Сура 9 Ат-Тавба (Тавба), оят 87 – 93
-
رَضُوا بِأَنْ يَكُونُوا مَعَ الْخَوَالِفِ وَطُبِعَ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ فَهُمْ لَا يَفْقَهُونَ
Онон розӣ шуданд, ки бо хонанишинон бошанд ва бар дилҳояшон муҳр [-и нифоқ] ниҳода шудааст. Пас, [хайру салоҳи хешро] дарнамеёбанд
9:87 -
لَٰكِنِ الرَّسُولُ وَالَّذِينَ آمَنُوا مَعَهُ جَاهَدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ ۚ وَأُولَٰئِكَ لَهُمُ الْخَيْرَاتُ ۖ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ
Аммо Паёмбар ва касоне, ки бо ӯ имон овардаанд, бо амволу ҷонҳои худ [дар роҳи Аллоҳ таоло] ҷиҳод карданд. Ононанд, ки ҳамаи некиҳо барои эшон аст ва ононанд ки растагоранд
9:88 -
أَعَدَّ اللَّهُ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا ۚ ذَٰلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ
Аллоҳ таоло бар эшон боғҳое [аз биҳишт] муҳайё кардааст, ки ҷуйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст [ва] ҷовидона дар он мемонанд. Ин [ҳамон растагорӣ ва] комёбии бузург аст
9:89 -
وَجَاءَ الْمُعَذِّرُونَ مِنَ الْأَعْرَابِ لِيُؤْذَنَ لَهُمْ وَقَعَدَ الَّذِينَ كَذَبُوا اللَّهَ وَرَسُولَهُ ۚ سَيُصِيبُ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Ва узртарошони бодиянишин омаданд, то ба онон иҷозати [маофият аз ҷиҳод] дода шавад ва касоне, ки [дар иддаои имони худ] ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш дурӯғ мегуфтанд, [бидуни ҳеҷ узре ва иҷозате ба ҷойи ҷиҳод] хонанишин бошанд. Ба зудӣ ба касоне аз онон, ки куфр варзиданд, азоби дарднок хоҳад расид
9:90 -
لَيْسَ عَلَى الضُّعَفَاءِ وَلَا عَلَى الْمَرْضَىٰ وَلَا عَلَى الَّذِينَ لَا يَجِدُونَ مَا يُنْفِقُونَ حَرَجٌ إِذَا نَصَحُوا لِلَّهِ وَرَسُولِهِ ۚ مَا عَلَى الْمُحْسِنِينَ مِنْ سَبِيلٍ ۚ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ
Бар нотавонон [занон ва кӯдакон] ва беморон ва бар касоне, ки чизе намеёбанд, [то дар роҳи ҷиҳод] харҷ кунанд, агар барои Аллоҳ таоло ва Паёмбараш хайрхоҳӣ кунанд, гуноҳе нест [ки дар ҷиҳод ширкат накунанд]. Бар накукорон [-и эшон низ] ҳеҷ роҳе [барои сарзаниш ва муҷозот] нест ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
9:91 -
وَلَا عَلَى الَّذِينَ إِذَا مَا أَتَوْكَ لِتَحْمِلَهُمْ قُلْتَ لَا أَجِدُ مَا أَحْمِلُكُمْ عَلَيْهِ تَوَلَّوْا وَأَعْيُنُهُمْ تَفِيضُ مِنَ الدَّمْعِ حَزَنًا أَلَّا يَجِدُوا مَا يُنْفِقُونَ
Ва [ҳамчунин] гуноҳе нест бар касоне, ки чун наздат омаданд, то [барои рафтан ба ҷиҳод бар чаҳорпое] саворашон кунӣ, [ба онон] гуфтӣ: «Чизе пайдо намекунам, ки шуморо бар он биншонам». Онон бозгаштанд, дар ҳоле ки чашмонашон аз ин андуҳ ашкбор буд, ки чизе намеёбанд, то [дар роҳи ҷиҳод] харҷ кунанд
9:92 -
إِنَّمَا السَّبِيلُ عَلَى الَّذِينَ يَسْتَأْذِنُونَكَ وَهُمْ أَغْنِيَاءُ ۚ رَضُوا بِأَنْ يَكُونُوا مَعَ الْخَوَالِفِ وَطَبَعَ اللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ فَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ
Роҳ [-и сарзанишу муҷозот] танҳо барои касоне [кушода] аст, ки бо онки тавонгар [ва имкони ҷиҳод доранд], аз ту иҷозат мехоҳанд [ки дар ҷиҳод ширкат накунанд]. Онон ба ин ризоят доданд, ки бо хонанишинон бошанд ва Аллоҳ таоло бар дилҳояшон муҳр [-и нифоқ] задааст, пас, [хайру салоҳи хешро] дарнамеёбанд
9:93
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»