Сура 9 Ат-Тавба (Тавба), оят 90 – 99

  1. وَجَاءَ الْمُعَذِّرُونَ مِنَ الْأَعْرَابِ لِيُؤْذَنَ لَهُمْ وَقَعَدَ الَّذِينَ كَذَبُوا اللَّهَ وَرَسُولَهُ ۚ سَيُصِيبُ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ

    Ва узртарошони бодиянишин омаданд, то ба онон иҷозати [маофият аз ҷиҳод] дода шавад ва касоне, ки [дар иддаои имони худ] ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш дурӯғ мегуфтанд, [бидуни ҳеҷ узре ва иҷозате ба ҷойи ҷиҳод] хонанишин бошанд. Ба зудӣ ба касоне аз онон, ки куфр варзиданд, азоби дарднок хоҳад расид

    9:90
  2. لَيْسَ عَلَى الضُّعَفَاءِ وَلَا عَلَى الْمَرْضَىٰ وَلَا عَلَى الَّذِينَ لَا يَجِدُونَ مَا يُنْفِقُونَ حَرَجٌ إِذَا نَصَحُوا لِلَّهِ وَرَسُولِهِ ۚ مَا عَلَى الْمُحْسِنِينَ مِنْ سَبِيلٍ ۚ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ

    Бар нотавонон [занон ва кӯдакон] ва беморон ва бар касоне, ки чизе намеёбанд, [то дар роҳи ҷиҳод] харҷ кунанд, агар барои Аллоҳ таоло ва Паёмбараш хайрхоҳӣ кунанд, гуноҳе нест [ки дар ҷиҳод ширкат накунанд]. Бар накукорон [-и эшон низ] ҳеҷ роҳе [барои сарзаниш ва муҷозот] нест ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

    9:91
  3. وَلَا عَلَى الَّذِينَ إِذَا مَا أَتَوْكَ لِتَحْمِلَهُمْ قُلْتَ لَا أَجِدُ مَا أَحْمِلُكُمْ عَلَيْهِ تَوَلَّوْا وَأَعْيُنُهُمْ تَفِيضُ مِنَ الدَّمْعِ حَزَنًا أَلَّا يَجِدُوا مَا يُنْفِقُونَ

    Ва [ҳамчунин] гуноҳе нест бар касоне, ки чун наздат омаданд, то [барои рафтан ба ҷиҳод бар чаҳорпое] саворашон кунӣ, [ба онон] гуфтӣ: «Чизе пайдо намекунам, ки шуморо бар он биншонам». Онон бозгаштанд, дар ҳоле ки чашмонашон аз ин андуҳ ашкбор буд, ки чизе намеёбанд, то [дар роҳи ҷиҳод] харҷ кунанд

    9:92
  4. إِنَّمَا السَّبِيلُ عَلَى الَّذِينَ يَسْتَأْذِنُونَكَ وَهُمْ أَغْنِيَاءُ ۚ رَضُوا بِأَنْ يَكُونُوا مَعَ الْخَوَالِفِ وَطَبَعَ اللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ فَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ

    Роҳ [-и сарзанишу муҷозот] танҳо барои касоне [кушода] аст, ки бо онки тавонгар [ва имкони ҷиҳод доранд], аз ту иҷозат мехоҳанд [ки дар ҷиҳод ширкат накунанд]. Онон ба ин ризоят доданд, ки бо хонанишинон бошанд ва Аллоҳ таоло бар дилҳояшон муҳр [-и нифоқ] задааст, пас, [хайру салоҳи хешро] дарнамеёбанд

    9:93
  5. يَعْتَذِرُونَ إِلَيْكُمْ إِذَا رَجَعْتُمْ إِلَيْهِمْ ۚ قُلْ لَا تَعْتَذِرُوا لَنْ نُؤْمِنَ لَكُمْ قَدْ نَبَّأَنَا اللَّهُ مِنْ أَخْبَارِكُمْ ۚ وَسَيَرَى اللَّهُ عَمَلَكُمْ وَرَسُولُهُ ثُمَّ تُرَدُّونَ إِلَىٰ عَالِمِ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ فَيُنَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ

    Вақте [аз ғазваи Табук] ба сӯяшон баргардед, бароятон узр меоваранд. [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Узр наёваред, мо ҳаргиз [сухани] шуморо бовар намекунем. Дар ҳақиқат, Аллоҳ таоло моро аз ахбори шумо огоҳ кардааст ва ба зудӣ Аллоҳ таоло ва Паёмбараш рафторатонро хоҳанд дид [ки оё тавба мекунед ё бар нифоқ мемонед]. Он гоҳ ба сӯйи [Аллоҳ таолои] донои пинҳон ва ошкор бозгардонда мешавед ва Ӯ шуморо аз ончи мекардед, огоҳ мекунад»

    9:94
  6. سَيَحْلِفُونَ بِاللَّهِ لَكُمْ إِذَا انْقَلَبْتُمْ إِلَيْهِمْ لِتُعْرِضُوا عَنْهُمْ ۖ فَأَعْرِضُوا عَنْهُمْ ۖ إِنَّهُمْ رِجْسٌ ۖ وَمَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ جَزَاءً بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ

    [Эй муъминон, пас аз ҷанг] вақте ба сӯйи онон [ мунофиқон] бозгардед, бароятон ба Аллоҳ таоло савганд ёд мекунанд, то аз [гуноҳи] онон чашмпӯшӣ кунед. Пас, аз эшон рӯ бигардонед, [чаро ки] бе тардид, онон палиданд ва ба [сазои] ончи мекарданд, ҷойгоҳашон дузах аст

    9:95
  7. يَحْلِفُونَ لَكُمْ لِتَرْضَوْا عَنْهُمْ ۖ فَإِنْ تَرْضَوْا عَنْهُمْ فَإِنَّ اللَّهَ لَا يَرْضَىٰ عَنِ الْقَوْمِ الْفَاسِقِينَ

    Бароятон савганд ёд мекунанд, то аз онон хушнуд шавед, [ҳатто] агар шумо аз он розӣ шавед, Аллоҳ таоло ҳаргиз аз гурӯҳи нофармон розӣ намегардад

    9:96
  8. الْأَعْرَابُ أَشَدُّ كُفْرًا وَنِفَاقًا وَأَجْدَرُ أَلَّا يَعْلَمُوا حُدُودَ مَا أَنْزَلَ اللَّهُ عَلَىٰ رَسُولِهِ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ

    Куфру нифоқи аъроб [-и бодиянишин аз дигарон] шадидтар аст ва сазовортаранд, ки ҳудуди ончиро, ки Аллоҳ таоло бар Паёмбараш нозил кардааст, надонанд. Ва Аллоҳ таоло донову ҳаким аст

    9:97
  9. وَمِنَ الْأَعْرَابِ مَنْ يَتَّخِذُ مَا يُنْفِقُ مَغْرَمًا وَيَتَرَبَّصُ بِكُمُ الدَّوَائِرَ ۚ عَلَيْهِمْ دَائِرَةُ السَّوْءِ ۗ وَاللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

    Ва бархе аз аъроб [-и бодиянишин] ҳастанд, ки ончиро [дар роҳи Аллоҳ таоло] харҷ мекунанд, хасорате [барои худ] медонанд ва бароятон интизори пешомадҳои бад доранд [то аз шумо раҳоӣ ёбанд]. Пешомади бад барои онон хоҳад буд ва Аллоҳ таоло шунавову доност

    9:98
  10. وَمِنَ الْأَعْرَابِ مَنْ يُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَيَتَّخِذُ مَا يُنْفِقُ قُرُبَاتٍ عِنْدَ اللَّهِ وَصَلَوَاتِ الرَّسُولِ ۚ أَلَا إِنَّهَا قُرْبَةٌ لَهُمْ ۚ سَيُدْخِلُهُمُ اللَّهُ فِي رَحْمَتِهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ

    Ва бархе аз аъроб [-и бодиянишин] ҳастанд, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи вопасин имон доранд ва ончиро, ки инфоқ мекунанд, боиси наздикӣ ба Аллоҳ таоло ва дуоҳои Паёмбар [дар ҳаққи хеш] медонанд. Огоҳ бошед! [Ин инфоқ] Мояи наздикии онҳост. Аллоҳ таоло [дар қиёмат] ононро дар ҷивори раҳмати хеш дархоҳад овард. Бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

    9:99

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»