Сура 7 Ал-Аъроф (Баландиҳо), оят 26 – 31
-
يَا بَنِي آدَمَ قَدْ أَنْزَلْنَا عَلَيْكُمْ لِبَاسًا يُوَارِي سَوْآتِكُمْ وَرِيشًا ۖ وَلِبَاسُ التَّقْوَىٰ ذَٰلِكَ خَيْرٌ ۚ ذَٰلِكَ مِنْ آيَاتِ اللَّهِ لَعَلَّهُمْ يَذَّكَّرُونَ
Эй фарзандони Одам, ҳамоно бароятон либосе фурӯ фиристодем, ки шармгоҳҳотонро мепӯшонад ва [мояи] зинати шумост ва [барои муъмин] либоси парҳезгорӣ беҳтар аст. Ин аз нишонаҳои [қудрати] Аллоҳ таолост, бошад, ки [инсонҳо] панд гиранд
7:26 -
يَا بَنِي آدَمَ لَا يَفْتِنَنَّكُمُ الشَّيْطَانُ كَمَا أَخْرَجَ أَبَوَيْكُمْ مِنَ الْجَنَّةِ يَنْزِعُ عَنْهُمَا لِبَاسَهُمَا لِيُرِيَهُمَا سَوْآتِهِمَا ۗ إِنَّهُ يَرَاكُمْ هُوَ وَقَبِيلُهُ مِنْ حَيْثُ لَا تَرَوْنَهُمْ ۗ إِنَّا جَعَلْنَا الشَّيَاطِينَ أَوْلِيَاءَ لِلَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ
Эй фарзандони Одам, [огоҳ бошед, ки] шайтон шуморо нафиребад, чунончи падару модаратонро аз биҳишт берун кард ва либосашонро аз танашон [берун] кашид, то шармгоҳашонро ба онон нишон диҳад. Бе тардид, ӯ ва гурӯҳаш аз ҷойе, ки онҳоро намебинед, шуморо мебинанд. Ба ростӣ, ки Мо шаётинро дӯстони касоне қарор додаем, ки имон намеоваранд
7:27 -
وَإِذَا فَعَلُوا فَاحِشَةً قَالُوا وَجَدْنَا عَلَيْهَا آبَاءَنَا وَاللَّهُ أَمَرَنَا بِهَا ۗ قُلْ إِنَّ اللَّهَ لَا يَأْمُرُ بِالْفَحْشَاءِ ۖ أَتَقُولُونَ عَلَى اللَّهِ مَا لَا تَعْلَمُونَ
Ва чун [мушрикон] кори зиште анҷом медиҳанд, мегӯянд: «Мо ниёгони худро бар ин [кор] ёфтаем ва Аллоҳ таоло моро ба [анҷоми] он фармон додаст». Бигӯ: «Аллоҳ таоло ҳаргиз ба зишткорӣ фармон намедиҳад. Оё суханеро, ки намедонед, ба Аллоҳ таоло нисбат медиҳед?»
7:28 -
قُلْ أَمَرَ رَبِّي بِالْقِسْطِ ۖ وَأَقِيمُوا وُجُوهَكُمْ عِنْدَ كُلِّ مَسْجِدٍ وَادْعُوهُ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ ۚ كَمَا بَدَأَكُمْ تَعُودُونَ
[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Парвардигорам ба адолат фармон додааст ва [инки ҳама ҷо, ба вижа] дар ҳар масҷиде [холисона] рӯйи хешро ба сӯйи [қиблаи] Ӯ кунед ва Ӯро дар ҳоли [ба дуо ва ниёиш] бихонед ки дин [-и худ]-ро барояш холис намудаед. [Ва бидонед] Ҳамон гуна ки шуморо дар оғоз падид овард, [пас аз марг низ бори дигар ба сӯяш] бозмегардед
7:29 -
فَرِيقًا هَدَىٰ وَفَرِيقًا حَقَّ عَلَيْهِمُ الضَّلَالَةُ ۗ إِنَّهُمُ اتَّخَذُوا الشَّيَاطِينَ أَوْلِيَاءَ مِنْ دُونِ اللَّهِ وَيَحْسَبُونَ أَنَّهُمْ مُهْتَدُونَ
[Аллоҳ таоло] Гурӯҳеро ҳидоят кард ва бар гурӯҳ [-и дигар]-е гумроҳӣ муқаррар гаштааст; зеро онон ба ҷойи Аллоҳ таоло шаётинро [ба унвони] дӯстон [-и хеш] баргузиданд ва гумон мекарданд, ки ҳидоят ёфтаанд»
7:30 -
يَا بَنِي آدَمَ خُذُوا زِينَتَكُمْ عِنْدَ كُلِّ مَسْجِدٍ وَكُلُوا وَاشْرَبُوا وَلَا تُسْرِفُوا ۚ إِنَّهُ لَا يُحِبُّ الْمُسْرِفِينَ
Эй фарзандони Одам, ҳангоми рафтан ба масҷид [ва дар ҳар намозе] зинати худро баргиред [ва либоси шоиста бипӯшед] ва [дар зиндагӣ, аз хӯрокҳои покиза] бихӯред ва биошомед, вале исроф накунед, [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло исрофкунандагонро дӯст намедорад
7:31
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»