Сура 58 Ал-Муҷодала (Ҷидол кардан), оят 7 – 13

  1. أَلَمْ تَرَ أَنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۖ مَا يَكُونُ مِنْ نَجْوَىٰ ثَلَاثَةٍ إِلَّا هُوَ رَابِعُهُمْ وَلَا خَمْسَةٍ إِلَّا هُوَ سَادِسُهُمْ وَلَا أَدْنَىٰ مِنْ ذَٰلِكَ وَلَا أَكْثَرَ إِلَّا هُوَ مَعَهُمْ أَيْنَ مَا كَانُوا ۖ ثُمَّ يُنَبِّئُهُمْ بِمَا عَمِلُوا يَوْمَ الْقِيَامَةِ ۚ إِنَّ اللَّهَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ

    Магар надидаӣ, ки Аллоҳ таоло он чиро, ки дар осмонҳо ва он чиро, ки дар замин аст, медонад? Ҳеҷ наҷвое миёни се нафар набошад, магар он ки Ӯ чаҳорумини онҳост ва на миёни панҷ нафар, магар он ки Ӯ шашумини онҳост ва на камтар аз ин [адад] на бештар, магар он ки ҳар куҷо бошанд, Ӯ ҳамроҳи онҳост. Сипас рӯзи қиёмат онҳоро аз он чи кардаанд, бохабар месозад. Бе гумон, Аллоҳ таоло ба ҳама чиз доност

    58:7
  2. أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ نُهُوا عَنِ النَّجْوَىٰ ثُمَّ يَعُودُونَ لِمَا نُهُوا عَنْهُ وَيَتَنَاجَوْنَ بِالْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَمَعْصِيَتِ الرَّسُولِ وَإِذَا جَاءُوكَ حَيَّوْكَ بِمَا لَمْ يُحَيِّكَ بِهِ اللَّهُ وَيَقُولُونَ فِي أَنْفُسِهِمْ لَوْلَا يُعَذِّبُنَا اللَّهُ بِمَا نَقُولُ ۚ حَسْبُهُمْ جَهَنَّمُ يَصْلَوْنَهَا ۖ فَبِئْسَ الْمَصِيرُ

    [Эй Паёмбар,] магар надидаӣ касонеро, ки аз наҷво наҳй шуданд, сипас ба он чӣ аз он наҳй шуда буданд, бозмегарданд ва ба гуноҳ ва таҷовуз ва нофармонӣ аз паёмбар бо ҳам наҷво мекунанд ва ҳангоме ки назди ту меоянд, ба наҷво ба ту дуруд мефиристанд, ки [ҳатто] Аллоҳ таоло бо он [калимот] ба ту дуруду салом нагуфтааст; ва [онҳо] дар дили худ мегӯянд: «Чаро Аллоҳ таоло моро ба [кайфари] он чи мегӯем, азоб намекунад?» Ҷаҳаннам барояшон кофӣ аст, [ки] ба он ворид мешаванд; ва чи бад [саранҷом ва] ҷойгоҳе аст!

    58:8
  3. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا تَنَاجَيْتُمْ فَلَا تَتَنَاجَوْا بِالْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَمَعْصِيَتِ الرَّسُولِ وَتَنَاجَوْا بِالْبِرِّ وَالتَّقْوَىٰ ۖ وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي إِلَيْهِ تُحْشَرُونَ

    Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки бо якдигар наҷво мекунед, ба қасди гуноҳ ва таҷовуз ва нофармонӣ аз расул наҷво накунед ва ба некӣ ва парҳезгорӣ наҷво кунед ва аз Аллоҳ таоло битарсед, ки ба сӯи Ӯ ҳашр хоҳед шуд.

    58:9
  4. إِنَّمَا النَّجْوَىٰ مِنَ الشَّيْطَانِ لِيَحْزُنَ الَّذِينَ آمَنُوا وَلَيْسَ بِضَارِّهِمْ شَيْئًا إِلَّا بِإِذْنِ اللَّهِ ۚ وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ

    Ҷуз ин нест, ки сухани пинҳоне [ки муҷиби гуноҳ ва душманӣ мегардад] аз сӯи шайтон аст, то касонеро, ки имон овардаанд, [бо онҳо гирифтор кунад ва дар натиҷа] андӯҳгин созад ва [ҳол он ки ӯ] ҷуз ба фармони Аллоҳ таоло наметавонад ҳеҷ зараре ба онон бирасонад; пас, муъминон бояд бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд

    58:10
  5. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا قِيلَ لَكُمْ تَفَسَّحُوا فِي الْمَجَالِسِ فَافْسَحُوا يَفْسَحِ اللَّهُ لَكُمْ ۖ وَإِذَا قِيلَ انْشُزُوا فَانْشُزُوا يَرْفَعِ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا مِنْكُمْ وَالَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ دَرَجَاتٍ ۚ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ

    Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки ба шумо гуфта шавад: «Дар маҷолис ҷо боз кунед», пас, [ҷо] боз кунед [ки бо ин кор] Аллоҳ таоло барои шумо кушоиш меоварад ва ҳангоме ки гуфта шавад: «Бархезед», пас, бархезед. Аллоҳ таоло мақом [-у дараҷот]-и касоне аз шуморо, ки имон овардаанд ва касонеро, ки илм дода шудаанд, боло мебарад ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст

    58:11
  6. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا نَاجَيْتُمُ الرَّسُولَ فَقَدِّمُوا بَيْنَ يَدَيْ نَجْوَاكُمْ صَدَقَةً ۚ ذَٰلِكَ خَيْرٌ لَكُمْ وَأَطْهَرُ ۚ فَإِنْ لَمْ تَجِدُوا فَإِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ

    Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки мехоҳед бо расулуллоҳ наҷво кунед, пеш аз наҷвоятон садақае [дар роҳи Аллоҳ таоло] бидиҳед. Ин [кор] барои шумо беҳтару покизатар аст. Аммо агар чизе наёфтед, бе гумон, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

    58:12
  7. أَأَشْفَقْتُمْ أَنْ تُقَدِّمُوا بَيْنَ يَدَيْ نَجْوَاكُمْ صَدَقَاتٍ ۚ فَإِذْ لَمْ تَفْعَلُوا وَتَابَ اللَّهُ عَلَيْكُمْ فَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ وَأَطِيعُوا اللَّهَ وَرَسُولَهُ ۚ وَاللَّهُ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ

    Оё [аз фақр] тарсидед, ки пеш аз наҷвоятон садақаҳое диҳед? Ҳол ки чунин накардед ва Аллоҳ таоло аз шумо даргузашт, пас, намоз барпо доред ва закот бипардозед, ва аз Аллоҳ таоло ва Паёмбараш итоат кунед ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст.

    58:13

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»