Сура 74 Ал-Муддассир (Муддассир)

  1. يَا أَيُّهَا الْمُدَّثِّرُ

    Эй ҷомабарсаркашида!

    74:1
  2. قُمْ فَأَنْذِرْ

    Бархез ва бим деҳ!

    74:2
  3. وَرَبَّكَ فَكَبِّرْ

    Ва Парвардигоратро бузург шумор!

    74:3
  4. وَثِيَابَكَ فَطَهِّرْ

    Ва ҷомаро покиза бидор!

    74:4
  5. وَالرُّجْزَ فَاهْجُرْ

    Ва аз палидӣ дурӣ кун!

    74:5
  6. وَلَا تَمْنُنْ تَسْتَكْثِرُ

    Барои ин базлу бахшиш макун, ки афзунталабӣ кунӣ

    74:6
  7. وَلِرَبِّكَ فَاصْبِرْ

    Ва барои [хушнудии] Парвардигорат шикебо бош

    74:7
  8. فَإِذَا نُقِرَ فِي النَّاقُورِ

    Пас, ҳангоме ки дар «сур» дамида шавад

    74:8
  9. فَذَٰلِكَ يَوْمَئِذٍ يَوْمٌ عَسِيرٌ

    Он рӯз рӯзи сахт [ва душворе] аст

    74:9
  10. عَلَى الْكَافِرِينَ غَيْرُ يَسِيرٍ

    Бар кофирон осон нест

    74:10
  11. ذَرْنِي وَمَنْ خَلَقْتُ وَحِيدًا

    [Эй Паёмбар] Маро бо касе, ки ӯро танҳо [ва бидуни амволу авлод] офаридаам, вогузор

    74:11
  12. وَجَعَلْتُ لَهُ مَالًا مَمْدُودًا

    [Ҳамон касе, ки] моли фаровоне барояш қарор додам

    74:12
  13. وَبَنِينَ شُهُودًا

    Ва фарзандоне, ки ҳамеша [дар хидмати ӯ ва] бо ӯ ҳастанд

    74:13
  14. وَمَهَّدْتُ لَهُ تَمْهِيدًا

    Ва ҳамаи васоил [ва имконоти] зиндагиро дар ихтиёраш қарор додам

    74:14
  15. ثُمَّ يَطْمَعُ أَنْ أَزِيدَ

    Боз [ҳам] тамаъ дорад, ки [бар он] биафзоям

    74:15
  16. كَلَّا ۖ إِنَّهُ كَانَ لِآيَاتِنَا عَنِيدًا

    Ҳаргиз [чунин нахоҳад шуд]! Бе гумон, ӯ нисбат ба оёти Мо душманӣ дорад

    74:16
  17. سَأُرْهِقُهُ صَعُودًا

    Ва ба зудӣ ӯро ба машаққату сахтӣ меандозам

    74:17
  18. إِنَّهُ فَكَّرَ وَقَدَّرَ

    Зеро ӯ [барои мубориза бо Қуръон] андешид ва муҳосиба кард

    74:18
  19. فَقُتِلَ كَيْفَ قَدَّرَ

    Пас, марг бар ӯ бод! Чи гуна андоза [ва муҳосиба] кард?

    74:19
  20. ثُمَّ قُتِلَ كَيْفَ قَدَّرَ

    Боз [ҳам] марг бар ӯ бод! Чи гуна андоза [ва муҳосиба] кард?

    74:20

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»