Сура 36 Ё Син
-
يس
Ё, син.
36:1 -
وَالْقُرْآنِ الْحَكِيمِ
Савганд ба Қуръони ҳаким
36:2 -
إِنَّكَ لَمِنَ الْمُرْسَلِينَ
Бе тардид, ту аз паёмбарон [-и Мо] ҳастӣ
36:3 -
عَلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ
[Ва] Бар роҳи рост [Ислом қарор дорӣ]
36:4 -
تَنْزِيلَ الْعَزِيزِ الرَّحِيمِ
[Ин Қуръон] Фуруфиристодаи [Парвардигори] шикастнопазири меҳрубон аст
36:5 -
لِتُنْذِرَ قَوْمًا مَا أُنْذِرَ آبَاؤُهُمْ فَهُمْ غَافِلُونَ
То мардумеро [дар бораи азоби қиёмат] бим диҳӣ, ки падаронашон ҳушдор наёфтаанд ва [бад-ин сабаб] онҳо низ ғофиланд
36:6 -
لَقَدْ حَقَّ الْقَوْلُ عَلَىٰ أَكْثَرِهِمْ فَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ
Яқинан, фармон [-и азоби илоҳӣ] бар бештарашон таҳаққуқ ёфтааст; пас, [лаҷоҷат мекунанд ва] имон намеоваранд
36:7 -
إِنَّا جَعَلْنَا فِي أَعْنَاقِهِمْ أَغْلَالًا فَهِيَ إِلَى الْأَذْقَانِ فَهُمْ مُقْمَحُونَ
[Мисоли гумроҳии кофирон, чунон аст, ки гӯӣ] Мо бар гарданҳояшон занҷирҳое ниҳодаем, ки то зери манаҳҳояшон [печидашуда] аст, чунонки сарҳояшон боло мондааст [ва аз анҷоми ҳар хайре оҷизанд ва роҳи ҳидоятро намеёбанд]
36:8 -
وَجَعَلْنَا مِنْ بَيْنِ أَيْدِيهِمْ سَدًّا وَمِنْ خَلْفِهِمْ سَدًّا فَأَغْشَيْنَاهُمْ فَهُمْ لَا يُبْصِرُونَ
Ва аз пеши рӯяшон деворе ва аз пушти сарашон низ деворе ниҳодаем ва чашмонашонро бо пардае пӯшонидаем; аз ин рӯст, ки [ҳақиқатро] намебинанд
36:9 -
وَسَوَاءٌ عَلَيْهِمْ أَأَنْذَرْتَهُمْ أَمْ لَمْ تُنْذِرْهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ
[Эй Паёмбар] барояшон яксон аст, ки ононро бим диҳӣ ё надиҳӣ; [дар ҳар ҳол] имон намеоваранд
36:10 -
إِنَّمَا تُنْذِرُ مَنِ اتَّبَعَ الذِّكْرَ وَخَشِيَ الرَّحْمَٰنَ بِالْغَيْبِ ۖ فَبَشِّرْهُ بِمَغْفِرَةٍ وَأَجْرٍ كَرِيمٍ
Ҷуз ин нест, ки ту ба касе бим медиҳӣ [ва ин кор барои касе суд дорад], ки пайрави Қуръон бошад ва дар ниҳон аз [Парвардигори] Раҳмон битарсад; пас, Ӯро [ки чунин аст] ба омурзиш ва подоши арҷманд башорат бидеҳ
36:11 -
إِنَّا نَحْنُ نُحْيِي الْمَوْتَىٰ وَنَكْتُبُ مَا قَدَّمُوا وَآثَارَهُمْ ۚ وَكُلَّ شَيْءٍ أَحْصَيْنَاهُ فِي إِمَامٍ مُبِينٍ
Яқинан, Моем, ки мурдагонро зинда мекунем ва он чиро, ки аз пеш фиристодаанд ва осори [боқимонда аз] эшонро менависем; ва ҳама чизро дар Китоби равшан [Лавҳ-ул-маҳфуз] ба шумор овардаем
36:12 -
وَاضْرِبْ لَهُمْ مَثَلًا أَصْحَابَ الْقَرْيَةِ إِذْ جَاءَهَا الْمُرْسَلُونَ
[Эй Паёмбар] барояшон [моҷарои] мардуми он шаҳрро мисол бизан, он гоҳ ки паёмбарон наздашон рафтанд
36:13 -
إِذْ أَرْسَلْنَا إِلَيْهِمُ اثْنَيْنِ فَكَذَّبُوهُمَا فَعَزَّزْنَا بِثَالِثٍ فَقَالُوا إِنَّا إِلَيْكُمْ مُرْسَلُونَ
Ва вақте ду нафар аз паёмбаронро ба сӯяшон фиристодем; аммо [мардум] ононро дурӯғгӯ ангоштанд; пас, бо фиристодани паёмбари савум он дуро [таъйид ва] тақвият кардем. Онон [ба аҳолии шаҳр] мегуфтанд: «Мо фиристодагон [-и илоҳӣ] ба сӯи шумо ҳастем»
36:14 -
قَالُوا مَا أَنْتُمْ إِلَّا بَشَرٌ مِثْلُنَا وَمَا أَنْزَلَ الرَّحْمَٰنُ مِنْ شَيْءٍ إِنْ أَنْتُمْ إِلَّا تَكْذِبُونَ
[Онон дар посух] гуфтанд: «Шумо ҷуз башаре ҳаммонанди мо нестед ва [Парвардигори] Раҳмон чизе [аз ваҳй] нозил накардааст. Шумо ҷуз дурӯғ намегӯед»
36:15 -
قَالُوا رَبُّنَا يَعْلَمُ إِنَّا إِلَيْكُمْ لَمُرْسَلُونَ
[Паёмбарон] гуфтанд: «Парвардигорамон медонад, ки қатъан, ба сӯйи шумо фиристода шудаем
36:16 -
وَمَا عَلَيْنَا إِلَّا الْبَلَاغُ الْمُبِينُ
Ва мо вазифае ҷуз расонидани ошкор [-и ваҳй] надорем»
36:17 -
قَالُوا إِنَّا تَطَيَّرْنَا بِكُمْ ۖ لَئِنْ لَمْ تَنْتَهُوا لَنَرْجُمَنَّكُمْ وَلَيَمَسَّنَّكُمْ مِنَّا عَذَابٌ أَلِيمٌ
[Мардум] Гуфтанд: «Мо шуморо ба фоли бад гирифтаем. Агар [аз таблиғ] даст барнадоред, ҳатман, сангсоратон мекунем ва бе тардид, азоби дардноке аз [ҷониби] мо ба шумо хоҳад расид»
36:18 -
قَالُوا طَائِرُكُمْ مَعَكُمْ ۚ أَئِنْ ذُكِّرْتُمْ ۚ بَلْ أَنْتُمْ قَوْمٌ مُسْرِفُونَ
[Паёмбарон] Гуфтанд: «Шумии шумо бо худатон [ва ношӣ аз куфру гуноҳ] аст. Оё агар пандатон диҳанд, [онро шум мепиндоред?] балки [ҳақиқат ин аст, ки шумо дар иртикоби гуноҳ] мардуми исрофкоред»
36:19 -
وَجَاءَ مِنْ أَقْصَى الْمَدِينَةِ رَجُلٌ يَسْعَىٰ قَالَ يَا قَوْمِ اتَّبِعُوا الْمُرْسَلِينَ
Ва марде аз дуртарин нуқтаи шаҳр шитобон омад [ва] гуфт: «Эй қавми ман, аз ин паёмбарон пайравӣ кунед»
36:20
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»