Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 183 – 184

  1. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ

    [Дар оғози Ислом мусалмонон аз ҳар моҳе се рӯзро рӯза медоштанд, сипас бо рӯза доштани моҳи Рамазон насх гардид, ки соли дуввуми ҳиҷрат бар эшон фарз шуд:] Эй касоне ки имон овардед, бар шумо рӯза доштан[[ Имом Муслим (1079) дар фазли Рамазон ривоят карда аст: إِذَا جَاءَ رَمَضَانُ فُتِّحَتْ أَبْوَابُ الْجَنَّةِ وَغُلِّقَتْ أَبْوَابُ النَّارِ وَصُفِّدَتْ الشَّيَاطِينُ «Чун Рамазон бирасад дарвозаҳои биҳишт кушода гарданд ва дарвозаҳои дӯзах баста гарданд ва шайтонҳо занҷирбанд шаванд». Дар «Саҳиҳ»-и Имом Бухорӣ (38) омада аст: مَنْ صَامَ رَمَضَانَ إِيمَانًا وَاحْتِسَابًا غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ «Ҳар кӣ Рамазонро аз рӯи имон ва бо умеди савоб рӯза дорад, гуноҳони пешинааш омурзида шаванд».]] (-и моҳи Рамазон аз дамидани субҳ то нишастани офтоб) фарз карда шуд, ҳамчуноне ки бар касони пеш аз шумо фарз шуда буд, то бошад, ки (аз муҳаррамоту маъсиятҳо) парҳезгорӣ кунед (, зеро ки рӯза шаҳватро шикаста месозад ва шаҳват ошкоркунандаи гуноҳҳост).

    2:183
  2. أَيَّامًا مَعْدُودَاتٍ ۚ فَمَنْ كَانَ مِنْكُمْ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ ۚ وَعَلَى الَّذِينَ يُطِيقُونَهُ فِدْيَةٌ طَعَامُ مِسْكِينٍ ۖ فَمَنْ تَطَوَّعَ خَيْرًا فَهُوَ خَيْرٌ لَهُ ۚ وَأَنْ تَصُومُوا خَيْرٌ لَكُمْ ۖ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ

    [Дар оғози фарз гаштани рӯзаи моҳи Рамазон касе ки мехост, рӯза медошт ва касе ки намехост, рӯза намедошт ва ба ҷои ҳар рӯз бечораеро сер мекард, вале ояти баъдина ин ҳукмро бекор кард, вале ҳукм барои пирони солхӯрда ва занони обистану ширдеҳ барҷо монд.] (Рӯзадорӣ) чанд рӯзи (андаки) ба шумор аст (, гоҳе бисту нӯҳ ва гоҳе сӣ рӯз дароз мекашад), пас ҳар кӣ аз шумо (ҳангоми даромадани моҳи Рамазон) бемор ва ё дар сафар бошад (, барояш равост, ки рӯза надорад), онгоҳ (баъд аз тандуруст шудан ва аз сафар баргаштан) бар вай (бо андозаи ончӣ рӯза хӯрда аст, рӯза доштани) муддате аз рӯзҳои (моҳҳои) дигар воҷиб аст ва бар касоне ки (, чун бемор ва ё чун пирон ба сабаби солхӯрдагӣ ва ё чун занони обистан ё ширдеҳ бо заҳмату ранҷ) рӯзадорӣ метавонанд (ва ё рӯза намедоранд ба ивази ҳар рӯзе) фидяи хӯронидани бечорае лозим аст. Пас ҳар кӣ некие бияфзояд (ва беш аз як гуруснаро сер кунад), пас он (некӣ) барояш беҳтар бувад. Ва он ки рӯза бидоред барои (дунёву охират ва тандурустии) шумо (аз рӯза хӯрдан ва фидя додан) беҳтар аст, агар (суду музду фазли рӯзадориро) бидонед.

    2:184

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)