Сура 29 Ал-Анкабут (Тортанак)
-
الم
Алиф, лом, мим.
29:1 -
أَحَسِبَ النَّاسُ أَنْ يُتْرَكُوا أَنْ يَقُولُوا آمَنَّا وَهُمْ لَا يُفْتَنُونَ
Оё мардум пиндоштаанд, ҳамин ки [ба забон] бигӯянд: «Имон овардем», ононро [ба ҳоли худ] вомегузоранд ва озмуда намешаванд?
29:2 -
وَلَقَدْ فَتَنَّا الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ ۖ فَلَيَعْلَمَنَّ اللَّهُ الَّذِينَ صَدَقُوا وَلَيَعْلَمَنَّ الْكَاذِبِينَ
Ва ба ростӣ касонеро, ки пеш аз онон буданд, низ озмудем ва то Аллоҳ таоло касонеро, ки [дар бораи имонашон] рост гуфтаанд, бозшиносад ва дурӯғгӯёнро [низ] маълум гардонад
29:3 -
أَمْ حَسِبَ الَّذِينَ يَعْمَلُونَ السَّيِّئَاتِ أَنْ يَسْبِقُونَا ۚ سَاءَ مَا يَحْكُمُونَ
Оё касоне, ки корҳои ношоиста кардаанд, пиндоштаанд, ки метавонанд аз Мо пешӣ бигиранд [ва аз азобамон бигурезанд]? Чи бад доварӣ мекунанд!
29:4 -
مَنْ كَانَ يَرْجُو لِقَاءَ اللَّهِ فَإِنَّ أَجَلَ اللَّهِ لَآتٍ ۚ وَهُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ
Ҳар ки ба дидори Аллоҳ таоло умед дорад, [бидонад, ки] ваъдаи Аллоҳ таоло, ҳатман, хоҳад омад ва ӯ шунавову доност
29:5 -
وَمَنْ جَاهَدَ فَإِنَّمَا يُجَاهِدُ لِنَفْسِهِ ۚ إِنَّ اللَّهَ لَغَنِيٌّ عَنِ الْعَالَمِينَ
Ва ҳар ки [дар роҳи ҳақ] бикӯшад, ба суди хеш кӯшидааст. Бе тардид, Аллоҳ таоло аз ҷаҳониён бениёз аст
29:6 -
وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَنُكَفِّرَنَّ عَنْهُمْ سَيِّئَاتِهِمْ وَلَنَجْزِيَنَّهُمْ أَحْسَنَ الَّذِي كَانُوا يَعْمَلُونَ
Ва касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, яқинан гуноҳонашонро мезудоем ва ононро ба беҳтар аз он чи кардаанд, подош медиҳем
29:7 -
وَوَصَّيْنَا الْإِنْسَانَ بِوَالِدَيْهِ حُسْنًا ۖ وَإِنْ جَاهَدَاكَ لِتُشْرِكَ بِي مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ فَلَا تُطِعْهُمَا ۚ إِلَيَّ مَرْجِعُكُمْ فَأُنَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ
Ва ба инсон супориш кардем, ки ба падару модараш некӣ намояд ва [гуфтем]: «Агар он ду кӯшиданд, то чизеро, ки ту ба он донише надорӣ шарики Ман созӣ, пас, аз онҳо итоат макун. Бозгаштатон ба сӯи Ман аст, он гоҳ шуморо аз [ҳақиқати] он чи мекардед, огоҳ хоҳам кард
29:8 -
وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَنُدْخِلَنَّهُمْ فِي الصَّالِحِينَ
Ва касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, албатта, ононро дар [зумраи] шоистагон дармеоварем
29:9 -
وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَقُولُ آمَنَّا بِاللَّهِ فَإِذَا أُوذِيَ فِي اللَّهِ جَعَلَ فِتْنَةَ النَّاسِ كَعَذَابِ اللَّهِ وَلَئِنْ جَاءَ نَصْرٌ مِنْ رَبِّكَ لَيَقُولُنَّ إِنَّا كُنَّا مَعَكُمْ ۚ أَوَلَيْسَ اللَّهُ بِأَعْلَمَ بِمَا فِي صُدُورِ الْعَالَمِينَ
Ва бархе аз мардум ҳастанд, ки мегӯянд «ба Аллоҳ таоло имон овардем». Аммо ҳангоме ки дар роҳи Аллоҳ таоло озор мебинанд, озори кофиронро ҳамчун азоби Аллоҳ таоло [сахту ҷонкоҳ] медонанд [ва аз имонашон даст мекашанд] ва агар аз сӯйи Парвардигорат пирӯзӣ [ва кушоише бароятон] пеш ояд, мегӯянд: «Бе тардид, мо [низ] бо шумо ҳамроҳ будем». Оё Аллоҳ таоло ба он чи дар дилҳои ҷаҳониён аст, донотар нест?
29:10 -
وَلَيَعْلَمَنَّ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا وَلَيَعْلَمَنَّ الْمُنَافِقِينَ
Ва ба ростӣ, Аллоҳ таоло касонеро, ки имон овардаанд, ба хубӣ мешиносад ва яқинан, мунофиқонро [низ] мешиносад
29:11 -
وَقَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا لِلَّذِينَ آمَنُوا اتَّبِعُوا سَبِيلَنَا وَلْنَحْمِلْ خَطَايَاكُمْ وَمَا هُمْ بِحَامِلِينَ مِنْ خَطَايَاهُمْ مِنْ شَيْءٍ ۖ إِنَّهُمْ لَكَاذِبُونَ
Ва касоне, ки куфр варзиданд, ба касоне, ки имон оварданд, мегуфтанд: «Аз роҳи мо пайравӣ кунед, ва ҳатман, бори гуноҳонатонро ба уҳда мегирем», вале онон ҳаргиз чизе аз гуноҳони эшонро бар уҳда нахоҳанд гирифт. Ба ростӣ, ки онон дурӯғгӯ ҳастанд
29:12 -
وَلَيَحْمِلُنَّ أَثْقَالَهُمْ وَأَثْقَالًا مَعَ أَثْقَالِهِمْ ۖ وَلَيُسْأَلُنَّ يَوْمَ الْقِيَامَةِ عَمَّا كَانُوا يَفْتَرُونَ
Ва, ҳатман, бори сангини [гуноҳи] худ ва борҳои сангин [-и гуноҳи пайравон]-ашонро ҳамроҳи бори сангини худ ба дӯш хоҳанд кашид ва яқинан, рӯзи қиёмат дар мавриди дурӯғҳое, ки мебофтанд, бозхост хоҳанд шуд
29:13 -
وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوْمِهِ فَلَبِثَ فِيهِمْ أَلْفَ سَنَةٍ إِلَّا خَمْسِينَ عَامًا فَأَخَذَهُمُ الطُّوفَانُ وَهُمْ ظَالِمُونَ
Ва Мо Нуҳро ба сӯи қавмаш фиристодем ва ӯ нуҳсаду панҷоҳ сол дар миёни онон буд. Он гоҳ, дар ҳоле ки ситамгор [-у кофир] буданд, тӯфон [-и сангин] ононро фаро гирифт
29:14 -
فَأَنْجَيْنَاهُ وَأَصْحَابَ السَّفِينَةِ وَجَعَلْنَاهَا آيَةً لِلْعَالَمِينَ
Пас ӯ [Нуҳ] ва сарнишинони киштиро наҷот додем ва он [киштӣ]-ро нишонае барои [ибрат гирифтани] ҷаҳониён қарор додем
29:15 -
وَإِبْرَاهِيمَ إِذْ قَالَ لِقَوْمِهِ اعْبُدُوا اللَّهَ وَاتَّقُوهُ ۖ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ
Ва [ёд кун аз] Иброҳим он гоҳ ки ба қавмаш гуфт: «Аллоҳро бипарастед ва аз Ӯ парво кунед, [ки] агар бидонед, ин кор бароятон беҳтар аст
29:16 -
إِنَّمَا تَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ أَوْثَانًا وَتَخْلُقُونَ إِفْكًا ۚ إِنَّ الَّذِينَ تَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ لَا يَمْلِكُونَ لَكُمْ رِزْقًا فَابْتَغُوا عِنْدَ اللَّهِ الرِّزْقَ وَاعْبُدُوهُ وَاشْكُرُوا لَهُ ۖ إِلَيْهِ تُرْجَعُونَ
Ҷуз ин нест, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло шумо фақат бутҳое [аз сангу чӯб]-ро мепарастед ва [бо ин кор ба Аллоҳ таоло] дурӯғ мебандед. Дар ҳақиқат, касонеро, ки шумо ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед, ихтиёри рӯзиатонро надоранд, пас, [неъмату] рӯзиро танҳо аз пешгоҳи Аллоҳ таоло талаб кунед ва Ӯро бипарастед ва шукри Ӯро ба ҷо оваред [ки] ба сӯйи Ӯ бозгардонда мешавед
29:17 -
وَإِنْ تُكَذِّبُوا فَقَدْ كَذَّبَ أُمَمٌ مِنْ قَبْلِكُمْ ۖ وَمَا عَلَى الرَّسُولِ إِلَّا الْبَلَاغُ الْمُبِينُ
Ва [эй мушрикон] агар шумо [Муҳаммадро] дурӯғгӯ бидонед, [аҷиб нест] бе тардид, бархе аз умматҳои пеш аз шумо низ [паёмбарони илоҳиро] дурӯғгӯ ангоштанд. Ва паёмбар вазифае ҷуз расонидани ошкори [ваҳй] надорад»
29:18 -
أَوَلَمْ يَرَوْا كَيْفَ يُبْدِئُ اللَّهُ الْخَلْقَ ثُمَّ يُعِيدُهُ ۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرٌ
Оё надиданд, ки Аллоҳ таоло чи гуна офаринишро оғоз мекунад, сипас онро [пас аз маргаш] бозмегардонад? Ҳатман, ин кор барои Аллоҳ таоло осон аст
29:19 -
قُلْ سِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَانْظُرُوا كَيْفَ بَدَأَ الْخَلْقَ ۚ ثُمَّ اللَّهُ يُنْشِئُ النَّشْأَةَ الْآخِرَةَ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
[Эй Паёмбар, ба кофирон] бигӯ: «Дар замин гардиш кунед ва бингаред, ки Аллоҳ таоло чи гуна офаринишро оғоз кард, пас, [ба ҳамин сурат низ] зиндагии дигарро падид меоварад. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳар коре тавоност
29:20
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»