Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 67 – 73

  1. وَإِذْ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوْمِهِ إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُكُمْ أَنْ تَذْبَحُوا بَقَرَةً ۖ قَالُوا أَتَتَّخِذُنَا هُزُوًا ۖ قَالَ أَعُوذُ بِاللَّهِ أَنْ أَكُونَ مِنَ الْجَاهِلِينَ

    Ва (ёд кунед) чун (як нафарро аз бани Исроил куштанд ва барои донистани кушандаи ӯ аз Мусо пурсиданд, ки Парвардигоратро бипурс, ки ӯро кӣ кушта, пас) Мусо ба қавми худ гуфт: «Ҳароина, Аллоҳ шуморо мефармояд, ки ягон говеро бикушед». Гуфтанд: «Оё моро масхара мекунӣ?» (Мо туро аз кушанда мепурсему ту моро ба куштани гове амр мекунӣ). (Мусо) гуфт: «Ба Аллоҳ паноҳ мегирам аз он ки аз нодонон бошам (ва бар шумо истеҳзо кунаму суханеро бигӯям, ки аз он суде набошад)».

    2:67
  2. قَالُوا ادْعُ لَنَا رَبَّكَ يُبَيِّنْ لَنَا مَا هِيَ ۚ قَالَ إِنَّهُ يَقُولُ إِنَّهَا بَقَرَةٌ لَا فَارِضٌ وَلَا بِكْرٌ عَوَانٌ بَيْنَ ذَٰلِكَ ۖ فَافْعَلُوا مَا تُؤْمَرُونَ

    (Ва ба ҷои онки шитобон фармони Аллоҳро ба ҷой оваранд,) гуфтанд: «Парвардигоратро бихоҳ, барои мо равшан гардонад, ки (сифати) он гов чист? (Мусо) гуфт: «Ҳароина, ӯ (, яъне Аллоҳ) мегӯяд: «Он говест, на пир ва на ҷавон, байни ин (ду) миёна аст.» Пас бикунед он чиро, ки фармуда шудед (ва якравию сахтравиро бигузоред).

    2:68
  3. قَالُوا ادْعُ لَنَا رَبَّكَ يُبَيِّنْ لَنَا مَا لَوْنُهَا ۚ قَالَ إِنَّهُ يَقُولُ إِنَّهَا بَقَرَةٌ صَفْرَاءُ فَاقِعٌ لَوْنُهَا تَسُرُّ النَّاظِرِينَ

    Гуфтанд: «Парвардигоратро бихоҳ то барои мо равшан созад, ки ранги он (гов) чист?» (Мусо) гуфт: «Ҳароина, ӯ (, яъне Аллоҳ) мегӯяд, ки вай говест, ки рангаш сахт зард аст, ки он (аз хушрангӣ ва зебогӣ) бинандагонро шод мегардонад.

    2:69
  4. قَالُوا ادْعُ لَنَا رَبَّكَ يُبَيِّنْ لَنَا مَا هِيَ إِنَّ الْبَقَرَ تَشَابَهَ عَلَيْنَا وَإِنَّا إِنْ شَاءَ اللَّهُ لَمُهْتَدُونَ

    Гуфтанд: «(Эй Мусо,) Парвардигоратро бихоҳ, барои мо равшан гардонад, ки он гов чист? Ҳароина, бар мо говон (-и фаровоне) монанди якдигар шуданд (ва кор чигил гашт, зеро говони бисёре ин сифатҳоро доранд) ва ҳароина, Аллоҳ агар хоҳад (ва ту онро ба мо баён кунӣ, ба сӯи ҳақиқат) роҳёфтагонем.

    2:70
  5. قَالَ إِنَّهُ يَقُولُ إِنَّهَا بَقَرَةٌ لَا ذَلُولٌ تُثِيرُ الْأَرْضَ وَلَا تَسْقِي الْحَرْثَ مُسَلَّمَةٌ لَا شِيَةَ فِيهَا ۚ قَالُوا الْآنَ جِئْتَ بِالْحَقِّ ۚ فَذَبَحُوهَا وَمَا كَادُوا يَفْعَلُونَ

    (Мусо) гуфт: «Ҳароина, ӯ мегӯяд»: «Он говест, ки (ба кор) ром нест, заминро шудгор накунад ва на киштро об диҳад. Тандуруст аст (ва ҳеҷ айбе дар ҷисмаш надорад) дар ӯ ҳеҷ холе нест (ва ҷуз зардӣ ранги дигар надорад ва ҳама баданаш якранг аст).» Гуфтанд: «Акнун, сухани дуруст овардӣ». Пас (говеро бо ин сифатҳо назди ҷавоне пайдо карданд ва) онро бикуштанд ва наздик буданд, ки накунанд (, зеро онҳо аз оғози кор намехостанд говеро бикушанд ва ин корро пас аз заҳматҳои фаровоне анҷом доданд, ҳол онки метавонистанд ҳар говеро бикушанд вале чун пофишорӣ карданд, Аллоҳ низ эшонро ба сахтиҳо кашид).

    2:71
  6. وَإِذْ قَتَلْتُمْ نَفْسًا فَادَّارَأْتُمْ فِيهَا ۖ وَاللَّهُ مُخْرِجٌ مَا كُنْتُمْ تَكْتُمُونَ

    Ва (ёд кунед,) чун шахсеро (барои гирифтани мерос) куштед ва дар бораи ӯ бо якдигар низоъ кардед (ва кашмакашу ихтилоф барангехтед ва ҳар яке дигареро дар куштани ӯ гунаҳгор мекард). Ва Аллоҳ беруноранда аст он чиро, ки (дар бораи кушандаи он аз ҳоким) пинҳон мекардед.

    2:72
  7. فَقُلْنَا اضْرِبُوهُ بِبَعْضِهَا ۚ كَذَٰلِكَ يُحْيِي اللَّهُ الْمَوْتَىٰ وَيُرِيكُمْ آيَاتِهِ لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ

    Пас фармудем он(кушта)-ро бо баъзе андоми он (гов) бизанед (пас он кушта зинда гашт ва гуфт, ки маро бародарзодаам барои зери даст кардани мерос куштааст ва баъд аз гуфтани ин суханҳо бимурд ва бародарзодааш аз мерос бебаҳра гашт ва ба қасос кушта шуд). Ҳамчунин Аллоҳ мурдагонро зинда мегардонад ва ба шумо нишонаҳои худро (ва далелҳои тавоноии хешро) менамояд то бошад биандешед (ва бидонед, ки Аллоҳ бар ҳама чиз тавоност).

    2:73

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)