Сура 35 Фотир (Офаринанда), оят 8 – 14
-
أَفَمَنْ زُيِّنَ لَهُ سُوءُ عَمَلِهِ فَرَآهُ حَسَنًا ۖ فَإِنَّ اللَّهَ يُضِلُّ مَنْ يَشَاءُ وَيَهْدِي مَنْ يَشَاءُ ۖ فَلَا تَذْهَبْ نَفْسُكَ عَلَيْهِمْ حَسَرَاتٍ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ بِمَا يَصْنَعُونَ
Пас, оё касе, ки кирдори зишташ дар назараш ороста гаштааст ва онро неку мебинад [ҳамчун муъмини ҳақиқатбин аст?] пас, бе тардид, Аллоҳ таоло ҳар киро хоҳад гумроҳ месозад ва ҳар киро бихоҳад ҳидоят мекунад; пас, [эй паёмбар] вуҷудатро ба хотири дареғҳо [-и фаровон] бар [гумроҳии] онон табоҳ накун. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар он чи мекунанд, огоҳ аст
35:8 -
وَاللَّهُ الَّذِي أَرْسَلَ الرِّيَاحَ فَتُثِيرُ سَحَابًا فَسُقْنَاهُ إِلَىٰ بَلَدٍ مَيِّتٍ فَأَحْيَيْنَا بِهِ الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا ۚ كَذَٰلِكَ النُّشُورُ
Аллоҳ таоло аст, ки бодҳоро равон мекунад ва [онҳо низ] абреро бармеангезанд; сипас Мо он [абр]-ро ба сӯйи сарзамине [хушк ва] мурда мефиристем ва ба [василаи] он заминро – пас аз хушкӣ ва хазонаш–зинда мекунем. Барангехтан [-и мурдагон аз қабрҳо низ] чунин аст
35:9 -
مَنْ كَانَ يُرِيدُ الْعِزَّةَ فَلِلَّهِ الْعِزَّةُ جَمِيعًا ۚ إِلَيْهِ يَصْعَدُ الْكَلِمُ الطَّيِّبُ وَالْعَمَلُ الصَّالِحُ يَرْفَعُهُ ۚ وَالَّذِينَ يَمْكُرُونَ السَّيِّئَاتِ لَهُمْ عَذَابٌ شَدِيدٌ ۖ وَمَكْرُ أُولَٰئِكَ هُوَ يَبُورُ
Ҳар ки сарбаландӣ [-и дунё ва охиратро] мехоҳад, [бидонад, ки] сарбаландӣ ҳама аз они Аллоҳ таоло аст. Гуфтори пок [ва зикри илоҳӣ] ба сӯяш авҷ мегирад ва кирдори шоистаи он [гуфтор]-ро боло мебарад; ва онон, ки зиштиҳо [ва гуноҳон]-ро дасисачинӣ мекунанд, азоби сахте [дар пеш] доранд ва [нақша ва] найрангашон нобуд мегардад
35:10 -
وَاللَّهُ خَلَقَكُمْ مِنْ تُرَابٍ ثُمَّ مِنْ نُطْفَةٍ ثُمَّ جَعَلَكُمْ أَزْوَاجًا ۚ وَمَا تَحْمِلُ مِنْ أُنْثَىٰ وَلَا تَضَعُ إِلَّا بِعِلْمِهِ ۚ وَمَا يُعَمَّرُ مِنْ مُعَمَّرٍ وَلَا يُنْقَصُ مِنْ عُمُرِهِ إِلَّا فِي كِتَابٍ ۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرٌ
Ва Аллоҳ таоло [нахустин] шуморо аз хоке офарид ва он гоҳ [фарзандонаш] аз нутфае [падид овард]; сипас шуморо ҷуфтҳо [-и якдигар] қарор дод. Ҳеҷ [ҷондори] модае бордор намешавад ва зоймон намекунад, магар бо дониш [ва огоҳии] Ӯ; ва ҳеҷ [ҷондори] куҳансоле умри тӯлонӣ намекунад ва аз умраш коста намегардад, магар он ки дар китобе [Лавҳи маҳфуз] сабт аст. Ба ростӣ, ки ин кор барои Аллоҳ таоло осон аст
35:11 -
وَمَا يَسْتَوِي الْبَحْرَانِ هَٰذَا عَذْبٌ فُرَاتٌ سَائِغٌ شَرَابُهُ وَهَٰذَا مِلْحٌ أُجَاجٌ ۖ وَمِنْ كُلٍّ تَأْكُلُونَ لَحْمًا طَرِيًّا وَتَسْتَخْرِجُونَ حِلْيَةً تَلْبَسُونَهَا ۖ وَتَرَى الْفُلْكَ فِيهِ مَوَاخِرَ لِتَبْتَغُوا مِنْ فَضْلِهِ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ
Ва он ду дарё яксон нестанд: ин яке ширин ва хушгувор аст ва нӯшиданаш гуворост ва он яке шӯру талх аст; ва аз [сайди] ҳар як гӯште тоза мехӯред ва зеваре [ҳамчун марворид ва марҷон аз аъмоқаш] берун меоваред, ки онҳоро бар тан мекунед; ва киштиҳоро дар он дарё мебинӣ, ки [синаи амвоҷро] мешикофанд, то аз бахшоиши он баҳраманд гардед; бошад, ки сипос гузоред
35:12 -
يُولِجُ اللَّيْلَ فِي النَّهَارِ وَيُولِجُ النَّهَارَ فِي اللَّيْلِ وَسَخَّرَ الشَّمْسَ وَالْقَمَرَ كُلٌّ يَجْرِي لِأَجَلٍ مُسَمًّى ۚ ذَٰلِكُمُ اللَّهُ رَبُّكُمْ لَهُ الْمُلْكُ ۚ وَالَّذِينَ تَدْعُونَ مِنْ دُونِهِ مَا يَمْلِكُونَ مِنْ قِطْمِيرٍ
[Аллоҳ таоло] шабро дар рӯз дармеоварад ва рӯзро дар шаб дармеоварад [ва инчунин бар тӯли ҳар яке меафзояд] ва хуршед ва моҳро ба хидмат [-и инсон] гумошт, ки ҳар як то замоне муайян [ дар мадори худ] равон бошанд. Ин аст Аллоҳ таоло–Парвардгори шумо; фармонравоӣ аз они Ӯст ва касонеро, ки ба ҷойи Ӯ мехонед, [дар баробараш чунон фақиранд, ки ҳатто] пусти ҳастаи хурмоеро доро нестанд
35:13 -
إِنْ تَدْعُوهُمْ لَا يَسْمَعُوا دُعَاءَكُمْ وَلَوْ سَمِعُوا مَا اسْتَجَابُوا لَكُمْ ۖ وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ يَكْفُرُونَ بِشِرْكِكُمْ ۚ وَلَا يُنَبِّئُكَ مِثْلُ خَبِيرٍ
Агар ононро бихонед, садоятонро намешунаванд ва [ба фарзи маҳол] агар бишнаванд, посухатонро намедиҳанд ва рӯзи қиёмат аз ширки шумо безорӣ меҷӯянд; ва [эй паёмбар] ҳеҷ кас ҳамчун [Парвардгори] огоҳ туро [аз ҳақоиқ] хабардор намесозад
35:14
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»