Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 43 – 46

  1. وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ وَارْكَعُوا مَعَ الرَّاكِعِينَ

    Ва намоз барпо доред ва закот бипардозед ва бо намозгузорон намоз бихонед

    2:43
  2. أَتَأْمُرُونَ النَّاسَ بِالْبِرِّ وَتَنْسَوْنَ أَنْفُسَكُمْ وَأَنْتُمْ تَتْلُونَ الْكِتَابَ ۚ أَفَلَا تَعْقِلُونَ

    Оё, дар ҳоле ки китоби [Таврот] – ро мехонед, мардумро ба некӣ фармон медиҳеду худро фаромӯш мекунед? Оё намеандешед?

    2:44
  3. وَاسْتَعِينُوا بِالصَّبْرِ وَالصَّلَاةِ ۚ وَإِنَّهَا لَكَبِيرَةٌ إِلَّا عَلَى الْخَاشِعِينَ

    Ва аз сабру намоз ёрӣ ҷӯед; ва ба ростӣ, ки он [намоз] ҷуз ба фурӯтанон душвору гарон аст

    2:45
  4. الَّذِينَ يَظُنُّونَ أَنَّهُمْ مُلَاقُو رَبِّهِمْ وَأَنَّهُمْ إِلَيْهِ رَاجِعُونَ

    Ҳамон касоне, ки яқин доранд, ки ба дидори Парвардигори хеш ноил хоҳанд шуд ва ба пешгоҳи Ӯ бозмегарданд

    2:46

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»