Сура 11 Ҳуд, оят 88 – 90
-
قَالَ يَا قَوْمِ أَرَأَيْتُمْ إِنْ كُنْتُ عَلَىٰ بَيِّنَةٍ مِنْ رَبِّي وَرَزَقَنِي مِنْهُ رِزْقًا حَسَنًا ۚ وَمَا أُرِيدُ أَنْ أُخَالِفَكُمْ إِلَىٰ مَا أَنْهَاكُمْ عَنْهُ ۚ إِنْ أُرِيدُ إِلَّا الْإِصْلَاحَ مَا اسْتَطَعْتُ ۚ وَمَا تَوْفِيقِي إِلَّا بِاللَّهِ ۚ عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ وَإِلَيْهِ أُنِيبُ
[Шуайб] Гуфт: «Эй қавми ман, ба ман бигӯед, [ки] агар аз сӯйи Парвардигорам далел [-у муъҷизаи] ошкоре дошта бошам ва аз ҷониби хеш рӯзии накуе ба ман ато карда бошад [он гоҳ чи мекунед]? Ва ман намехоҳам дар он чи шуморо аз он бозмедорам, бо шумо мухолифат кунам [вале худ анҷомаш диҳам]. То он ҷо дар тавон дорам, ҷуз ислоҳ намехоҳам ва тавфиқи ман танҳо ба [лутфу хости] Худост, бар Ӯ таваккал кардам ва ба сӯйи Ӯ бозмегардам
11:88 -
وَيَا قَوْمِ لَا يَجْرِمَنَّكُمْ شِقَاقِي أَنْ يُصِيبَكُمْ مِثْلُ مَا أَصَابَ قَوْمَ نُوحٍ أَوْ قَوْمَ هُودٍ أَوْ قَوْمَ صَالِحٍ ۚ وَمَا قَوْمُ لُوطٍ مِنْكُمْ بِبَعِيدٍ
Ва эй қавми ман, душманӣ [ва мухолифат] бо ман сабаб нашавад, ки ҳаммонанди он чи ки ба қавми Нуҳ ё қавми Ҳуд ё қавми Солеҳ расид, ба шумо [низ] бирасад ва [ба хусус азоби] қавми Лут [ки аз лиҳози замону макон] чандон аз шумо дур нест
11:89 -
وَاسْتَغْفِرُوا رَبَّكُمْ ثُمَّ تُوبُوا إِلَيْهِ ۚ إِنَّ رَبِّي رَحِيمٌ وَدُودٌ
Ва аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед, сипас ба сӯйи Ӯ бозгардед [ва тавба кунед, ки] бе тардид, Парвардигорам меҳрубон [ва] дӯстдор [-и тавбакунандагон] аст
11:90
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»