Сура 23 Ал-Муъминун (Муъминун), оят 23 – 30

  1. وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوْمِهِ فَقَالَ يَا قَوْمِ اعْبُدُوا اللَّهَ مَا لَكُمْ مِنْ إِلَٰهٍ غَيْرُهُ ۖ أَفَلَا تَتَّقُونَ

    Ва бе тардид, Мо Нуҳро ба сӯйи қавмаш фиристодем, пас, [ба онон] гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед [ки] ҷуз Ӯ маъбуде [ба ҳақ] надоред. Оё парво намекунед?»

    23:23
  2. فَقَالَ الْمَلَأُ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ قَوْمِهِ مَا هَٰذَا إِلَّا بَشَرٌ مِثْلُكُمْ يُرِيدُ أَنْ يَتَفَضَّلَ عَلَيْكُمْ وَلَوْ شَاءَ اللَّهُ لَأَنْزَلَ مَلَائِكَةً مَا سَمِعْنَا بِهَٰذَا فِي آبَائِنَا الْأَوَّلِينَ

    Пас, ашроф ва бузургони қавмаш, ки куфр варзида буданд, гуфтанд: «Ин [мард касе] нест, магар башаре ҳамчун шумо, [ки] мехоҳад бар шумо бартарӣ ҷӯяд. Агар Аллоҳ таоло мехост, фариштагоне [ба сӯятон] нозил мекард. Мо инро [ки Нуҳ мегӯяд] дар миёни ниёгони худ нашнидаем

    23:24
  3. إِنْ هُوَ إِلَّا رَجُلٌ بِهِ جِنَّةٌ فَتَرَبَّصُوا بِهِ حَتَّىٰ حِينٍ

    Ӯ марди девонае беш нест. Пас, то муддате мунтазир бошед [ки ё дурӯғаш ошкор гардад ва даст аз даъваташ бардорад ё маргаш фаро расад]

    23:25
  4. قَالَ رَبِّ انْصُرْنِي بِمَا كَذَّبُونِ

    [Нуҳ] Гуфт: «Парвардигоро, маро дар баробари такзиби онон ёрӣ кун»

    23:26
  5. فَأَوْحَيْنَا إِلَيْهِ أَنِ اصْنَعِ الْفُلْكَ بِأَعْيُنِنَا وَوَحْيِنَا فَإِذَا جَاءَ أَمْرُنَا وَفَارَ التَّنُّورُ ۙ فَاسْلُكْ فِيهَا مِنْ كُلٍّ زَوْجَيْنِ اثْنَيْنِ وَأَهْلَكَ إِلَّا مَنْ سَبَقَ عَلَيْهِ الْقَوْلُ مِنْهُمْ ۖ وَلَا تُخَاطِبْنِي فِي الَّذِينَ ظَلَمُوا ۖ إِنَّهُمْ مُغْرَقُونَ

    Пас, ба ӯ ваҳй кардем: «Киштиро таҳти назари Мо ва ба ваҳйи Мо бисоз ва ҳангоме ки фармони [азоби] Мо фаро расад ва [ба нишонаи расидани тӯфон об аз] танӯр ҷӯшад, аз ҳар навъи [ҳайвон] як ҷуфти [нару мода] дар киштӣ савор кун ва хонаводаатро [низ ҳамроҳи худ бубар], магар касоне, ки пештар ваъда [-и ҳалок] бар онон муқаррар шудааст ва дар бораи [наҷоти] касоне, ки ситам кардаанд, бо Ман сухан нагӯ, [чаро ки] онон ҳатман, ғарқ хоҳанд шуд

    23:27
  6. فَإِذَا اسْتَوَيْتَ أَنْتَ وَمَنْ مَعَكَ عَلَى الْفُلْكِ فَقُلِ الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي نَجَّانَا مِنَ الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ

    Пас, ҳангоме ки ту ва ҳамроҳонат бар киштӣ савор шудед, бигӯ: «Сипос махсуси Аллоҳ таоло аст, ки моро аз [чанги] гурӯҳи ситамгор наҷот дод»

    23:28
  7. وَقُلْ رَبِّ أَنْزِلْنِي مُنْزَلًا مُبَارَكًا وَأَنْتَ خَيْرُ الْمُنْزِلِينَ

    Ва [низ] бигӯ: «Парвардигоро, моро дар манзилгоҳе пурбаракат фуруд овар, ки Ту беҳтарин фурудоварандаӣ»

    23:29
  8. إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ وَإِنْ كُنَّا لَمُبْتَلِينَ

    Бе тардид, дар ин [моҷаро] нишонаҳое [аз қудрати Аллоҳ таоло дар наҷоти муъминон ва азоби кофирон] аст ва яқинан, Мо озмоишгар [-и имон ва куфри мардум] будаем

    23:30

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»