Сура 11 Ҳуд
-
الر ۚ كِتَابٌ أُحْكِمَتْ آيَاتُهُ ثُمَّ فُصِّلَتْ مِنْ لَدُنْ حَكِيمٍ خَبِيرٍ
Алиф, лом, ро. Ин [Қуръон] китобест, ки оёти он истеҳком ёфтааст ва сипас аз ҷониби ҳакими огоҳ ба равшанӣ баён шудааст
11:1 -
أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا اللَّهَ ۚ إِنَّنِي لَكُمْ مِنْهُ نَذِيرٌ وَبَشِيرٌ
[Паёми Паёмбар ин аст] Ки ҷуз Аллоҳро напарастед, [ки] бе тардид, ман аз сӯйи Ӯ бароятон бимдиҳанда ва башоратгар ҳастам
11:2 -
وَأَنِ اسْتَغْفِرُوا رَبَّكُمْ ثُمَّ تُوبُوا إِلَيْهِ يُمَتِّعْكُمْ مَتَاعًا حَسَنًا إِلَىٰ أَجَلٍ مُسَمًّى وَيُؤْتِ كُلَّ ذِي فَضْلٍ فَضْلَهُ ۖ وَإِنْ تَوَلَّوْا فَإِنِّي أَخَافُ عَلَيْكُمْ عَذَابَ يَوْمٍ كَبِيرٍ
Ва ин ки аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед, сипас ба даргоҳаш тавба кунед, то шуморо [дар зиндагии дунё] то саромади муайяне ба хайру хубӣ баҳраманд созад ва ба ҳар бофазилате [ки яктопарастӣ ва накукорӣ пеша кардааст, подошу] фузунӣ бахшад.Ва агар [аз имон] рӯ бигардонед, [бидонед, ки ман] ба ростӣ, бароятон аз азоби рӯзе саҳмгин метарсам
11:3 -
إِلَى اللَّهِ مَرْجِعُكُمْ ۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
[Шумо эй мардум] Бозгаштатон ба сӯйи Аллоҳ таоло аст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност
11:4 -
أَلَا إِنَّهُمْ يَثْنُونَ صُدُورَهُمْ لِيَسْتَخْفُوا مِنْهُ ۚ أَلَا حِينَ يَسْتَغْشُونَ ثِيَابَهُمْ يَعْلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعْلِنُونَ ۚ إِنَّهُ عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ
Огоҳ бошед! Онҳо [куфрро] дар синаҳояшон ниҳон мекунанд, то онро аз Ӯ [Аллоҳ таоло] пинҳон доранд. Огоҳ бошед! Он гоҳ ки онон ҷомаҳояшонро бар сар мекашанд, Аллоҳ таоло он чи пинҳон месозанд ва он чи ошкор медоранд, [ҳамаро] медонад. Бе тардид, Ӯ ба асрори синаҳо доност
11:5 -
وَمَا مِنْ دَابَّةٍ فِي الْأَرْضِ إِلَّا عَلَى اللَّهِ رِزْقُهَا وَيَعْلَمُ مُسْتَقَرَّهَا وَمُسْتَوْدَعَهَا ۚ كُلٌّ فِي كِتَابٍ مُبِينٍ
Ва ҳеҷ ҷунбандае дар замин нест, магар [ин ки] рӯзиаш бар уҳдаи Аллоҳ таоло аст ва [Ӯ] қароргоҳ ва маҳалли маргашро медонад. Ҳама [инҳо] дар китобе равшан [сабт] аст
11:6 -
وَهُوَ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٍ وَكَانَ عَرْشُهُ عَلَى الْمَاءِ لِيَبْلُوَكُمْ أَيُّكُمْ أَحْسَنُ عَمَلًا ۗ وَلَئِنْ قُلْتَ إِنَّكُمْ مَبْعُوثُونَ مِنْ بَعْدِ الْمَوْتِ لَيَقُولَنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا إِنْ هَٰذَا إِلَّا سِحْرٌ مُبِينٌ
Ва Ӯст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид ва [пеш аз он] Арши Ӯ бар об буд, то шуморо биозмояд, ки кадоматон накукортаред. Ва агар [ба мушрикон] бигӯед: «Шумо пас аз марг барангехта мешавед», касоне, ки куфр варзиданд мегӯянд: «Ин [Қуръон чизе] нест, магар ҷодуе ошкор»
11:7 -
وَلَئِنْ أَخَّرْنَا عَنْهُمُ الْعَذَابَ إِلَىٰ أُمَّةٍ مَعْدُودَةٍ لَيَقُولُنَّ مَا يَحْبِسُهُ ۗ أَلَا يَوْمَ يَأْتِيهِمْ لَيْسَ مَصْرُوفًا عَنْهُمْ وَحَاقَ بِهِمْ مَا كَانُوا بِهِ يَسْتَهْزِئُونَ
Ва агар мо азобашонро то чанд муддате ба таъхир андозем, албатта,[аз рӯйи тамасхур] мегӯянд: «Чи чизе монеъи [вуқуъи] он шуда аст?» Огоҳ бошед! Рӯзе, ки [азоб] ба суроғашон биёяд, аз онон бозгардонида нахоҳад шуд ва он чиро ба масхара мегирифтанд, домангирашон хоҳад шуд
11:8 -
وَلَئِنْ أَذَقْنَا الْإِنْسَانَ مِنَّا رَحْمَةً ثُمَّ نَزَعْنَاهَا مِنْهُ إِنَّهُ لَيَئُوسٌ كَفُورٌ
Ва агар аз ҷониби хеш раҳмате ба инсон бичашонем, сипас онро аз ӯ бигирем, ҳатман, дилсард [ва] носипос мегардад
11:9 -
وَلَئِنْ أَذَقْنَاهُ نَعْمَاءَ بَعْدَ ضَرَّاءَ مَسَّتْهُ لَيَقُولَنَّ ذَهَبَ السَّيِّئَاتُ عَنِّي ۚ إِنَّهُ لَفَرِحٌ فَخُورٌ
Ва агар пас аз ранҷе, ки ба ӯ расидааст, неъмате ба ӯ бичашонем, ҳатман, мегӯяд: «Сахтиҳо [ва ногувориҳо] аз ман дур шуд». Ҳаққо, ки ӯ шодмону фахрфурӯш аст
11:10 -
إِلَّا الَّذِينَ صَبَرُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ أُولَٰئِكَ لَهُمْ مَغْفِرَةٌ وَأَجْرٌ كَبِيرٌ
Магар касоне, ки шикебоӣ намуданд ва корҳои нек карданд. Барои эшон омурзишу подоши бузурге [дар пеш] аст
11:11 -
فَلَعَلَّكَ تَارِكٌ بَعْضَ مَا يُوحَىٰ إِلَيْكَ وَضَائِقٌ بِهِ صَدْرُكَ أَنْ يَقُولُوا لَوْلَا أُنْزِلَ عَلَيْهِ كَنْزٌ أَوْ جَاءَ مَعَهُ مَلَكٌ ۚ إِنَّمَا أَنْتَ نَذِيرٌ ۚ وَاللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ وَكِيلٌ
Ва [эй Паёмбар] мабодо [иблоғи] бархе аз он чиро, ки ба сӯят ваҳй мешавад, тарк кунӣ ва синаат аз он ба танг ояд, ки [мушрикон] мегӯянд: «Чаро ганҷе бар ӯ нозил нагаштааст ё фариштае бо ӯ наёмадааст»? Ҷуз ин нест, ки ту фақат бимдиҳандаӣ ва Аллоҳ таоло [муроқибу] коргузори ҳар чизест
11:12 -
أَمْ يَقُولُونَ افْتَرَاهُ ۖ قُلْ فَأْتُوا بِعَشْرِ سُوَرٍ مِثْلِهِ مُفْتَرَيَاتٍ وَادْعُوا مَنِ اسْتَطَعْتُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ
Ё мегӯянд: «[Муҳаммад] Он [китоб]-ро барсохтааст». Бигӯ: «Агар рост мегӯед, даҳ сура барсохта ҳаммонанди он биёваред ва ба ҷуз Аллоҳ таоло ҳар киро метавонед, ба ёрӣ бихонед»
11:13 -
فَإِلَّمْ يَسْتَجِيبُوا لَكُمْ فَاعْلَمُوا أَنَّمَا أُنْزِلَ بِعِلْمِ اللَّهِ وَأَنْ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۖ فَهَلْ أَنْتُمْ مُسْلِمُونَ
Пас, агар онон даъвататонро напазируфтанд, бидонед, ки [Қуръон] фақат ба илми Аллоҳ таоло нозил шудааст ва ин ки ҳеҷ маъбуде [барҳақ] ҷуз Ӯ нест. Пас, оё таслим [-и амри Аллоҳ таоло ва паёмбар] мешавед?
11:14 -
مَنْ كَانَ يُرِيدُ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا وَزِينَتَهَا نُوَفِّ إِلَيْهِمْ أَعْمَالَهُمْ فِيهَا وَهُمْ فِيهَا لَا يُبْخَسُونَ
Касоне, ки зиндагии дунё ва зинати онро мехоҳанд, [подоши] корҳояшонро дар ин [дунё] ба тамомӣ ба онон медиҳем ва дар он [подош ҳеҷ] каму косте нахоҳанд дид
11:15 -
أُولَٰئِكَ الَّذِينَ لَيْسَ لَهُمْ فِي الْآخِرَةِ إِلَّا النَّارُ ۖ وَحَبِطَ مَا صَنَعُوا فِيهَا وَبَاطِلٌ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ
Инон касоне ҳастанд, ки дар охират ба ҷуз оташ [-и дузах ҳеҷ насибе] нахоҳанд дошт ва он чи дар дунё анҷом додаанд, бар бод рафтааст ва он чи мекарданд, табоҳ аст
11:16 -
أَفَمَنْ كَانَ عَلَىٰ بَيِّنَةٍ مِنْ رَبِّهِ وَيَتْلُوهُ شَاهِدٌ مِنْهُ وَمِنْ قَبْلِهِ كِتَابُ مُوسَىٰ إِمَامًا وَرَحْمَةً ۚ أُولَٰئِكَ يُؤْمِنُونَ بِهِ ۚ وَمَنْ يَكْفُرْ بِهِ مِنَ الْأَحْزَابِ فَالنَّارُ مَوْعِدُهُ ۚ فَلَا تَكُ فِي مِرْيَةٍ مِنْهُ ۚ إِنَّهُ الْحَقُّ مِنْ رَبِّكَ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يُؤْمِنُونَ
Оё касе [Паёмбар], ки далели ошкоре [Қуръон] аз Парвардигораш дорад ва шоҳиде [Ҷабраил] аз ҷониби Ӯ [Аллоҳ таоло] онро мехонад, [ҳаммонанди кофирони гумроҳ аст] ва ҳол он ки пеш аз он низ Мӯсо роҳнамо ва мояи раҳмат [-и эшон] буд. Инон [мусулмонон] ба он [китоб] имон доранд ва ҳар касе аз гурӯҳҳо[-и мухталифи мушрикон], ки ба он куфр биварзад [ва инкораш кунад], оташи дузах ваъдагоҳи ӯст. Пас,[эй паёмбар] аз [Қуръон ва ҳақиқати ваъдаҳои] он дар тардид мабош. Бе тардид, он [китобе] росту дуруст аз сӯи Парвардигори туст, вале бештари мардум имон намеоваранд
11:17 -
وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ افْتَرَىٰ عَلَى اللَّهِ كَذِبًا ۚ أُولَٰئِكَ يُعْرَضُونَ عَلَىٰ رَبِّهِمْ وَيَقُولُ الْأَشْهَادُ هَٰؤُلَاءِ الَّذِينَ كَذَبُوا عَلَىٰ رَبِّهِمْ ۚ أَلَا لَعْنَةُ اللَّهِ عَلَى الظَّالِمِينَ
Ва кист ситамгортар аз он кас, ки [бо нисбат додани фарзанд ё шарик] бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад? Онон [рӯзи қиёмат] бар Парвардигорашон арза мешаванд ва гувоҳон [паёмбарон ва фариштагон] мегӯянд: «Инҳо ҳамон касоне ҳастанд, ки бар Парвардигорашон дурӯғ мебастанд». Ҳон! Лаънати Аллоҳ таоло бар ситамгорони [мушрик] бод!!
11:18 -
الَّذِينَ يَصُدُّونَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ وَيَبْغُونَهَا عِوَجًا وَهُمْ بِالْآخِرَةِ هُمْ كَافِرُونَ
[Ҳамон] касоне, ки [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоранд ва онро мунҳариф мехоҳанд ва онон худ охиратро бовар надоранд
11:19 -
أُولَٰئِكَ لَمْ يَكُونُوا مُعْجِزِينَ فِي الْأَرْضِ وَمَا كَانَ لَهُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ مِنْ أَوْلِيَاءَ ۘ يُضَاعَفُ لَهُمُ الْعَذَابُ ۚ مَا كَانُوا يَسْتَطِيعُونَ السَّمْعَ وَمَا كَانُوا يُبْصِرُونَ
Онон дар замин нотавонкунанда [-и Аллоҳ аз азоби хеш] нестанд ва ҷуз Аллоҳ таоло дӯстоне надоранд. Азоб бар эшон дучанд мешавад,[чаро ки] онон на тавони шунидан [-и ҳақро] доштанд ва на [ҳақоиқро] медиданд
11:20
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»