Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 1 – 7

  1. الم

    Алиф, лом, мим.

    2:1
  2. ذَٰلِكَ الْكِتَابُ لَا رَيْبَ ۛ فِيهِ ۛ هُدًى لِلْمُتَّقِينَ

    Ин китобест, ки ҳеҷ тардиде [шакку гумоне] дар [китоби илоҳӣ будани] он нест ва мояи ҳидояти парҳезгорон аст.

    2:2
  3. الَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِالْغَيْبِ وَيُقِيمُونَ الصَّلَاةَ وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنْفِقُونَ

    Он касоне, ки [дар ниҳону ошкор] ба ғайб имон доранд ва намоз барпо медоранд ва аз он чи ба эшон рӯзӣ додаем, инфоқ [сарфу харҷ ва хайр] мекунанд.

    2:3
  4. وَالَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِمَا أُنْزِلَ إِلَيْكَ وَمَا أُنْزِلَ مِنْ قَبْلِكَ وَبِالْآخِرَةِ هُمْ يُوقِنُونَ

    Ва онҳое, ки ба он чи бар ту ва [бар паёмбарони] пеш аз ту нозил шудааст, имон меоваранд ва бар рӯзи растохез яқин доранд.

    2:4
  5. أُولَٰئِكَ عَلَىٰ هُدًى مِنْ رَبِّهِمْ ۖ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ

    Онҳо аз ҷониби Парвардигорашон аз ҳидоят бархӯрдоранд ва ононад, ки растагоранд.

    2:5
  6. إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا سَوَاءٌ عَلَيْهِمْ أَأَنْذَرْتَهُمْ أَمْ لَمْ تُنْذِرْهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ

    Бар касоне, ки кофир шудаанд, баробар аст, ки оё бимашон додаӣ, ё надодаӣ, имон нахоҳанд овард.

    2:6
  7. خَتَمَ اللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ وَعَلَىٰ سَمْعِهِمْ ۖ وَعَلَىٰ أَبْصَارِهِمْ غِشَاوَةٌ ۖ وَلَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ

    Аллоҳ таоло бар дилҳо ва гӯшҳояшон муҳр [-и ғафлат] задааст ва бар чашмҳояшон пардаест ва барояшон азоби бузурге [дар пеш] аст

    2:7

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»