Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 72 – 74

  1. وَإِذْ قَتَلْتُمْ نَفْسًا فَادَّارَأْتُمْ فِيهَا ۖ وَاللَّهُ مُخْرِجٌ مَا كُنْتُمْ تَكْتُمُونَ

    Ва [ба ёд оваред] ҳангоме ки фардеро куштед ва дар бораи [қотили] ӯ ба низоъ пардохтед ва Аллоҳ таоло чизеро, ки пинҳон мекардед, ошкор намуд

    2:72
  2. فَقُلْنَا اضْرِبُوهُ بِبَعْضِهَا ۚ كَذَٰلِكَ يُحْيِي اللَّهُ الْمَوْتَىٰ وَيُرِيكُمْ آيَاتِهِ لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ

    Пас гуфтем: "Порае аз [бадани] говро ба мақтул бизанед [то зинда шавад ва қотили хешро муаррифӣ кунад]. Аллоҳ таоло мурдагонро ҳамин гуна зинда мекунад ва нишонаҳои [ошкори қудрати] хешро ба шумо нишон медиҳад, бошад, ки бияндешед"

    2:73
  3. ثُمَّ قَسَتْ قُلُوبُكُمْ مِنْ بَعْدِ ذَٰلِكَ فَهِيَ كَالْحِجَارَةِ أَوْ أَشَدُّ قَسْوَةً ۚ وَإِنَّ مِنَ الْحِجَارَةِ لَمَا يَتَفَجَّرُ مِنْهُ الْأَنْهَارُ ۚ وَإِنَّ مِنْهَا لَمَا يَشَّقَّقُ فَيَخْرُجُ مِنْهُ الْمَاءُ ۚ وَإِنَّ مِنْهَا لَمَا يَهْبِطُ مِنْ خَشْيَةِ اللَّهِ ۗ وَمَا اللَّهُ بِغَافِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ

    Пас аз он [бо вуҷуди ин муъҷизаи бузург] дилҳои шумо сахт шуд, ҳамчун санг, ё сахттар, зеро [ҳоли дилҳоятон ҳаргиз тағйир намекунад, аммо сангҳо дучори тағйиру таҳаввул мешаванд, чунон ки] бархе аз сангҳо мешикофанд ва аз онҳо ҷӯйборҳое ҷорӣ мешаванд ва бархе мешикофанду [чашмаҳои] об аз онҳо меҷӯшад ва бархе аз тарси Аллоҳ таоло [аз фарози кӯҳҳо] фурӯ меафтанд. Ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, ғофил нест

    2:74

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»