Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 35 – 39
-
وَقُلْنَا يَا آدَمُ اسْكُنْ أَنْتَ وَزَوْجُكَ الْجَنَّةَ وَكُلَا مِنْهَا رَغَدًا حَيْثُ شِئْتُمَا وَلَا تَقْرَبَا هَٰذِهِ الشَّجَرَةَ فَتَكُونَا مِنَ الظَّالِمِينَ
Ва (чун барои оромиши Одам аз устухони паҳлуи чапи ӯ Ҳавворо офаридем) гуфтем: «Эй Одам, ту ва ҷуфти ту (Ҳавво) дар биҳишт ҷойгузин шавед ва ҳар куҷо (ҳарчӣ) хоҳед (аз меваҳои он) бо фарохӣ (гуворо) бихӯред ва ба ин дарахт наздик машавед, ки аз ситамкорон (-и ҷонҳои хеш) хоҳед буд.
2:35 -
فَأَزَلَّهُمَا الشَّيْطَانُ عَنْهَا فَأَخْرَجَهُمَا مِمَّا كَانَا فِيهِ ۖ وَقُلْنَا اهْبِطُوا بَعْضُكُمْ لِبَعْضٍ عَدُوٌّ ۖ وَلَكُمْ فِي الْأَرْضِ مُسْتَقَرٌّ وَمَتَاعٌ إِلَىٰ حِينٍ
Пас Шайтон ҳардуро аз онҷо билахшонид (ва дур кард ва эшонро бифирефт ва ба хӯрдани меваи он дарахт водорашон кард, ки агар аз ин дарахт бихӯред, ҷовидон хоҳед зист. Чун аз меваҳои он дарахт бихӯрданд, бараҳна гаштанд ва шармгоҳҳояшон ошкор гашт), пас эшонро аз ончӣ дар он буданд (аз биҳишт ва неъматҳои он ва аз осоиш ва рӯзии фаровон ва пӯшишу нишемангоҳ) берун овард. Ва гуфтем: (эй Одам ва Ҳавво ва Иблис аз биҳишт ба замин) фуруд оед, то бархе аз шумо душмани бархе бошад (ва шайтонро душмани худ бигиред, ки ӯ душмани шумост) ва шуморо (то муддате ки маргатон фаро расад) дар замин оромгоҳ ва баҳрамандӣ бошад.
2:36 -
فَتَلَقَّىٰ آدَمُ مِنْ رَبِّهِ كَلِمَاتٍ فَتَابَ عَلَيْهِ ۚ إِنَّهُ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ
Пас Одам аз Парвардигораш (барои омурзиш хостану пӯзиши худ) сухане чанд фаро гирифт (ки онҳоро Парвардигораш дар дили эшон андохт ва онҳоро ба эшон омӯхт, онгоҳ Одам ва Ҳавво гуфтанд: «Парвардигоро, бар ҷонҳои хеш ситам варзидем ва агар ту моро наёмурзӣ ва моро набахшӣ бегумон аз зиёнкорон хоҳем буд»), пас Аллоҳ ӯро пӯзиш намуд. Ҳароина, ӯ пӯзишпазири меҳрубон аст (, ки пӯзиши бандаеро мепазирад, ки ба сӯи ӯ рӯй оварда аз карда пушаймон гардад ва омурзиш хоҳад ва гуноҳро тарк намояд ва дигар сӯи он гуноҳ барнагардад).
2:37 -
قُلْنَا اهْبِطُوا مِنْهَا جَمِيعًا ۖ فَإِمَّا يَأْتِيَنَّكُمْ مِنِّي هُدًى فَمَنْ تَبِعَ هُدَايَ فَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ
Фармудем: «Ҳамагӣ шумо аз онҷо (аз биҳишт ба замин) фуруд оед, пас ҳар гоҳ ба сӯи шумо раҳнамуние аз ҷониби ман (бо шариат ва китоб ва фиристодае) биояд (онро бипазиред ва пайравӣ кунед), пас ҳар кӣ раҳнамунии маро пайравӣ кунад (ва ба фиристодаи ман имон оварад ва шариати маро бе мухолафату сарпечӣ пайравӣ намояд), пас (дар охират) эшонро на тарсе бошад ва на (дар ҷаҳон) эшон андӯҳ хӯранд.
2:38 -
وَالَّذِينَ كَفَرُوا وَكَذَّبُوا بِآيَاتِنَا أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ
Ва касоне ки (ба фиристодагони мо ва китобҳои мо ва шариати мо) куфр варзиданд ва нишонаҳои моро дурӯғ доштанд, эшон бошандагони дӯзаханд, эшон дар онҷо ҷовидонанд (ки аз он гурезгоҳе наёбанд ва на зинда мемонанд, ки осоиш ёбанд ва на мемиранд то аз азоб бираҳанд).
2:39
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)