Сура 108 Ал-Кавсар (Кавсар), оят 3

  1. إِنَّ شَانِئَكَ هُوَ الْأَبْتَرُ

    Ҳароина, танҳо бадбин (кинатӯз)-и ту думбурида[Думбурида касест, ки насли мардонаи ӯ бимирад ва онки туро ва он чӣ бо худ аз раҳнамунии роҳи рост ва далелҳои рӯшан ва рӯшноии ошкоро овардаӣ душманӣ ва мухолифат кунад, ҳамоно хору залил ӯст ва насли мардонаи ӯ бурида ва мунқатеъст] аст.[Каъб писари Ашраф ба Макка омад ва Қурайш бад-ӯ гуфтанд: Ту беҳтарини бошандагони Мадина ва хоҷаи эшонӣ, оё ин фурӯмояи буридаро аз қавми хеш намебинӣ, даъво мекунад, ки ӯ аз мо беҳтар аст, ҳол он ки мо хидматгузорони ҳоҷиён ва пардадорони Каъба ва обдиҳандагони ҳоҷиёнем. Каъб писари Ашраф гуфт: Шумо аз ӯ беҳтаред, пас ин оят фуруд омад: “Инна шони’ака ҳува-л-абтар.” Тафсири Ибни Касир; 4/560]

    108:3

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)