзоранд ва сипас қурбонӣ кунанд]
108:2 -
إِنَّ شَانِئَكَ هُوَ الْأَبْتَرُ
Ҳароина, танҳо бадбин (кинатӯз)-и ту думбурида[Думбурида касест, ки насли мардонаи ӯ бимирад ва онки туро ва он чӣ бо худ аз раҳнамунии роҳи рост ва далелҳои рӯшан ва рӯшноии ошкоро овардаӣ душманӣ ва мухолифат кунад, ҳамоно хору залил ӯст ва насли мардонаи ӯ бурида ва мунқатеъст] аст.[Каъб писари Ашраф ба Макка омад ва Қурайш бад-ӯ гуфтанд: Ту беҳтарини бошандагони Мадина ва хоҷаи эшонӣ, оё ин фурӯмояи буридаро аз қавми хеш намебинӣ, даъво мекунад, ки ӯ аз мо беҳтар аст, ҳол он ки мо хидматгузорони ҳоҷиён ва пардадорони Каъба ва обдиҳандагони ҳоҷиёнем. Каъб писари Ашраф гуфт: Шумо аз ӯ беҳтаред, пас ин оят фуруд омад: “Инна шони’ака ҳува-л-абтар.” Тафсири Ибни Касир; 4/560]
108:3
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)