Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 13 – 15
-
وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ آمِنُوا كَمَا آمَنَ النَّاسُ قَالُوا أَنُؤْمِنُ كَمَا آمَنَ السُّفَهَاءُ ۗ أَلَا إِنَّهُمْ هُمُ السُّفَهَاءُ وَلَٰكِنْ لَا يَعْلَمُونَ
Ва вақте ба онон гуфта шавад: "Шумо низ ҳамчун мардум [-и боинсоф ва воқеъбин] имон оваред", мегӯянд: "Оё [интизор доред] ҳамчун камхирадон имон оварем"? Огоҳ бошед! [Маҳз худи] Ононанд, ки камхирад ҳастанд, вале намедонанд
2:13 -
وَإِذَا لَقُوا الَّذِينَ آمَنُوا قَالُوا آمَنَّا وَإِذَا خَلَوْا إِلَىٰ شَيَاطِينِهِمْ قَالُوا إِنَّا مَعَكُمْ إِنَّمَا نَحْنُ مُسْتَهْزِئُونَ
Ва ҳангоме ки муъминонро мулоқот мекунанд, мегӯянд: "Мо [низ ҳамчун шумо] имон овардаем" ва ҳангоме ки бо васвасагарони шайтонсифати худ хилват мекунанд [дар танҳоӣ якҷо мешаванд], мегӯянд: "Мо бо шумо ҳастем ва фақат [онҳоро] масхара мекунем"
2:14 -
اللَّهُ يَسْتَهْزِئُ بِهِمْ وَيَمُدُّهُمْ فِي طُغْيَانِهِمْ يَعْمَهُونَ
Аллоҳ таоло тамасхурашон мекунад ва дар туғёнашон саргашта нигаҳ медорад
2:15
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»