Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 128 – 130

  1. رَبَّنَا وَاجْعَلْنَا مُسْلِمَيْنِ لَكَ وَمِنْ ذُرِّيَّتِنَا أُمَّةً مُسْلِمَةً لَكَ وَأَرِنَا مَنَاسِكَنَا وَتُبْ عَلَيْنَا ۖ إِنَّكَ أَنْتَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ

    Парвардигоро, моро [таслим ва] фармонбардори худ қарор бидеҳ ва аз фарзандонамон [низ] уммате фармонбардори худ [падид овар] ва одоби ибодатамонро ба мо нишон бидеҳ ва тавбаи моро бипазир. Ҳаққо, ки Ту тавбапазиру меҳрубонӣ

    2:128
  2. رَبَّنَا وَابْعَثْ فِيهِمْ رَسُولًا مِنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِكَ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَيُزَكِّيهِمْ ۚ إِنَّكَ أَنْتَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ

    Парвардигоро, дар миёни онон [мардуми Макка] паёмбаре аз худашон [аз насли Исмоил] барангез, то оёти Туро бар онон бихонад ва ба эшон китобу ҳикмате биёмӯзаду [аз ширку нодонӣ] покиза гардонад. Ҳамоно ки Ту пирӯзманду ҳакимӣ

    2:129
  3. وَمَنْ يَرْغَبُ عَنْ مِلَّةِ إِبْرَاهِيمَ إِلَّا مَنْ سَفِهَ نَفْسَهُ ۚ وَلَقَدِ اصْطَفَيْنَاهُ فِي الدُّنْيَا ۖ وَإِنَّهُ فِي الْآخِرَةِ لَمِنَ الصَّالِحِينَ

    Ва чи касе ҷуз он ки худро ба [сабуксариву] нодонӣ меандозад аз оини Иброҳим рӯйгардон мегардад? Ва ба ростӣ, ки мо ӯро дар дунё баргузидем ва бе тардид дар охират [низ] аз шоистагон хоҳад буд

    2:130

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»