Сура 11 Ҳуд, оят 48 – 50
-
قِيلَ يَا نُوحُ اهْبِطْ بِسَلَامٍ مِنَّا وَبَرَكَاتٍ عَلَيْكَ وَعَلَىٰ أُمَمٍ مِمَّنْ مَعَكَ ۚ وَأُمَمٌ سَنُمَتِّعُهُمْ ثُمَّ يَمَسُّهُمْ مِنَّا عَذَابٌ أَلِيمٌ
Гуфта шуд: «Эй Нуҳ, бо [амнияту] саломат аз ҷониби Мо ва [низ ҳамроҳ бо] баракатҳои [фаровон] бар ту ва бар гурӯҳҳое, ки ҳамроҳат ҳастанд, [бар замин] фуруд о ва гурӯҳҳое [низ] ҳастанд, ки ба зудӣ ононро [аз неъматҳо] баҳраманд месозем, сипас азоби дардноке аз сӯйи Мо ба онон хоҳад расид»
11:48 -
تِلْكَ مِنْ أَنْبَاءِ الْغَيْبِ نُوحِيهَا إِلَيْكَ ۖ مَا كُنْتَ تَعْلَمُهَا أَنْتَ وَلَا قَوْمُكَ مِنْ قَبْلِ هَٰذَا ۖ فَاصْبِرْ ۖ إِنَّ الْعَاقِبَةَ لِلْمُتَّقِينَ
[Эй паёмбар] Инҳо аз хабарҳои ғайб аст, ки онро ба ту ваҳй мекунем. На ту онҳоро пеш аз ин медонистӣ ва на қавмат, пас,[бар озорашон] шикебоӣ кун. Яқинан, оқибати [наку] аз они парҳезгорон аст
11:49 -
وَإِلَىٰ عَادٍ أَخَاهُمْ هُودًا ۚ قَالَ يَا قَوْمِ اعْبُدُوا اللَّهَ مَا لَكُمْ مِنْ إِلَٰهٍ غَيْرُهُ ۖ إِنْ أَنْتُمْ إِلَّا مُفْتَرُونَ
Ва ба сӯйи қавми Од бародарашон Ҳудро [фиристодем, ки] гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, ки маъбуд [-и барҳақ]-е ҷуз Ӯ надоред [ва] шумо [дар ширк ба Аллоҳ таоло] дурӯғбофоне беш нестед
11:50
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»