Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 67 – 71

  1. وَإِذْ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوْمِهِ إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُكُمْ أَنْ تَذْبَحُوا بَقَرَةً ۖ قَالُوا أَتَتَّخِذُنَا هُزُوًا ۖ قَالَ أَعُوذُ بِاللَّهِ أَنْ أَكُونَ مِنَ الْجَاهِلِينَ

    Ва [ба ёд оваред] замоне, ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: "Аллоҳ таоло ба шумо дастур медиҳад, ки модаговеро забҳ кунед". Онон гуфтанд: "Оё моро масхара мекунӣ"? [Мӯсо] гуфт: "[Тамасхур кори ҷоҳилон аст ва] Ба Аллоҳ таоло паноҳ мебарам, аз ин ки дар зумраи ҷоҳилон бошам"

    2:67
  2. قَالُوا ادْعُ لَنَا رَبَّكَ يُبَيِّنْ لَنَا مَا هِيَ ۚ قَالَ إِنَّهُ يَقُولُ إِنَّهَا بَقَرَةٌ لَا فَارِضٌ وَلَا بِكْرٌ عَوَانٌ بَيْنَ ذَٰلِكَ ۖ فَافْعَلُوا مَا تُؤْمَرُونَ

    Гуфтанд: "Аз Парвардигорат бихоҳ, то барои мо равшан кунад, ки он чи гуна [гове] аст"? [Мӯсо] Гуфт: [Аллоҳ таоло] Мефармояд: "Он гове аст на пир ва на ҷавон, балки миёнасоли байни ин ду бошад. Пас, [акнун] он чиро, ки дастур ёфтаед, анҷом диҳед"

    2:68
  3. قَالُوا ادْعُ لَنَا رَبَّكَ يُبَيِّنْ لَنَا مَا لَوْنُهَا ۚ قَالَ إِنَّهُ يَقُولُ إِنَّهَا بَقَرَةٌ صَفْرَاءُ فَاقِعٌ لَوْنُهَا تَسُرُّ النَّاظِرِينَ

    Гуфтанд: "Аз Парвардигорат бихоҳ, то барои мо равшан созад, ки рангаш чи гуна аст"? [Мӯсо] Гуфт: [Аллоҳ таоло] Мефармояд: "Он гов зарди пуррангест, ки [рангаш] бинандагонро шод мекунад"

    2:69
  4. قَالُوا ادْعُ لَنَا رَبَّكَ يُبَيِّنْ لَنَا مَا هِيَ إِنَّ الْبَقَرَ تَشَابَهَ عَلَيْنَا وَإِنَّا إِنْ شَاءَ اللَّهُ لَمُهْتَدُونَ

    Гуфтанд: "Аз Парвардигорат [боз ҳам] бихоҳ, то чигунагии он говро [аз ҳар ҷиҳат] барои мо равшан созад, зеро [вижагиҳои] ин гов ҳанӯз бароямон мубҳам аст ва иншоаллоҳ [бо тавзеҳоти ту] ҳидоят хоҳем шуд"

    2:70
  5. قَالَ إِنَّهُ يَقُولُ إِنَّهَا بَقَرَةٌ لَا ذَلُولٌ تُثِيرُ الْأَرْضَ وَلَا تَسْقِي الْحَرْثَ مُسَلَّمَةٌ لَا شِيَةَ فِيهَا ۚ قَالُوا الْآنَ جِئْتَ بِالْحَقِّ ۚ فَذَبَحُوهَا وَمَا كَادُوا يَفْعَلُونَ

    [Мӯсо] гуфт: "Вай мефармояд: "Он гове аст на чунон ром, ки заминро ҷуфт кунад ва ё киштзорро об диҳад, [аммо] беайб асту якранг ва дар он ҳеҷ ранги дигаре нест". Онон гуфтанд: "Инак сухани дуруст овардӣ". Сипас [чунон говеро пайдо карданд ва] онро сар буриданду [албатта] наздик буд, ки ин корро накунанд

    2:71

Тарҷума: Центр переводов «Руввад»