Сура 23 Ал-Муъминун (Муъминун), оят 93 – 118
-
قُلْ رَبِّ إِمَّا تُرِيَنِّي مَا يُوعَدُونَ
Бигӯ: «Парвардигоро, агар он [азобе]-ро, ки ба онон ваъда дода мешавад, ба ман нишон медиҳӣ [ки шоҳидаш бошам],
23:93 -
رَبِّ فَلَا تَجْعَلْنِي فِي الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ
Пас, Парвардигоро маро дар [ҳангоми азоб дар канори ин] гурӯҳи ситамгор қарор мадеҳ»
23:94 -
وَإِنَّا عَلَىٰ أَنْ نُرِيَكَ مَا نَعِدُهُمْ لَقَادِرُونَ
Ва ҳатман, Мо тавоноем, ки он чиро ба онон ваъда медиҳем, ба ту нишон диҳем
23:95 -
ادْفَعْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ السَّيِّئَةَ ۚ نَحْنُ أَعْلَمُ بِمَا يَصِفُونَ
[Эй Паёмбар] бадиро ба шевае, ки беҳтар аст, дафъ кун [ва бубахшу шикебо бош]. Мо ба он чи [мушрикон дар бораи ту] тавсиф мекунанд, донотарем
23:96 -
وَقُلْ رَبِّ أَعُوذُ بِكَ مِنْ هَمَزَاتِ الشَّيَاطِينِ
Ва бигӯ: «Парвардигоро, ман аз васвасаҳои шаётин ба Ту паноҳ мебарам
23:97 -
وَأَعُوذُ بِكَ رَبِّ أَنْ يَحْضُرُونِ
Ва Парвардигоро, аз ин ки онҳо назди ман ҳозир шаванд, [низ] ба Ту паноҳ мебарам»
23:98 -
حَتَّىٰ إِذَا جَاءَ أَحَدَهُمُ الْمَوْتُ قَالَ رَبِّ ارْجِعُونِ
[Кофирон пайваста бар ақидаи ботилашон ҳастанд] То ҳангоме ки марги яке аз онон фаро расад, [он гоҳ дар ҳоле ки] назди Парвардигори [худ нолаву зорӣ мекунад, ба фариштагон] мегӯяд: «Маро [ба дунё] бозгардонед
23:99 -
لَعَلِّي أَعْمَلُ صَالِحًا فِيمَا تَرَكْتُ ۚ كَلَّا ۚ إِنَّهَا كَلِمَةٌ هُوَ قَائِلُهَا ۖ وَمِنْ وَرَائِهِمْ بَرْزَخٌ إِلَىٰ يَوْمِ يُبْعَثُونَ
Шояд дар он чи [кӯтоҳӣ намуда ва] тарк кардам, кори шоистае анҷом диҳам». Ҳаргиз чунин нест. Бе тардид, ин фақат сухане аст, ки ӯ ба забон мегӯяд [ва ҳаргиз рафтораш тағйир намекунад] ва рӯзе, ки барангехта шаванд, пушти сарашон барзахест
23:100 -
فَإِذَا نُفِخَ فِي الصُّورِ فَلَا أَنْسَابَ بَيْنَهُمْ يَوْمَئِذٍ وَلَا يَتَسَاءَلُونَ
Рӯзе, ки дар сур дамида мешавад, ҳеҷ як аз [ ифтихороти хонаводагӣ ва] пайвандҳои хешовандӣ миёнашон [барқарор] нахоҳад буд ва [аз ваҳшати азоб] аз [ҳоли] якдигар намепурсанд
23:101 -
فَمَنْ ثَقُلَتْ مَوَازِينُهُ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ
Ва ҳар ки вазнаи аъмолаш сангин бошад, ононанд, ки растагоранд
23:102 -
وَمَنْ خَفَّتْ مَوَازِينُهُ فَأُولَٰئِكَ الَّذِينَ خَسِرُوا أَنْفُسَهُمْ فِي جَهَنَّمَ خَالِدُونَ
Ва ҳар ки вазнаи аъмолаш сабук бошад, ононанд, ки ба хеш зиён задаанд ва дар дузах ҷовидонанд
23:103 -
تَلْفَحُ وُجُوهَهُمُ النَّارُ وَهُمْ فِيهَا كَالِحُونَ
Оташ чеҳраҳояшонро месӯзонад ва дар он ҷо рӯйтурш ва зиштманзаранд
23:104 -
أَلَمْ تَكُنْ آيَاتِي تُتْلَىٰ عَلَيْكُمْ فَكُنْتُمْ بِهَا تُكَذِّبُونَ
[Ба онон гуфта мешавад] «Магар на ин буд, ки оётам бар шумо хонда мешуд ва онҳоро дурӯғ меангоштед?»
23:105 -
قَالُوا رَبَّنَا غَلَبَتْ عَلَيْنَا شِقْوَتُنَا وَكُنَّا قَوْمًا ضَالِّينَ
[Дар посух] Мегӯянд: «Парвардигоро, бадбахтӣ бар мо чира шуд ва гурӯҳе гумроҳ будем
23:106 -
رَبَّنَا أَخْرِجْنَا مِنْهَا فَإِنْ عُدْنَا فَإِنَّا ظَالِمُونَ
Парвардигоро, моро аз ин [дузах] берун овар. Пас, агар [ба куфру нофармонӣ] бозгаштем, ҳатман, ситамгорем»
23:107 -
قَالَ اخْسَئُوا فِيهَا وَلَا تُكَلِّمُونِ
[Аллоҳ таоло] Мефармояд: «Дар он [оташ] гум шавед ва бо Ман сухан нагӯед
23:108 -
إِنَّهُ كَانَ فَرِيقٌ مِنْ عِبَادِي يَقُولُونَ رَبَّنَا آمَنَّا فَاغْفِرْ لَنَا وَارْحَمْنَا وَأَنْتَ خَيْرُ الرَّاحِمِينَ
Гурӯҳе аз бандагонам мегуфтанд: «Парвардигоро, имон овардем, пас, моро бибахшо ва бар мо раҳм кун, [ки] бе тардид, Ту беҳтарин бахшояндаӣ»
23:109 -
فَاتَّخَذْتُمُوهُمْ سِخْرِيًّا حَتَّىٰ أَنْسَوْكُمْ ذِكْرِي وَكُنْتُمْ مِنْهُمْ تَضْحَكُونَ
Вале шумо ононро масхара мекардед, то ҷойе, ки [саргарм шудан ба тамасхури эшон] зикр [-у ибодати] Маро аз ёдатон бурд ва ҳамчунон ба онон механдидед
23:110 -
إِنِّي جَزَيْتُهُمُ الْيَوْمَ بِمَا صَبَرُوا أَنَّهُمْ هُمُ الْفَائِزُونَ
Имрӯз Ман ононро аз он ҷиҳате, ки шикебоӣ карданд, подош медиҳам. Оре, эшонанд, ки растагоранд»
23:111 -
قَالَ كَمْ لَبِثْتُمْ فِي الْأَرْضِ عَدَدَ سِنِينَ
[Аллоҳ таоло ба дузахиён] Мегӯяд: «Чанд сол дар замин ба сар бурдед»?
23:112 -
قَالُوا لَبِثْنَا يَوْمًا أَوْ بَعْضَ يَوْمٍ فَاسْأَلِ الْعَادِّينَ
Мегӯянд: «Як рӯз ё бахше аз як рӯзро ба сар бурдем. Аз ҳисобгарон [ки ҳисоби рӯзу солро нигаҳ медоранд] бипурс»
23:113 -
قَالَ إِنْ لَبِثْتُمْ إِلَّا قَلِيلًا ۖ لَوْ أَنَّكُمْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ
Ӯ мегӯяд: «[Оре] Агар медонистед, ҷуз андаке [дар дунё] ба сар набурдед
23:114 -
أَفَحَسِبْتُمْ أَنَّمَا خَلَقْنَاكُمْ عَبَثًا وَأَنَّكُمْ إِلَيْنَا لَا تُرْجَعُونَ
Оё пиндоштаед, ки шуморо беҳуда офаридаем ва ба сӯйи Мо бозгардонида намешавед?
23:115 -
فَتَعَالَى اللَّهُ الْمَلِكُ الْحَقُّ ۖ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ رَبُّ الْعَرْشِ الْكَرِيمِ
Пас, баландмартаба [ва бузург] аст Аллоҳ таоло [ки] фармонравои ҳақ аст. Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест [ва] Парвардигори Арши гаронқадр аст
23:116 -
وَمَنْ يَدْعُ مَعَ اللَّهِ إِلَٰهًا آخَرَ لَا بُرْهَانَ لَهُ بِهِ فَإِنَّمَا حِسَابُهُ عِنْدَ رَبِّهِ ۚ إِنَّهُ لَا يُفْلِحُ الْكَافِرُونَ
Ва ҳар ки бо Аллоҳ таоло маъбуди дигареро бихонад, яқинан, ҳеҷ далеле бар [ҳаққонияти] он нахоҳад дошт ва ҳисоби ӯ бо Парвардигораш хоҳад буд. Бе тардид, кофирон растагор намешаванд
23:117 -
وَقُلْ رَبِّ اغْفِرْ وَارْحَمْ وَأَنْتَ خَيْرُ الرَّاحِمِينَ
Ва [эй Паёмбар] бигӯ: «Парвардигоро, [гуноҳонамро] бибахшой ва раҳм кун ва Ту беҳтарин бахшандаӣ»
23:118
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»