Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 30 – 39

  1. وَإِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلَائِكَةِ إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً ۖ قَالُوا أَتَجْعَلُ فِيهَا مَنْ يُفْسِدُ فِيهَا وَيَسْفِكُ الدِّمَاءَ وَنَحْنُ نُسَبِّحُ بِحَمْدِكَ وَنُقَدِّسُ لَكَ ۖ قَالَ إِنِّي أَعْلَمُ مَا لَا تَعْلَمُونَ

    Ва [ёд кун] ҳангоме ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: "Ман дар замин ҷонишине хоҳам гумошт. Онон гуфтанд: Оё касеро дар он ҷо мегуморӣ, ки табаҳкорӣ ва хунрезӣ кунад, дар ҳоле ки мо Туро бо сипос ба покӣ меситоем ва тақдис мекунем? Аллоҳ таоло гуфт: "Ман [дар бораи ҳадафу маслиҳати офариниши ӯ] чизҳое медонам, ки шумо намедонед"

    2:30
  2. وَعَلَّمَ آدَمَ الْأَسْمَاءَ كُلَّهَا ثُمَّ عَرَضَهُمْ عَلَى الْمَلَائِكَةِ فَقَالَ أَنْبِئُونِي بِأَسْمَاءِ هَٰؤُلَاءِ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ

    Он гоҳ ҳамаи номҳо [-и ашё ва мавҷудот]-ро ба Одам омӯхт. Сипас онҳоро ба фариштагон арза дошт ва фармуд: "Агар рост мегӯед, аз номҳои инҳо ба ман хабар диҳед"

    2:31
  3. قَالُوا سُبْحَانَكَ لَا عِلْمَ لَنَا إِلَّا مَا عَلَّمْتَنَا ۖ إِنَّكَ أَنْتَ الْعَلِيمُ الْحَكِيمُ

    [Фариштагон] Гуфтанд: "Муназзаҳӣ [покӣ], Ту! Мо чизе ҷуз он чи ба мо омӯхтаӣ намедонем. Ту донои ҳакимӣ"

    2:32
  4. قَالَ يَا آدَمُ أَنْبِئْهُمْ بِأَسْمَائِهِمْ ۖ فَلَمَّا أَنْبَأَهُمْ بِأَسْمَائِهِمْ قَالَ أَلَمْ أَقُلْ لَكُمْ إِنِّي أَعْلَمُ غَيْبَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَأَعْلَمُ مَا تُبْدُونَ وَمَا كُنْتُمْ تَكْتُمُونَ

    Фармуд: "Эй Одам, ононро аз номҳояшон огоҳ кун". Ҳангоме ки вай ононро огоҳ кард, [Аллоҳ таоло] фармуд: "Оё ба шумо нагуфтам, ки ман асрори осмонҳову заминро медонам ва аз он чи, ки ошкор мекунед ва пинҳон медоштед, огоҳам"?

    2:33
  5. وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلَائِكَةِ اسْجُدُوا لِآدَمَ فَسَجَدُوا إِلَّا إِبْلِيسَ أَبَىٰ وَاسْتَكْبَرَ وَكَانَ مِنَ الْكَافِرِينَ

    [Ёд кун] Ҳангоме ки ба фариштагон гуфтем: "Барои [бузургдошту эҳтиром бар] Одам саҷда кунед"! Пас, [ҳамагӣ] саҷда карданд, ба ҷуз иблис, ки худдорӣ кард ва такаббур варзид ва аз кофирон шуд.

    2:34
  6. وَقُلْنَا يَا آدَمُ اسْكُنْ أَنْتَ وَزَوْجُكَ الْجَنَّةَ وَكُلَا مِنْهَا رَغَدًا حَيْثُ شِئْتُمَا وَلَا تَقْرَبَا هَٰذِهِ الشَّجَرَةَ فَتَكُونَا مِنَ الظَّالِمِينَ

    Гуфтем: "Эй Одам, ту ва ҳамсарат [Ҳавво] дар биҳишт сукунат кунед ва аз [неъматҳои] он – аз ҳар ҷо, ки мехоҳед – гуворо бихӯред, аммо ба ин дарахт наздик нашавед, ки [ба хотири сарпечӣ аз фармони илоҳӣ] дар зумраи ситамгорон хоҳед буд"

    2:35
  7. فَأَزَلَّهُمَا الشَّيْطَانُ عَنْهَا فَأَخْرَجَهُمَا مِمَّا كَانَا فِيهِ ۖ وَقُلْنَا اهْبِطُوا بَعْضُكُمْ لِبَعْضٍ عَدُوٌّ ۖ وَلَكُمْ فِي الْأَرْضِ مُسْتَقَرٌّ وَمَتَاعٌ إِلَىٰ حِينٍ

    Пас, шайтон муҷиби лағжиш [ва сарпечии] он ду шуд. Сипас Аллоҳ таоло онҳоро аз он чи дар он буданд [биҳишт] берун кард ва [ба он ду тан ва шайтон] гуфтем: "Ҳамагӣ [ба замин] фуруд оед, дар ҳоле ки душмани якдигар хоҳед буд ва бароятон дар замин то муддати муайян қароргоҳ ва василаи баҳрабардорӣ вуҷуд хоҳад дошт"

    2:36
  8. فَتَلَقَّىٰ آدَمُ مِنْ رَبِّهِ كَلِمَاتٍ فَتَابَ عَلَيْهِ ۚ إِنَّهُ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ

    Он гоҳ Одам аз Парвардигораш калимоте фаро гирифт [ва дархости бахшоиш намуд] ва Аллоҳ таоло тавбаи ӯро пазируфт, чаро ки Аллоҳ таоло тавбапазиру меҳрубон аст

    2:37
  9. قُلْنَا اهْبِطُوا مِنْهَا جَمِيعًا ۖ فَإِمَّا يَأْتِيَنَّكُمْ مِنِّي هُدًى فَمَنْ تَبِعَ هُدَايَ فَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ

    Гуфтем: "Ҳамагӣ аз он [биҳишт] фуруд оед ва ҳар гоҳ аз ҷониби Ман раҳнамуде бароятон омад, касоне, ки аз он [ҳидоят] пайравӣ кунанд, на тарсе хоҳанд дошт ва на андӯҳгин мешаванд"

    2:38
  10. وَالَّذِينَ كَفَرُوا وَكَذَّبُوا بِآيَاتِنَا أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ

    Ва касоне, ки кофир шуданд ва нишонаҳои [қудрату яктоии] моро дурӯғ пиндоштанд, онон аҳли дӯзаханд ва ҳамеша дар он хоҳанд буд

    2:39

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»