Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 5 – 9
-
أُولَٰئِكَ عَلَىٰ هُدًى مِنْ رَبِّهِمْ ۖ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ
Ва эшон (ки ба чунин сифатҳои сутуда ёд шуданд) аз ҷониби Парвардигорашон бар (роҳи рост ва) раҳнамуниянд ва эшон растагоронанд (, ки ба хушбахтии ду ҷаҳон комгор гаштаанд).
2:5 -
إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا سَوَاءٌ عَلَيْهِمْ أَأَنْذَرْتَهُمْ أَمْ لَمْ تُنْذِرْهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ
Ҳароина, (мушрикон,) онон ки (ба Аллоҳ ва пайғамбарии Муҳаммад) куфр варзиданд бар эшон яксон аст, ки эшонро (аз азоби Аллоҳ) битарсонӣ ё натарсонӣ (эшон ба ҳеҷ ваҷҳ) имон намеоваранд.
2:6 -
خَتَمَ اللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ وَعَلَىٰ سَمْعِهِمْ ۖ وَعَلَىٰ أَبْصَارِهِمْ غِشَاوَةٌ ۖ وَلَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ
(Ба сабаби такаббур ва саркашиву нофармонӣ ва бисёрии гуноҳ) Аллоҳ бар дилҳои эшон ва бар шунавоии эшон (, яъне бар гӯшҳояшон) мӯҳр ниҳод (, то ба дили эшон рӯшании имон ва раҳнамунӣ ҳаргиз надарояд ва гӯшҳои эшон аз шунидани садои ҳақ кар бошад) ва бар чашмҳои эшон парда аст (то роҳи ростро набинанд) ва (ба сабаби куфру гуноҳҳошон) эшонро азоби бузург (-и дӯзах) бошад.
2:7 -
وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَقُولُ آمَنَّا بِاللَّهِ وَبِالْيَوْمِ الْآخِرِ وَمَا هُمْ بِمُؤْمِنِينَ
Ва аз мардумон (-и қабилаи Авс ва Хазраҷ ва ғайри онҳо) касе ҳаст, ки (худ мунофиқ аст, аммо ба забонаш) мегӯяд: «Ба Аллоҳ ва (ба пайғамбари ӯ ва) рӯзи бозпасин имон овардем» ва эшон (ба дилҳояшон) муъминон нестанд (, зеро эшон ин суханонро бе ҳеҷ боварӣ ба забон меронанду ба дилҳояшон ҳанӯз имон наёвардаанд).
2:8 -
يُخَادِعُونَ اللَّهَ وَالَّذِينَ آمَنُوا وَمَا يَخْدَعُونَ إِلَّا أَنْفُسَهُمْ وَمَا يَشْعُرُونَ
(Гӯё) Аллоҳро ва касонеро ки имон овардаанд мефиребанд (ва худро муъмин вонамуда куфрашонро ниҳон медоранд, то асирашон нагиранд ва ё кушта нашаванд ва ё ҷизя насупоранд ва аз бахши ғанимат низ бебаҳра набошанд ва то розҳои муъминонро низ бидонанд) ва (ба дурустӣ,) эшон намефиребанд, магар хештанро ва огоҳ намешаванд (, зеро сазои кирдорашон дер ё зуд, ба сӯи эшон бармегардад ва бар касе ҷуз худ зиён намерасонанд, вале аз нодонӣ инро намедонанд).
2:9
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)